ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҶИНОЯТҲОЕ, КИ БО ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ СОДИР МЕШАВАНД, ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД

Президент Шавкат Мирзиёев ба қарор «Дар бораи чораҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи фаъолият оид ба муқовимат ба ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ содир мешаванд» имзо гузошт.

Бо ин қарор тадбирҳо ҷиҳати такмил додани қонунгузории мавҷуда ва татбиқи як қатор чораҳои ташкиливу техникӣ, ки ба пешгирии саривақтӣ ва баланд бардоштани самаранокии ошкорсозии киберҷиноятҳо нигаронида шудаанд, муайян гардиданд.

Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки лоиҳаи қонуни алоҳида таҳия гардад, ки татбиқи таҷрибаи ягона дар соҳаи муқовимат ба киберҷиноятҳоро пешбинӣ менамояд. Ҳамзамон, ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда мешаванд, ки ҷавобгарии шахсони ҳуқуқиро барои риоя накардани талаботи амнияти киберӣ ва ҳамаи ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ пурзӯр менамояд.

Тартиби аз ҳисоби онҳо рӯёнидани зарари моддии аз киберҷиноятҳо расида, ки дар натиҷаи риоя накардани талаботи амнияти иттилоотӣ ва киберӣ аз ҷониби бонкҳо, операторони низоми пардохт, ташкилотҳои пардохтӣ ва дигар муассисаҳо ба миён омадааст, муайян гардидааст.

Илова бар ин, чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои шахсоне ҷорӣ мешаванд, ки ба истифодаи кортҳои бонкӣ, ҳисоб, ҳамёнҳои электронӣ ё маълумоти шахсӣ (SIM-кортҳо, ҳисобҳои электронӣ)-и худ барои содир кардани киберҷиноятҳо роҳ додаанд.

Бо мақсади пешгирии киберҷиноятҳо таҷрибаи эълони рӯйхати бонкҳо ва ташкилотҳои пардохтӣ, ки бо сабаби осебпазирии низоми иттилоотии худ, ба содиршавии киберҷиноятҳо роҳ додаанд, инчунин механизмҳои барвақт ошкор кардани нақшаҳои қаллобии онлайн, ки бо мақсади ҷалби маблағи аҳолӣ нигаронда шудаанд («пирамидаҳои молиявӣ»), ҷорӣ карда мешавад.

Барои пешгирии дуздии маблағ аз кортҳои бонкии шаҳрвандон бонкҳо, операторони низоми пардохт ва ташкилотҳои пардохтӣ вазифадоранд, ки системаҳои муосири ҳифз аз қаллобӣ (антифрод), барномаҳои зиддивирусӣ ҷорӣ намоянд, инчунин имкони техникии зангҳои қаллобонаро бо рақамҳои сохташуда маҳдуд кунанд.

Аз соли ҷорӣ, ҳамасола дар давоми як моҳ маъракаи ҳамаҷонибаи иттилоотию таблиғотии «Моҳонаи диққати баланд бардоштани фарҳанги киберӣ» баргузор мегардад. Дар доираи ин маърака тавассути корҳои фаҳмондадиҳии фаъоли ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, низоми доимии баланд бардоштани масуният (иммунитет)-и рақамӣ ва огоҳии аҳолӣ таъсис дода мешавад.

Бар асоси қарор, бо мақсади ошкорсозии киберҷиноятҳо фаъолияти гурӯҳи фаврӣ ташкил мешавад, ки ба он намояндагони Бонки марказӣ, низомҳои пардохт ва мақомоти корҳои дохилӣ шомил хоҳанд шуд. Ин гурӯҳ бо тарзи фаврӣ кортҳои бонкиеро, ки бо интиқолҳои шубҳанок алоқаманданд, муайян ва масдуд хоҳад кард.

Дар натиҷаи ин чораҳо, имкони пешгирӣ аз интиқоли маблағҳои аз тарафи киберҷинояткорон дуздидашуда ба хориҷи кишвар ва баргардонидани онҳо ба шахсони зарардида таъмин карда мешавад.

Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани сифату самаранокии тафтишот ва ошкорсозии киберҷиноятҳо назорати прокурориро оид ба риояи қонунгузорӣ дар ин раванд ҷорӣ карда, фаъолияти илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳамзамон, тадбирҳое барои густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба киберҷинояткорӣ ва баланд бардоштани малакаи мутахассисон дар ин соҳа пешбинӣ шудаанд.

Татбиқи вазифаҳои дар қарор зикршуда масъулияти мақомоти давлатӣ, ташкилот, бонк, операторони низомҳои пардохт ва ташкилотҳои пардохтиро барои пешгирии зарарбинии шаҳрвандон аз киберҷиноятҳо ва таҳкими амнияти молиявии онҳо баланд мебардорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: