ҶӮЙИ МӮЛИЁНЕ, КИ РӮДАКӢ ТАВСИФ КАРДААСТ, ДАР КУҶОСТ?

Ҷӯйи Мӯлиён чӣ рӯд аст? Дар куҷо воқеъ гардидааст?

Ҳокими Бухоро Наср ибни Аҳмад ба Мавр сафар карду табиати дилкашу пурҷозибаи он ӯро мафтун сохт. Аз ин рӯ, вай дар ин ҷо муддати зиёд монд. Дили аъёну ашроферо, ки ҳамроҳи ӯ буданд, меҳри оила, наздикон, пазмонии ёру диёр фишор меовард. Бозгашт ба Бухоро, гӯё аз хотири амир фаромӯш шуда буд. Онҳо ноилоҷ ба Малик-уш-шуарои дарбор Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯ оварда, аз вай имдод хостанд. Бад-ин минвол мадҳияи машҳури «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» арзи вуҷуд кард:

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Ому бо дуруштиҳои ӯ

Зери поям парниён ояд ҳаме...

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме...

Мегӯянд, чун Наср ибни Аҳмад ин мадҳияро шунида, меҳри Бухоро дар дилаш чунон ҷӯш зад, ки ҳатто ба пӯшидани пойафзор ҳам тоқат накарда, ҳамаро ба по хезонд ва сӯйи Бухоро роҳӣ шуд.

Саволе ба миён меояд: Ҷӯйи Мӯлиён чӣ рӯд аст? Дар куҷо воқеъ гардидааст?

Ин ҷӯй дар самти шимоли ғарбии шаҳри Бухоро дар масофаи 4-5 километр дуртар аз шаҳр воқеъ гардидааст. Манзилгоҳи бостонӣ Мулиён ном дошта, дар шеър аз хусуси ҷӯйи он сухан меравад. Соли 1956 аз ҷониби академик Яҳё Ғуломов ва А. Қосимзода дар он ҷо (ҷойи гумонкардашудаи ҷӯйи Мӯлиён) тадқиқоти ҳафриётӣ гузаронда шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҷойи ҳақиқии ҷӯйи Мӯлиён пурра муайян нагардидааст. Аз ин рӯ, бояд пажӯҳишҳо идома ёбанд.

Дар ин бора маълумоти Муҳаммад Наршахӣ ҷолиби диққат аст. Тавре ки ӯ дар «Таърихи Бухоро» меоварад, Исмоили Сомонӣ ин мавзеъро аз сарлашкари араб Халифа ал-Мустаъин ибн ал-Мутасам Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Толут ба 10 ҳазор дирҳам харида гирифтааст. Сипас дар ин ҷо сарою боғҳо барпо карда, қисми муайяни онҳоро ба маволӣ, яъне ба хоҷагони валӣ вақф намуд ва он «Ҷӯйи Мӯлиён» ном гирифт. Амирони Сомонӣ, ки баъди Исмоил ба тахт нишастаанд, шефтаи ҳавои тоза ва манзараҳои зебои ин мавзеъ гашта, дар ин ҷо боғу кӯшкҳо барпо кардаанд. Мутаассифона, пас аз салтанати Сомониён, мавзеи Ҷӯйи Мӯлиён хароб гаштааст.

Заминҳои ин ҷо дар замони қадим мулки подшоҳи Бухоро Таъшода (писари Бухорхудот) маҳсуб меёфтанд, вай онҳоро ба фарзандону домодҳояш тақсим карда дода буд. Арабҳо ин ҷоро «Фаровиз-ул-улё» мегуфтанд. Исмоили Сомонӣ пас аз ҷо ба ҷо кардани ғуломони озодшуда ин ҷоро «Ҷӯйи Мӯлиён» номид. Ҳамин тариқ дар забони аҳолӣ ин ҷо ба Ҷӯйи Мӯлиён табдил ёфт. Чорбакриён дар замони Исмоили Сомонӣ дар ин ҷо макон гирифтанд, ки баъдтар ҷӯйбор ном гирифт. Ин гуфтаҳо ба деҳаи Сумитан, ки он ҷо маҷмӯи ёдгории «Чорбакр» воқеъст, дахл дорад. Чорбакриёнро хоҷагони ҷӯйборӣ, шайхони ҷӯйборӣ, авлиёи ҷӯйборӣ низ меноманд. Чорбакриён тӯли асрҳо дар Бухоро обрӯю эътибори хоса доштанд. Эшон ба рушду тараққии илму маърифат ва ҳаёти маънавии ҳудуд саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳукмдорони Бухоро ба онҳо эътибори ҷудогона доштанд. Дар лаҳзаҳои душвор маслиҳат гирифта, дар мубориза барои озодию осоиштагии диёр ба эшон такя кардаанд, ҳамчунин баъзан инъому ҳадяҳо ҳам бахшидаанд. Чорбакриён дар навбати худ масҷиду мадраса, китобхонаю муолиҷагоҳ сохта, ғарибону муҳтоҷонро ба ҳимояи худ гирифтаанд, агарчи худ хоксорона зистаанд.

Ғазали «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме»-и Рӯдакӣ хеле машҳур гардид ва ба сифати намунаи беҳтарини тараннуми Бухоро эътироф шуд.

Фаррух Темиров,

мудири кафедраи бостоншиносӣ ва таърихи Бухорои Донишгоҳи давлатии Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: