Санъати хаттотӣ, ба истилоҳи дигар хушнависӣ, таърихи тӯлонӣ дорад, ки омӯхтани нозукиҳои ин намуди санъат аз инсон тамкин, ирода, заковат ва ҳамзамон ҷаҳонбинии васеъ талаб мекунад. Ин аст, ки на ҳар кас дар ин ҷодаи заҳматписанд муваффақ мешавад.
Бояд гуфт, ки дар асрҳои гузашта дар ҳавзаҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хоразм ва Фарғона мактабҳои махсуси хушнависӣ амал мекарданд. Ҳоло ин намуди санъат то ҳадде аз байн рафтааст. Аммо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат нафароне ёфт мешаванд, ки бо меҳру самимияти афзун ҷиҳати рушд ва пойдории санъати хаттотӣ талош мекунанд. Илҳом Кешӣ (Назаров) аз зумраи чунин инсонҳо аст. Хушнависӣ шуғли дӯстдоштаи ӯ ба шумор меравад.
Илҳом Назаров худ зодаи деҳаи Ҳисораки ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё аст. Пас аз хатми мактаби зодгоҳ, таҳсилро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома медиҳад. Ду сол дар Байконури Қазоқистон қарзи ҷавонмардии худро адо карда, фаъолияти меҳнатиро дар автобазаи обанбори ноҳияи Шаҳрисабз оғоз мекунад.
Бино ба гуфтаи ӯ, бобояш мулло Абдуназар яке аз хаттотони машҳури замони худ буда, тӯли солҳо дар мадрасаҳои Бухоро бо хушнависӣ машғул шудааст. Шояд аз ҳамин сабаб буд, ки Илҳом аз айёми мактабхонӣ ба хати ниёгон шавқ пайдо карда, баъд навиштани ҳарфҳоро мунтазам машқ мекунад.
Ӯ мегӯяд, ки ҳангоми таҳсил дар мактаб рӯзе китоби Умари Хайём ба дасташ меафтад. Дар он рубоиёти шоир бо се забон – форсӣ, русӣ ва ӯзбекӣ чоп шуда буд. Илҳом баробари аз ёд кардани рубоиҳо, гунаи форсии онҳоро рӯйи коғаз меорад ва хушнависиро машқ мекунад.
Бо гузашти солҳо шавқмандии мавсуф ба омӯхтани хати ниёгон меафзояд. Дар ин ҷода аз олимони машҳур Эшон Абдуҳалими Ғелонӣ, Шоислом Шомуҳаммадов, Сайфиддин Рафиддинов, Шайх Абулазиз Мансур, Ҳабибулло Солеҳ ва Тӯхтамурод Зуфаров маслиҳатҳо гирифта, дар назди хушнависи бомаҳорат, Салимҷон Бадалов маҳорати хаттотии худро сайқал медиҳад.
Илҳом Назаров иқтисоддон буда, дар соҳаҳои гуногун кор кардааст. Ҳатто чанд сол дар муҳоҷират будааст. Аммо доим барои хушнависӣ вақт меёбад. Аз ин машғулияташ хаста намешавад ва баръакс пайваста барои ҳифзу хушнависии ашъори мондагори Рӯдакӣ, Хайём, Румӣ, Ҳофиз, Навоӣ ва дигарон мекӯшад.
Борҳо бо намунаҳои хаттотии худ дар чорабиниҳо, аз ҷумла, соли 2019 дар анҷумани Маркази фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ иштирок кардааст. Маҳсули эҷодаш дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд. Ҳатто маҷаллаи «ЧегдоМЫн от А до Я»-и Русия чанд намунаи хушнависии Илҳом Назаровро, ки рубоиёти Умари Хайёмро бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ рӯйи коғаз оварда буд, дар саҳифаҳои худ ҷой додааст.
– Омӯхтани ҳуруфи ниёгон барои ҳар як инсони худшиносу худогоҳ муҳим аст, – иброз дошт Илҳом Назаров. – Чунки қисми асосии осори гузаштагони мо маҳз бо ҳуруфи форсӣ навишта шудааст ва онҳоро наомӯхта инсони комил шудан мушкил. Метавон гуфт, ки хаттотӣ ҳам як ҷузъи тамаддуни мо ба шумор меравад. Он хусусиятҳои хосаи худро дошта, дар мо назари зебоишиносиро такмил медиҳад. Яъне, таваҷҷуҳи инсонҳо ба зебоӣ бештар мешавад. Инчунин, таҳаммулу сабрро дар инсон меафзояд. То замоне, ки дар инсон сабр набошад, ӯ хаттот шуда наметавонад. Ин ҳунар аз инсон пеш аз ҳама тамкин металабад. Хусусияти хубаш боз дар он аст, ки нури чашмро рӯшан мекунад, ба инсон завқ мебахшад.
Ёдовар мекунем, ки Илҳом Назаров баробари иқтисоддони ботаҷриба, хаттоти бомаҳорат будан, падари ғамхор низ ҳаст. Ҳамроҳи ҳамсари худ Гулчеҳра панҷ нафар фарзандро таълиму тарбияи нек дода, яке аз оилаҳои намунавии Ҳисорак ба шумор мераванд. Ҳоло Ислом докторанти Донишгоҳи давлатии Гулистон, Азиза ҳамшираи шафқат, Икром усто, Гӯзал донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии шарқшиносӣ ва Иқбол донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд ҳастанд. Фарзандон ҳамеша мекӯшанд, то дуои модаркалони 91-солаи худ Саломатбибӣ, падару модари меҳрубону ғамхори худро гирифта, дар ҷодаи илму зиндагӣ фаъолият ба комёбиҳои бештар ноил шаванд.
Ф. ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».