Аз ба дунё омадани Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ беш аз ёздаҳ сада гузаштааст. Ӯ 83 сол умр дид ва тавонист бо сухани мондагораш номашро ҷовидонӣ гардонад. Мо аз сухани ҷовидон сабзи ӯ набзашро эҳсос мекунем, пас ӯ байни мардуми мо зиндаву ҷовид аст.
Пайдост, ки бештари осори Рӯдакӣ то замони мо омада нарасидаанд, лекин ҳамон ашъори ками то ба мо расида, басо зебову дилнишин буда, бо забони содаи тоҷикӣ суруда шудаанд. Масалан, байти машҳури ӯро бигирем, ки ин аст:
Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ин байтро ҳамаи форсизабонон мефаҳманд, ба дигар забонҳо низ тарҷума шудааст. Ашъори Рӯдакӣ, дар баробари осонфаҳм буданашон, пурмаъно ҳастанд. Аз ҳар байти шоир маънои латиферо дарёфтан мумкин аст. Ин ҷо чанд байти Устод Рудакиро бо шарҳи мухтасар пешкаши шумо гардонданием:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
***
«То ҷаҳон буд аз сари Одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.»
Аз замони Одам (дуруд ба ӯ) — инсони нахустин дар рӯйи Замин то ба рӯзе, ки ҷаҳон вуҷуд дорад, бани башар аз дониш бениёз набуд. Инсон аз ҷисму рӯҳ ташкил ёфтааст. Он гуна, ки ҷисм муҳтоҷ ба обу ғизост, рӯҳ низ ба дониш ба он андоза эҳтиёҷ дорад.
«Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.»
Мардумони бохирад (боақл) дар ҳар давру замон донишро ба ҳар гуна забон:
«Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.»
Яъне, ҷамъоварӣ намуда, барои аз ёдҳо нарафтан, ба рӯйи сангҳо навиштанд. Ва ба ин васила ғизои маънавӣ аз насл ба насл интиқол дода шуд.
«Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.»
Дониш чун чароғ аст, ки ба дили инсон равшанӣ медиҳад, яъне агар дониш набошад, дили кас зулматсаро мегардад. Дониш мисли ҷавшан (зиреҳ – либоси ҷангии қадима, ки аз пораҳои оҳан ба ҳам омадааст ва сабаби нигоҳ доштани инсон аз бадиҳост).
Ашъори панду насиҳатии Рӯдакӣ кам нест. Дар ин ҷо бо овардани як мисол қаноат ҳосил намудем. Пандҳои Одамушшуаро ганҷинаи бебаҳоро мемонанд, ки калиди ин ганҷина мутолиа аст.
Фаридун Аслонов,
донишҷӯйи курси чаҳоруми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ.