Солҳо мегузаранд...
Аммо ҳар бор, ки 9-уми май фаро мерасад, дар қалбам як ҳисси аҷиб бедор мешавад – ҳисси ифтихор ва дард. Ин ду эҳсос бо ҳам омехтаанд, чун дар хотираи ман 9 май на танҳо як санаи таърихист, балки қиссаи зиндагии бобокалонҳоям низ ҳаст, ки барои зиндагии имрӯзи пурнишоту фаровони мо зидди адӯ ҷангидаанд.
9 май рӯзи ёдоварӣ аз қаҳрамонон аст, ки барои барқарории сулҳу осоиштагии наслҳои баъдӣ талош карданд ва баъзе ҷон супурданд ва баъзе шаҳди пирӯзӣ чашида ба Ватан баргаштаанд. Мо бо муҳаббат ба хотираҳои онҳо назар мекунем, ки на танҳо бобокалони ман — Муҳаммадсаид Ҳамроалиев, балки ҳазорон нафар аз ҳамватанони мо бо сарбаландӣ ба ҳимояи Ватан рафтаанд.
Бобоям бо умеду орзуҳои ҷавонӣ зиндагиро оғоз кардаанд, аммо ҷанг шурӯъ шуда, бо даъвати Ватан, дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок намудаанд. Он кас барои наҷоти инсон, пос доштани хоки муқаддас ҷангидаанд ва бо захм дар тан, вале ифтихор дар дил набардро ба поён расондаанд.
Падарам дар бораи бобоям чунин мегӯяд: «Ӯ на ҳарф мезад аз он рӯзҳо, балки нигоҳи хомӯши ӯ ҳама чизро мегуфт. Ҳар сол 9 май гӯё дар чашмонаш шабҳои сард, симои дӯстоне, ки барнагаштаанд, садои таркишҳо зинда мешуд. Вале ӯ чунин мепиндошт: «Агар мо ҷони худро дар хатар гузошта намеҷангидем, шояд имрӯз на ту будиву на орзуҳоят».
Вақте ки мо ба ёдгориҳои ҶДҶ гул мегузорем, аз онҳое ёд мекунем, ки даҳҳо, садҳо, ҳазорҳо нафар қаҳрамононанд ва маҳз онҳо барои рӯзҳои ороми имрӯза ҷони худро фидо кардаанд.
Бобоям дар зиндагӣ, меҳнат низ шуҷоат нишон додаанд ва даҳсолаҳо дар саҳро заҳмат кашидаанд.
Рӯзи хотира ва қадр танҳо рӯзи ёд кардани онҳое нест, ки дар майдони набард қаҳрамонӣ кардаанд, балки васф намудани онҳое низ ҳаст, ки дар ақибгоҳ барои пирӯзӣ меҳнат кардаанд. Пас, бе роҳи тайкардаи бузургони пешин, мо наметавонистем осоиштагии зиндагии имрӯзаро ба таври бояду шояд эҳсос кунем.
Фархунда Мандонова,
донишҷӯйи соли 3-юми гурӯҳи тоҷикии ДДФ.