РАИСИ МАҲАЛЛА БОЗ БА ВАЗИФА ИНТИХОБ ШУД

Дар саросари ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ҷумҳурӣ раванди муҳими сиёсӣ – интихоботи раиси маҳаллаҳо давом дорад.

Дар раванди интихобот шаҳрвандон фаъол иштирок намуда, мувофиқи талаботи Қонун «Дар бораи интихоботи раиси ҷамоати шаҳрвандон» роҳбарони худашонро озод интихоб мекунанд. Фаъолони маҳаллаҳо, аъзоёни комиссияҳои интихобот шаффоф ва озод гузаштани чорабинии сиёсиро ба назорати худ гирифтаанд.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон низ то ҳол дар 8 ҳудуд интихоботи раисони маҳалла баргузор гардид.

Ёртепа яке аз фаъолтарин ва ободтарин маҳаллаҳо ба шумор меравад. Ҳалима Абдураҳмонова 8 сол инҷониб ба ин маҳалла сарварӣ мекунад. Сокинони маҳалла аз фаъолияти раис розӣ ҳастанду ӯро эҳтиром мекунанд. Бинобар ин, бо як овоз ӯро раиси маҳалла интихоб намуданд.

Дар маҳаллаи Даштбоғи шаҳри Намангон низ интихобот баргузор гардид ва Раҳматулло Ҷабборов, ки дар амал ҳамчун раис фаъолият мебарад, боз ба муддати 5 сол интихоб шуд.

Дар шаҳри Намангон дар 62 маҳалла то 24 май интихобот баргузор мегардад ва аз 186 нафар номзаде, ки ба рӯйхат гирифта шуданд муносибҳо интихоб мешаванд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: