Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйирёбии иқлимро яке аз ҷиддитарин мушкилоти пешорӯи инсоният меҳисобад. Муттахассисон ҳушдор медиҳанд, ки сари вақт дар ин бобат андешида нашудани чораҳо метавонад ба оқибатҳои пешгӯинашаванда оварда расонад.
Роҳбари кишварамон 4 апрел дар ҷаласаи умумии Форуми байналмилалии иқлимии Самарқанд дар суханронии худ ба таъсироти манфии буҳрони иқлим — афзоиши миқёси сӯхтори ҷангалҳо ва биёбоншавӣ, кам шудани пиряхҳо, камчинии захираҳои об ва бад шудани сифати ҳаво ишора карда, таъкид намуд, ки: «...ҳифз ва муҳофизати муҳити зист масъулияти ҳамаи мост. Ин масъала аз муҳимтарин масоили рӯз аст».
Инчунин, Президенти мо 7 апрел зимни суханронӣ дар Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ низ ба ин масъала таваҷҷӯҳ карда, вакилони парлумонҳои ҷаҳонро ба он ҷалб намуд, ки тағйирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти шадиди замони мо табдил ёфтааст ва ба пешрафти сайёра монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад, бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар кишварамон сиёсати устувори экологӣ амалӣ мегардад, ки ҳадафи он ҳалли мушкилоти экологӣ, махсусан ҳифз ва барқарорсозии низоми экологии минтақаи баҳри Арал ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.
Дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳое, ки роҳбари кишварамон пешниҳод кардааст, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ёфтаанд ва Ассамблеяи генералии СММ 11 резолютсияи марбут ба ин ташаббусҳоро қабул кардааст. Аксари онҳо ба масъалаҳои экология, ҳифзи муҳити зист ва мушкилоти иқлим бахшида шудаанд.
Танҳо чанде пеш яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим — резолютсияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои сабзазорардонӣ ва барқарорсозии ҷангалҳо дар асоси идораи устувори ҷангалҳо» бо ташаббуси Ӯзбекистон қабул гардид.
Ба ин ҳуҷҷати таърихӣ зиёда аз 80 кишвари узв, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Озарбойҷон, Русия, Бразилия, Австрия, Олмон, Финляндия, Португалия, Ҳинд, Эрон, Покистон, АМА, Қатар, Баҳрайн ва дигар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳаммуаллиф шуданд, ки аҳамияти баланди ин ҳуҷҷатро нишон медиҳад.
Маълум, ки ин Резолютсия бар асоси ташаббусҳои асосии Президенти Ӯзбекистон, аз ҷумла, тибқи Барномаи давлатии «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз», лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз», ки дар ҳудудҳои шаҳр ва деҳот бо мақсади ҳифз ва барқарорсозии гуногунии биологӣ амалӣ мегардад, инчунин иқдоми ниҳолшинонии «Камарбанди сабзи Осиёи Марказӣ» таҳия шудааст.
Резолютсия даъват мекунад, ки дар солҳои 2027-2036 барои сабзазоргардонӣ ва барқарорсозии ҷангалҳо қувва ва захираҳо сафарбар карда шаванд. Ҳамчунин, ба давлат ва ташкилотҳо тавсия медиҳад, ки чорабиниҳои дахлдорро таҳким бахшанд.
Дар ин замина бояд гуфт, ки дар кишварамон барои васеъ кардани масоҳати ҷангал ва буттазорҳо, муҳофизати онҳо ва рушди ҳамаҷонибаи соҳа ислоҳоти васеъ ба роҳ монда шудаанд. Масалан, то соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои хоҷагии ҷангал ҳар сол дар 42-44 ҳазор гектар майдон корҳои сабзазоргардонӣ анҷом ёфта бошанд, дар соли 2024 ин нишондод ба 255 ҳазор гектар расонида шудааст (афзоиш 4,5 баробар).
Ҳамчунин, агар соли 2017 миқдори тухми дарахт ва буттаҳо 290 тонна бошад, то соли 2024 ин рақам ба 1,0 ҳазор тонна расидааст.
Ҳамчунин, агар дар соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷангал 40 навъи 51 миллион дона ниҳол ва кӯчат парвариш ёфта бошад, ҳоло 88 миллион дона беш аз 70навъиниҳол ва кӯчат рӯёнда мешавад.
Соли 2025 бо мақсади устувор гардондани вазъи экологӣ дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 253 ҳазор гектар, аз ҷумла 248 ҳазор гектар майдони минтақаи баҳри Арал (аз он 115 ҳазор гектар дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал) ва 5 ҳазор гектар дар минтақаҳои биёбонӣ, корҳои бунёд ва барқарорсозии ҷангалҳо ба роҳ монда мешаванд.
Пешниҳодҳои созандаи роҳбари кишварамон имконият медиҳанд, ки на танҳо дар кишвар ва минтақа, балки дар миқёси ҷаҳонӣ мушкилоти глобалии экологӣ бартараф шаванд, амнияти экологӣ ва устуворӣ таъмин гардад, пеши роҳи тағйирёбии иқлим гирифта, ба он мутобиқ гардонда шавад.
Хайрулло ҒАФФОРОВ,
раиси Кумитаи масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зисти Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.