Дунё рӯ ба тараққӣ овардааст ва замони муосирро бе истифодаи технологияи гуногун тасаввур наметавон кард. Ба ибораи дигар, технология дар дунёи муосир ба як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти одамон табдил ёфтаанд. Ҳар сӯ бингарӣ, ному нишонеро аз навгониҳои фаннӣ дидан мумкин аст.
Ҳоло одамон аз дастгоҳҳои мобилӣ фаровон истифода мебаранд. Шабакаҳои интернетӣ бо нашри маводи мавриди зарурати инсонҳо онҳоро бо навгониҳо ошно месозанд. Мисле ки ин ҳаёт бидуни интернет ягон маънӣ надорад. Зеро тавассути он корҳои зиёд анҷом дода мешаванд, хату хабар ба таври оперативӣ ба ҷойҳои даркорӣ мерасанд.
Дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ, аз ҷумла, таҳсил, кор ва муносибатҳои иҷтимоӣ корбасти интернетро мебинем. Агар истифодаи технология дар соҳаи таҳсилро гирем, дар даврони пахши пандемия мушкил буд, ки бе истифодаи он корҳои зиёд ба субут расанд. Зеро тақдими интернет ва платформаҳои таълимӣ барои давом додани таълим ҳатмӣ аз ҷанбаҳои хеле муҳим маҳсуб гардид.
Технология натанҳо ба мо, донишҷӯён кумак карданд, балки имкони ба даст овардани навовариҳо дар соҳаҳои гуногунро низ таъмин намуданд. Дар замони ҳозира низ барои донишҷӯён имкон фароҳам оварда шудааст, ки дарсҳоро аз тариқи онлайн гӯш диҳанд, видеои таълимӣ тамошо кунанд ва дар баробари китобу дафтар, инчунин аз телефон, планшет ва ноутбук низ ҳамчун ашёи таълимӣ истифода намоянд. Пештар барои ёфтани ин ё он маълумоти илмӣ донишҷӯ соатҳо дар китобхонаҳо вақт мегузаронд, аммо имрӯз бо як ангушт метавонад ҳазорон мақола, китоб ва маълумоти заруриро аз интернет пайдо кунад.
Яке аз муҳимтарин самтҳои дигари истифодаи технология ин суҳбат аст, ки аз кунҷу канор, дуру наздик низ қобили дастрасӣ дорад. Ба таври мисол, агар дар гузашта одамон барои суҳбат бояд якҷо нишинанд, имрӯз бо кумаки телефон, интернет метавонанд аз масофаи дилхоҳ бо ҳамдигар алоқа ва суҳбат анҷом диҳанд. Ин имкониятро маҳз технология барои инсон осон гардонидааст. Ё ки агар яке аз наздикони мо дар шаҳри дигар, ҳатто кишвари дур зиндагӣ кунад, мо метавонем бо ӯ тавассути телефон, паём ё видеозанг озодона сӯҳбат кунем. Хосатан, барномаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои мардум имкон медиҳанд, ки онҳо ҳамарӯза бо дӯстону наздикони худ дар алоқа бошанд.
Дар ҳақиқат, имрӯз технология ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсон қарор гирифтааст. Аз лаҳзаи бедоршавӣ то вақти хоб мо бо технология сарукор дорем. Аз тариқи он соҳиби маълумоти зарурӣ мешавем, ҳатто ин ё он бемориро тавассути дастовардҳои нави фаннӣ муолиҷа менамоем.
Ҷанбаи дигари ин имкониятҳои даврони муосирро низ мо набояд фаромӯш кунем. Зеро технологияи замонавӣ дар баробари фоидаоварӣ масъулият низ тақозо мекунад. Тавре ки устодони коршиноси мо ҳамеша гӯшрас менамоянд, агар инсон технологияро идора кунад, вай соҳиби пешрафт мешавад. Вале агар технология инсонро идора кунад, хатари аз даст рафтани арзишҳои инсонӣ, меҳру муҳаббат беш аз пеш меафзояд ва ба ҷои фоида зарар меоварад.
Биёед, ҳамтоёни азиз, дар ҷаҳони муосир ҳамаи мо ба ақли худ такя кунем, хеле бо эҳтиёт ва масъулиятшиносона аз навгониҳои замон истифода барем. Он гоҳ мо ба дастовардҳои зиёд ноил мешавем ва дар пешрафти мамлакати соҳибистиқлоли худ саҳми босазо мегузорем.
Ситораи Назариён,
донишҷӯйи соли сеюми гурӯҳи тоҷикии ДДФ.