«ОРДИ ҚИПЧОҚ» ЭКСПОРТ МЕШАВАД

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Nukus Dilisha», ки дар ҳудуди ҷамъияти шаҳрвандони «Ҷайхун»-и ноҳияи Амударё таъсис ёфтааст, ба коркарди гандум ихтисос ёфтааст.

Маблағи умумии лоиҳавии корхона, ки бо ташаббуси соҳибкор Баҳром Йӯдошев роҳандозӣ шудааст, 15 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии солона 10 ҳазор тонна мебошад. Дар ин ҷо бо роҳи коркарди гандуми маҳаллӣ бо тамғаи «Қипчоқ унлари» орди навъи якум тайёр карда мешавад.

Вақте ки корхона дар ояндаи наздик пурра ба кор медарояд, дар он зиёда аз 50 нафар коргарон бо кор таъмин мешаванд. Ҳамчунин, 80 дарсади маҳсулоти тайёр ба бозори дохилӣ ва 20 дарсад ба содирот равона шудааст.

Суратгир: М. Ҳабибуллоев (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: