БО ЯК КИТОБ БА АБАДИЯТ ПАЙВАСТ

Адиби машҳури Амрико Маргарет Митчелл (1900-1949) ҳамагӣ як асар – «Бодбурда» (русиаш «Унесённые ветром») навишта, ному насаби хешро ҷовидон гардонд.

Зеро бино ба эътирофи бостоншиносон дар ин романи ишқӣ таърихи пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо далелу санадҳои раднопазир акси худро ёфтааст.

Шояд аз ҳамин сабаб асар ба китобҳои дарсӣ дохил шуд ва дар асоси он филмҳои бадеии бисёрқисмата таҳия гардид.

Аммо таърихи навишта шудани романи мазкур мароқангез аст.

Маргарет Митчелл ба дарди по гирифтор шуда, ноилоҷ бистарӣ мегардад. Барои дилгир нашудан, бо мутолиаи асарҳои бадеӣ банд мешавад. Шавҳараш Ҷон Марш қариб ҳар рӯз як китоби нав меовард ва ӯ кунҷковона ва бо шавқ мутолиа намуда, ба ҳамсараш камбудиҳояшонро мегуфт. Ин аҳвол бисёр такрор ёфта буд, ки чунин рафтору гуфтори ҳамсараш ба дили ӯ зад.

– Азизам Маргарет, – ниҳоят гуфт вай, – агар ба ту асарҳои нависандагон писанд наояд, ба худат маъқулашро навис!

Рӯзи дигар шавҳараш бо китоб дастгоҳи чопӣ (машинка) низ оварда, нимҷиддию нимшухӣ луқма партофт:

– Барори кори эҷодӣ таманно дорам!

Маргарет Митчелл, ғайричашмдошт, ба навис-навис пардохт. Аммо ҳамин, ки ёру дӯстон, хешу пайвандон ба аёдаташ меомаданд, дастнависи хешро зери болин ё қолин пинҳон мекард.

Гарчанде соли 1929 сиҳату саломат ба по хест, вале дастхатҳо боз чанд сол аз назари дигарон пинҳон монданд.

Ниҳоят соли 1936 китоб бо номи «Пагоҳ – рӯзи дигар» рӯйи чопро дид ва ба асари безаволи хонданибоб табдил ёфт.

Муаллиф ба асари калонҳаҷм (беш аз ҳазор саҳифа) бо назари танқидӣ нигариста, санадҳои таърихӣ, воқеаҳои ҳаётиро дақиқ омӯхта илова намуд. Номи китобро тағйир дод, бино ба як сатр шеъри Эрнест Даусон онро «Бодбурда» номид.

Таҳиягар Виктор Флелинг аз рӯйи асар филми бадеӣ бардошт, ки қаҳрамони асосии он хонум Скарлет О’Хара мебошад.

Боиси ифтихору хушнудист, ки китоб танҳо дар Амрико 80 маротиба бо миллионҳо нусха нашр ва ба 37 забони дунё тарҷума гардид.

Филми он дар озмуни Оскар 8 маротиба ҷоиза гирифт. Аз ҳама аҷибаш, соҳибхоназан ба нависандаи барҷаста табдил ёфт, ки вай ба чунин шуҳратёр гардидан тайёр набуд. Шояд сабаб ин буд, ки аз мусоҳиба бо мухбирон ва иштирок дар рӯнамоии китоб канораҷуӣ мекард. Аксарият ӯро роҳиб, чилланишин гумон мекарданд. Ҳатто баъзе мегуфтанд, ки китобро шавҳараш Ҷон Марш навиштааст, вай рӯзномаи модаркалонашро бо баъзе тағйироти бадеӣ дигар карда, ба дасти чоп додааст.

Аммо чаро ӯ дигар чизе нанавишт? Ин суол беҷавоб монд.

Афсӯс, ки августи соли 1949 шабона, ҳангоми бозгашт аз кинотеатр, дар натиҷаи беэътибории ронандаи маст, садама рух дод ва ӯ баъди панҷ рӯз ба Ҳақ пайваст.

Шавҳараш Ҷон Марш соли 1952 вафот кард ва ӯро дар қабристони Окленди штати Ҷорҷия дар шафати ҳамсараш ба хок супурданд.

Таҳияи З. Ҳасанзода.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: