ФАРЗАНДИ НАКӮНОМИ ДУОБА

Борҳо ҷон дар каф бо қаллобону роҳзанҳо ва авбошон даст ба гиребон шуда, дар мавридҳои дигар тибқи қонун ҳаққу ҳуқуқи ҷабрдидагонро ҳимоя кардааст.

Сипари боэътимодаш буд садоқату ҷасорат ва хидмати софдилона ба халқу Ватан. Ҳатто лозим омад, ки ҷавони хештаншинос дар баъзе лаҳзаҳо фишору шартҳои кӯтоҳназаронро мардонавор паси сар намояд. Дар ҳақиқат, мартабаву рутба ва унвонҳо осон ба даст намеоянд.

Подполковник Абдуфаттоҳ Рӯзиқулов дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумқӯрғон панҷ сол ба сифати сардор ифои вазифа кард. Маҳз дониш, таҷриба, маҳорати касбӣ ва шуҷоаташ ба роҳбари масъулиятшинос имкон дод, ки дар қаламрави ноҳия ҳаёти осоишта таъмин гардида, роҳи ҳар гуна қонуншиканиҳо сари вақт гирифта шавад...

Оре, роҳу пайроҳаҳои ҳаёт пурпечутоб буда, гоҳ шодиву нишот мебахшанду гоҳе бори ғуссаву ғам бар дӯш мегузоранд. Марги нобаҳангоми хоҳари дилбанд дилашро реш кард. Бисёр мехост, ки Гулбаҳор орзуву ҳавас ва бахти фарзандонашро бинад. «Акаҷон, ақаллан тӯйи арӯсии Гулнигорро медидам», барин суханони армонии хоҳарро шунида, бесадо мегирист.

Афсӯс, муолиҷаи шифокорони ботаҷрибаи пойтахт ҳам суде набахшид. Абдуфаттоҳ васияти хоҳарашро ба замин нагузошт...

Одамшиносу рамузфаҳм аст ӯ. Ҳамдеҳагони кушодадилу ҳалим ва аҳлу тифоқашро дӯст медорад. «Ҳамдеҳагони ман меҳмоннавозанд», боилтифот мегӯяд ӯ. Завқ мебарад аз ҳазлу мутоибаҳои намакини нафарони шӯхтабъ. Мефахрад, ки ҷавонони зодгоҳ нангу номус доранд ва хушодобанду фидокор. Яктану якҷон баҳри ободии ватани кӯчак, ки порае аз ватани бузург аст, талош меварзанд. Меҳнати шабонарӯзии онҳо буд, ки дар ҳаракати «Буҷети ташаббускор» се маротиба пирӯзиро ба даст дароварданд.

Абдуфаттоҳ боз як корнамоии пиру барнои Дуобаи азизашро ёдрас кард. Оре, ба туфайли саховату дастгирии эшон шаҳрвандон О. Бобоев, А. Қурбонов ва Ю. Мирзоев, ки бо амалиёти ҷарроҳии фаврии узвҳои дилу ҷигар ниёз доштанд, ба қавле, ба соҳили наҷот расиданд.

Бо муҳити рӯҳафзо ҳамболу ҳамнафас ва ҳамқадам аст собиқ хатмкардаи мактаби олии малитсияи Тошканд. Имрӯзҳо на танҳо дар ноҳияи Узун, балки дар Сариосиёю Деҳнав ва дигар минтақаҳо низ дар ҳаққи ӯ суханони нек мегӯянд.

– Акаи Абдуфаттоҳ аз зумраи фардони соҳибдил, хоксор, хайрхоҳ ва дурандешанд, – изҳори назар кард дар суҳбат бо мо раиси маҳаллаи «Дӯстлик» Илҳом Муродов.

– Номбурда аз мо танҳо бо пурсидани мушкилот маҳдуд намешаванд, дар ҳалли онҳо ёрии амалӣ низ мерасонанд.

Рост мегӯед раис. Дар маҳалла ашхосе мисли Абдуфаттоҳ кам нестанд. Вақте мо дар ҳашари қабристони «Арзанпоя» ва бунёди пули дарёи Обизаранг ширкат доштем, вай чанд бор аз рафти корҳо хабар гирифт ва дар ҳалли мушкилот саҳм гузошт.

Чунончи, ҳусни ду тарафи даромадгоҳи қабристонро дарахтони гуногун мекостанд. Ин ҷавонмард мушкилотро ҳал кард. Ниҳолҳои нави арчаро дастрас намуда, бо роҳи ҳашар ба ҳусни олами хомӯшон афзуд. Дарвозаи хуштарҳ ва девори аз хишти пухта қадкашидаи ин манзил ба туфайли ҳиммати ӯст. Дар маҳфилу гирдиҳамоиҳои гуногун тамкину бурдборӣ пешаи ин инсони хушмуомила аст.

Таассуф, ки бархе аз мо бо рафтору гуфтори ноҷоя ба фазилатҳои инсонӣ соя меафканем. Пургӯем, гоҳе аз пашша фил, аз фил пашша месозем, ҳавобаландему шуҳратгадо. 

***

Абдуфаттоҳ дар хонадони амаки Абдусаттор, ки дар тарбияи фарзандон сахтгиру серталаб буд, ба воя расид. Нӯҳ нафар фарзанд нозу ниёзи худро бештар тавассути модар ба амал мебароварданд. Заҳмати волидон барҳадар нарафт. Аксарияти ҷигарбандонашон соҳибмаълумотанд. Сермаҳсулу доманадор буд фаъолияти меҳнатии падар. Аз механизатори одӣ то директории хоҷагии давлатӣ роҳест тӯлонӣ ва пуршараф.

– Саҳми амаки Абдусаттор дар бунёди боғоти доманакӯҳҳои Чошу Дуоба назаррас аст, – мегӯяд сокини деҳаи Ӯрах акои Назаралӣ. – Раҳматӣ он солҳо дар хоҷагии Хонҷиза бори агрономиро бар дӯш доштанд.

Яке аз соҳибкорони варзида Усмоналӣ Ҳусинов дар ҳаққи устодаш чунин суханонро иброз дошт:

– Даврони истиқлол соҳибкориро эҳё кард. Аммо устоди мо, равонаш шод бод, ҳанӯз дар ҳамон солҳои ба ном «карахтӣ» инсони соҳибкору чашмикордон буд.

– Бубинед, – гуфтаҳои У. Ҳусиновро тақвият медиҳад раиси маҳалла И. Муродов, – дар ҳоле, ки аксарияти мардум барои парвариши чорво ҷуворимакка мекориданд, он кас дар заминҳои наздиҳавлии худ ва фарзандонашон бо кишти зироати сердаромад, мисли карам ва чормағзи заминӣ, сарукор доштанд. Дар он солҳо парвариши 50 сар гӯсфанд ва се-чор сар чорвои калони шохдор кори саҳл набуд.

«Мероси падар хоҳӣ – касби падар омӯз», гуфтаанд ниёгонамон. Ҳоло подполковники бознишаста Абдуфаттоҳ Рӯзиқулов идомадиҳандаи кору пайкори падари хеш аст. Ӯ аз имконият ва имтиёзҳои даврони истиқлол босамар истифода мебарад. Фермаи гӯсфандпарвариро ба роҳ монда, аз гармхона низ фоидаи калон ба даст меоварад. Гоҳе ҷомаи корӣ дар бар ӯро дар замини наздиҳавлиаш мебинед. Ободии рӯзгор ва файзу баракаро аз меҳнати ҳалол медонад.

Айни ҳол сулолаи Рӯзиқуловҳо, ки ба он Абдуфаттоҳ роҳнамову маслиҳатгар мебошад, ба рушду нумӯи Ӯзбекистони Нав саҳмгузор аст. Бародари калонӣ Абдулқосим – шифокори варзида, Абдуаҳад ва Абдувоҳид – омӯзгорони ифтихорӣ, Абдуҷалил мисли падар – соҳибкори соҳибмаълумот, ҳамсараш – Дилафрӯзбону роҳбарии кӯдакистони 24-умро ба ӯҳда дорад.

Завҷаи вафодори Абдуфаттоҳ – Дилором кадбонуи оқила, фарзандонашон Фаридун – духтури дандон, Сиёвуш – омӯзгори забони англисӣ.

– Дуо мекунем, ки ба кишвари ободу осудаамон чашм нарасад, – бо шукргузорӣ мегӯяд момои Хосияти 88-сола.

Абдуфаттоҳ дар ҷавоб ба суоли мо ба забон овард:

Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,

Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.

Агар дар мисоли фаъолияти ҷавонони маҳалла мулоҳиза ронем, хушбахтона, онҳо дастовард ва анъанаҳои неки бобоёну падарони хешро пос медоранд. Насли ҷавон тибқи талаби замон дар рӯҳи созандагӣ пайи бозёфтҳои илму ҳунар раҳсипоранд. Ҳоло даҳҳо ҷавонони маҳалла дар муассисаҳои таълими олии мамлакат ва давлатҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд.

Ниёзмурод Муродов,

ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: