Касбу ҳунарҳо бисёранд. Дар байни онҳо касби омӯзгорӣ, ифтихорӣ ва шарафнок мебошад.
Чунки соҳибони ин касб ба инсоният ғизои маънавӣ дода, насли наврасро тарбия мекунад, ба камол мерасонад. Агар гӯем, ки омӯзгор муҳандиси рӯҳи одам аст, хато намекунем.
Солҳои охир барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва обрӯю эътибори муаллим аз тарафи ҳукуматамон чораҳои судбахш амалӣ мешаванд. Биноҳои замонавии мактабҳо бунёд шуда истодаанд.
Дар ҳамаи шаҳру деҳаҳо омӯзгорони собиқадор сазовори ҳурмату эҳтироми мардум гаштаанд. Модаркалони ман ҳам яке аз онҳост. Он кас беш аз сӣ сол ба насли наврас таълиму тарбия додаанд ва имрӯз даври пиронсолӣ меронанд. Ман маҳз аз модаркалонам ибрат гирифта, касби омӯзгориро пешаи худ кардам. Медонам ин касб – касби пурмушаққат ва сермеҳнат асту сабру тоқат, андешамандӣ ва мулоҳизакориро талаб мекунад. Муаллим ҳамеша дар ҳама ҷо, дар ҳар гуна вазъият муаллим аст.
Аз рӯзе, ки инсоният пайдо шудааст, ба омӯхтан ва омӯзгор муҳтоҷ шудааст. Дар ҳар замону макон омӯзгор мавқеи алоҳидаро соҳиб буд. Онҳо ба мардум хислатҳои неки одамиро меомӯзонанд, одами солимфикрро тарбия мекунанд. Ана барои ҳамин ин касб ифтихор аст.
Соли гузашта орзуи ман ҳам амалӣ шуд. Дар асоси гранти давлатӣ донишҷӯ гардидам ва имрӯз аз устодон асрори ин касбро омӯхта истодаам.
Таҳмина Қурбонова,
донишҷӯйи соли якуми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ.