ЗАБОНИ МОДАРӢ ФАННИ ИХТИЁРӢ НЕСТ!

Бо оғози моҳи май, яъне моҳи охирини соли хониш тайёрӣ ба имтиҳонҳо низ сар мешавад. Алалхусус, хатмкунандагони синфҳои 9-11, ки дар дил садҳо орзӯ доранд, бештар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Имсол низ омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ бо умед ин моҳро интизор буданд ва бесаброна номгӯи имтиҳонҳоро, ки аз тарафи идораҳои болоӣ пешкаш карда мешавад, майли дидан доштанд. Номгӯи имтиҳонҳоро диданду "тарбуз аз бағалашон" афтид. Аз он дар ҳайрат буданд, ки солҳои сол хатмкунандагони синфи 9-ум аз забон ва адабиёти тоҷик имтиҳон месупурданду  имсол не. Оё ҳамин хел ҳам мешавад? Ин як навъ беэътиборӣ нисбат ба забони модарӣ нест? Хонанда 11 сол мактаб мехонаду фақат дар синфи 11-ум аз забони модарии худ имтиҳон месупорад. Солҳои охир соатҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик кам карда шуданд, яъне аз синфи 7 то 11 фақат як соат забони модарӣ меомӯзанд. Бардоштани имтиҳон "болои сӯхта намакоб" шуд. Маълум аст, ки дар мактабҳои таълимашон ба забони давлатӣ дар синфи 9-ум имтиҳон аз забони модарӣ гузошта шудааст.

Забони модарӣ на ҳамчун фанни ихтиёрӣ бояд бошад. Имрӯзҳо ҳама аз дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек бо шодӣ сухан мегӯянду шукр мекунанд. Робитаҳои дуҷонибаи ин ду халқ гувоҳи гуфтаҳои болоанд. Пас дар соҳаи таълим низ аз ин ҳамкориҳо умед дорем.

Сулаймон Содиқ,

омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: