МУҲАҚҚИҚИ ВАРЗИДАИ АДАБИЁТИ ФОРСУ ТОҶИК

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Муслиҳиддин Муҳиддинов, ки ҳамчун олими соҳибистеъдод солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба майдони пажӯҳиш ворид гардидаанд, ба таҳқиқи масоили адабиёти классикии форс-тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда меоянд.

Солҳои охир дар кишвари маҳбубамон Ӯзбекистон ба шарофати сиёсати маънавиятбунёди Президент, муҳтарам Шавкат Мирзиёев илму маориф рӯ ба пешрафт оварда, олимон ба дастовардҳои шоистаи назаррас ноил гардида истодаанд. Бахусус, илми адабиётшиносӣ дар заминаи пайвандҳои адабии адабиёти халқҳои дӯст ва бародари тоҷику ӯзбек рӯ ба ривоҷ оварда истодааст.

Яке аз самтҳои муҳими адабиётшиносӣ дар кишвари азизамон таҳқиқи масъалаҳои марбут ба вижагиҳои мавзӯиву ҳунарии адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Муслиҳиддин Муҳиддинов, ки ҳамчун олими соҳибистеъдод солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба майдони пажӯҳиш ворид гардидаанд, ба таҳқиқи масоили адабиёти классикии форс-тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда меоянд. Ошноӣ ба корномаи илмии устод ин нуктаро равшан месозад, ки аввалин таҳқиқоти эшон ҳанӯз соли 1972 дар робита ба таҳаввули хати сужаи достони романтикии «Баҳром ва Дилором», ки гунаи дигари он бо номи «Баҳром ва Гуландом» низ маъруфият дорад, оғоз шудааст.  Маълум аст, ки ин достон сарчашма дар адабиёти куҳани форсӣ дорад ва баъдан дар заминаи он дар адабиёти ӯзбек достонҳои манзуме ҳам шакл гирифтаанд, ки дар таҳқиқоти устод хеле муфассал баён гардидааст.

Дар идомаи роҳи таҳқиқотии хеш ин донишманди мумтоз тавонистанд, ки як самти муҳими баррасиҳои илмиашонро ба пажӯҳиши ҷойгоҳи инсони комил дар адабиёти Шарқ ихтисос диҳанд, ки адабиёти форс-тоҷик дар он нақши меҳварӣ дорад. Маҷмӯи таҳқиқоти дар ин арса анҷомдодаи хешро дар соли 2005 дар монографияи муҳташаме ҷамъбаст намудаанд, ки бо номи «Ғояи инсони комил дар адабиёт» (ба забони ӯзбекӣ) ба чоп расидааст. Ҳарчанд ин асар ба сурати муфассал ҷаҳоншиносии суханварони гузаштаро дар бораи инсони комил фаро мегирад, вале ба назар мерасад, ки соли 2010 китоби «Талқини ғояи инсони комил дар адабиёти форс-тоҷик» (ба забони ӯзбекӣ) ба чоп расидааст, ки дар он асосан ин мавзӯъ дар заминаи адабиёти гузаштаи форс-тоҷик баррасӣ мешавад. Аҳамият ва муҳиммияти таҳқиқи ин мавзӯъ дар таҳқиқоти ин донишманди мумтоз аз ҷониби муҳаққиқони хориҷӣ эътироф гардид, ки дар натиҷа солҳои 2021 ва 2022 ду китоби устод бо унвонҳои «Консепсияи инсони комил дар достонҳои аввалини «Хамса» ва «Ҳамосаи Алишер Навоӣ «Сабъаи сайёр»: анъана ва хусусияти беназир» бо забони англисӣ дар Олмон ба чоп расидаанд. Дар канори ин чанд таҳқиқоти дигари устод дар Туркия низ интишор ёфтаанд.

Дар умум, ба қалами устод Муҳиддинов зиёда аз 30 асари монографӣ ва дарсӣ, наздик ба чаҳорсад мақолаи илмӣ тааллуқ мегирад, ки дар бештари онҳо масоили марбут ба адабиёти форс-тоҷик ҷойгоҳи хоса доранд. Вобаста ба ин, пажӯҳишҳои ба адабиёти форс-тоҷик пайванддоштаи устодро метавон аз чанд самт баррасӣ намуд:

Таҳқиқоте, ки дар меҳвари онҳо адабиёти форс-тоҷик қарор мегирад, намунаи онро дар мисоли таҳқиқи ғояи инсони комил зикр намудем.

Таҳқиқи сарчашмаҳои форсӣ-тоҷикии адабиёти ӯзбек, ки намунаи он ҳам пажӯҳиши марбут ба достони «Баҳром ва Гуландом» ба шумор меравад.

Таҳқиқи масъалаи татбиқии адабиёти форс-тоҷик ва ӯзбек.

Таҳқиқи анъанаи хамсанависӣ ва дар асоси омӯзиши компаративистикии аввалин достонҳои Низомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ ва Навоӣ симои Пайғамбар с.а.в. ҳамчун симои инсони комил баррасӣ гардида, ҳамду наъти Расули Акрам дар асарҳои ҳамгуна ба тариқи муқоисавӣ омӯхта шудааст.

Ба таври умум, метавон гуфт, ки чандин мақолаи илмии устод Муслиҳиддин Муҳиддинов дар бораи намояндагони барҷастаи адабиёти классикии форс-тоҷик, аз ҷумла Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрав ва дигарон ба нашр расидааст, ки дар меҳвари онҳо масъалаи ғояи инсони комил қарор дорад. Дар канори ин, чун яке аз самтҳои бисёр муҳими пажӯҳишҳои устод идомаи анъанаи хамсасароӣ дар адабиёти ӯзбек, бахусус адабиёти аҳди темурӣ ба шумор меравад, мушоҳида мешавад, ки дар ҷараёни таҳқиқи татбиқии масъала хамсаҳои ба ӯзбекӣ сароидашуда, хоса «Хамса»-и Амир Алишери Навоӣ бо чунин осори Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрав баррасии муқоисавӣ шудаанд. Аз ҷумла, яке аз мақолаҳои устод ба мавзӯи муқоисаи афкори ахлоқии Амир Хусрав ва Амир Алишери Навоӣ дар бораи сабр ва қаноат бахшида шудааст, ки хеле муҳим ба шумор меравад.

Дар ҷараёни таҳқиқи достонҳои «Баҳром ва Дилором» ва «Баҳром ва Гуландом» низ мушоҳида мекунем, ки устод сарчашмаҳои форсии ин достонро дар насри ривоятӣ муқаррар карда, аносири онро дар адабиёти ӯзбек муқоиса намудаанд. Ҳатто аз чунин тадқиқоти устод зери унвони «Қиссаи Шаҳзода Баҳром ва Маликаи Гуландом Сидқий Хондайлиқий таржимасида» ба тарҷумаи ин асар аз форсӣ ба ӯзбекӣ бахшида шудааст. Таҳаввули сужаи ин достон, яъне достони марбут ба Баҳроми Гӯр дар адабиёти Шарқ низ аз ҷониби устоди донишманди адабиёт Муҳиддинов ба сурати алоҳида таҳқиқ шудааст.

Бахши муҳими таҳқиқоти адабиётшиноси варзида пажӯҳиши масъалаҳои адабиёти муосири ӯзбек, робитаҳои адабӣ ва амсоли ин ба вуҷуд овардааст. Дар масъалаи вижагиҳои муҳими осори Ғафур Ғулом як рисолаи арзишманде зери унвони «Ғафур Ғуломнинг поэтик маҳорати» ва чандин мақолаи илмӣ ба чоп расонидаанд. Дар канори ин, силсилаи мақолаҳои устод ба таҳқиқи хидматҳои илмии олимони машҳури ӯзбек, аз ҷумла, Воҳид Абдуллоев, Ғулом Каримов, Иззат Султон, Ботир Валихоҷаев ва дигарон иншо гардидаад.

Муслиҳиддин Муҳиддинов дар баробари таҳқиқ дар тасҳеҳу нашр ва таҳрири матнҳои осори манзум ва мансури адабиёти ӯзбек саҳми арзанда доранд. Бахусус, пажӯҳишҳои эшон роҷеъ ба тарҷумаҳои ӯзбекии осори Низомӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ ҳам барои адабиётшиносии тоҷик ва ҳам ӯзбек арзиш ва аҳамияти муҳимро соҳибанд.

Устод дар тарбияи шогирдон ҳам саҳми бузург доранд. То кунун зери раҳнамоии эшон 12 нафар рисолаи номзадӣ ва доктории PhD ва 5 нафар рисолаи докторӣ дифоъ гардидаанд, ки бештари мавзӯи ин пажӯҳишҳо низ ба баррасии масоили адабиёти татбиқии тоҷикиву ӯзбекӣ бахшида шудаанд.

Дар баробари чунин фаъолияти назарраси илмӣ устод Муслиҳиддин Муҳиддинов ҳамчун ходими давлативу ҷамъиятӣ дар пешрафти ҳаёти илмиву маърифатии шаҳри Самарқанд саҳми арзанда доранд. Бахусус, ҳамчун муовини ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар бахши маърифат ва маънавият ҷиҳати такмили ахлоқу афкори ҷавонон саҳми арзанда гузошта, дар ин ҷода низ чандин асар ва дастурҳо ба қалам овардаанд.

Дар баробари ин, ҳамчун раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои илмии назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ ҷиҳати тарбияи олимони ҷавон дар ҷодаи таҳқиқи масоили мубрами адабиёти тоҷик ва ӯзбек саҳми шоён доранд. Дар ин шӯро ба дифоъ расидани рисолаҳое роҷеъ ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Сайфии Бухороӣ, Мутрибии Самарқандӣ ва дигарон низ ба хидматҳои шоистаи устод дар риштаи таҳқиқи масоили марбут ба адабиёти форсу тоҷик ва тарғиби ғояву афкори судманди суханварони ин адабиёти оламшумул таъкид меварзад.

Хидматҳои бисёрсола ва садоқатмандонаи устод Муслиҳиддин Муҳиддинов аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон муносиб тақдир шуда истодааст. Аз ҷумла, сазовори унвони «Ӯзбекистон Республикасида хизмат кӯрсатган ёшлар мураббийси», ордени «Эл-юрт ҳурмати» ва амсоли ин гуна эътирофҳо гардидаанд.

Ногуфта намонад, ки барои ноил гардидан ба чунин як камолоти илмӣ ва шахсияти бузург ҷойгаҳи падари ин марди бузург шодравон эшони Қутбиддинхон беандоза аст. Эшони Қутбиддинхон донишманди воқеан бузург буданд, ки баҳри рушди забон ва адабиёти ҳам ӯзбек ва ҳам тоҷик саҳмгиранд. Ин марди асил барои мураттаб гардидани луғати дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» саҳми мондагор гузоштаанд. Маҳсули илмиву эҷодии Қутбиддинхон ба эҳтироми аҳли илми ду кишвар – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Дар ин рӯзҳои мубораку фархунда ва хуҷаста, ки устод Муслиҳиддин Муҳиддинов ба синни мубораки 80 қадам мегузоранд, пеш аз ҳама таманнои тандурустии устодро менамоем, ки минбаъд низ чун ҳодиву раҳнамои аҳли адаб, бахусус адабпажӯҳишон дар хидмат бошанд.

Ҷумъа Ҳамроҳ,

доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: