ВОХӮРИИ СЕ АВЛОД ИДОМА ДОРАД

Ба муносибати 9 Май – Рӯзи хотира ва қадр дар сиҳатгоҳи «Косонсой» бо ташаббуси ҳокимият ва шуъбаи ноҳиявии «Нуронӣ»-и Косонсой чунин вохӯрӣ ташкил карда шуд.

Бо ташаббуси Президент дар маҳалҳои кишварамон бо мақсади идомаи анъанаҳои пешқадами гузаштагон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстиву ватанпарварӣ вохӯрии вакилони се авлод баргузор мегардад.

Ба муносибати 9 Май – Рӯзи хотира ва қадр дар сиҳатгоҳи «Косонсой» бо ташаббуси ҳокимият ва шуъбаи ноҳиявии «Нуронӣ»-и Косонсой чунин вохӯрӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ як гурӯҳ омӯзгорону профессорони косонсоӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Намангон, Донишкадаи техникии Намангон ва Донишгоҳи давлатии педагогии Намангон фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Ҳокими ноҳия Дилмурод Қодиров дар бораи мақому мавқеи олимони ноҳия дар роҳи таълиму тарбияи ҷавонон мулоҳизаҳои худро баён кард. Раиси шуъбаи вилоятии «Нуронӣ», аъзои Сенати Олий Маҷлис Икромхон Наҷмиддинов, собиқадори меҳнат Абдулҳай Турсунов, профессори Донишгоҳи техникии Намангон Фахриддин Маткаримов, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Шермуҳаммад Бегматов, омӯзгори фахрӣ Раънохон Воҳидова оиди аҳамияти омӯзиши мероси бойи ва нодири гузаштагонамон, муҳофизату пойдоргардонии анъанаву арзишҳои ахлоқии ниёгон, аз ҷумла амалигардонии тамоюли «Ба як бача ҳафт маҳалла падару модар», ки дар пешгирии ҳамагуна нохушӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо аҳамияти калон дорад, фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

Дар чорабинӣ ба ҷавонони фаъол ва ғолибони олимпиадаи фаннии хонандагони мактабҳои миёна ва коллеҷҳо аз тарафи ташкилотчиён ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.  

Чунин чорабиниҳо дар дигар ноҳияҳои вилоят низ давом дорад.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: