ИФТИХОРИ АРАБХОНА Ё ХУД ХОТИРОТИ ҒАМАНГЕЗИ ИШТИРОКДОРИ ҶАНГ

Ҳар сол ба муносибати Рӯзи хотира ва қадр хонадони иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ноҳияи Самарқанд, собиқадори таълими халқӣ, пири барнодил Аҳадбобо Очилови 101-сола аз меҳмонон пур мешавад.

Мо низ бо супориши идораи «Овози тоҷик» ба кулбаи хоксоронаи ӯ, воқеъ дар маҳаллаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд, рафтем, то аз суҳбати ин диловари Ватан баҳраманд гардем.

Боиси тааҷҷуби мо буд, ки мӯйсафеди нуронӣ хотироти қавӣ дорад.

АСКАРИ ПОЙЛУЧ

– Он айём ҷавони 17 сола будам, – мегӯяд ӯ, – дар саҳро пойлучу сарлуч каланд мезадам. Аз куҷое ду нафар пайдо шуда, байни худ чизе гуфтанду наздам омаданд.

– Ту чандсола? – пурсид яке аз онҳо, – чаро дар ин ҷо кор мекунӣ?

– Ана ҳамин заминро колхоз ба ихтиёри модарам додааст. Мо деҳқонӣ мекунем.

– Ҳозир ҳамроҳи мо ба шуъбаи комиссариати ҳарбӣ меравӣ, – амр дод яке, – давоми суҳбат дар ҳамон ҷо мешавад.

– Хуб, лекин иҷозат диҳед, ба хона рафта, модарамро огоҳ созам, пойафзол пӯшам...

– Вақт нест, – амр намуд дигаре, – рафтем!

Дар шуъбаи комиссариати ҳарбӣ боз чанд нафар ҳамгузарҳои худро дида, хурсанд шудам. Шахси либоси ҳарбидор пурсид, ки чандсолаам.

– Баъди шаш моҳ ҳаждаҳсола мешавам, – гуфтам ба ӯ.

– Хеле нағз, – ба китфам тап-тап зад вай, – аскари тайёр! Ба хидмати ҳарбӣ меравӣ?

Чанд нафар сӯям кунҷковона менигаристанд. Ман тасдиқомез сар ҷунбондам.

Он шахс ба кадоме фармуд, ки ба хонаи мо рафта, ба модарам воқеаро фаҳмонад ва бегоҳирӯзӣ барои гусел ба роҳи оҳани шаҳри Самарқанд ояд.

Ана ҳамин тавр баҳори соли 1942 номи аскари пойлучро гирифтам. Ҷанги хонумонсӯз ҳаёти мустақил ва осудаи оилаи моро низ халалдор кард...

ЗАБОНДОНӢ – ҶАҲОНДОНӢ

Дар Туркманистон омӯзишгоҳи танкистон будааст. Дар он ҷо даъватшудагон на танҳо аз Самарқанд, инчунин аз Тошканд, Бухоро ва Тоҷикистон низ буданд.

 Аҳад Очилов ғайр аз забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ, русиро низ хуб медонист, бинобар ин ӯро сардори гурӯҳи курсантҳо таъин карданд, ҳатто гоҳ-гоҳ вай вазифаи тарҷумониро ҳам иҷро менамуд.

– Муҳофизони диловари Ватан, – рӯзе гуфт командири омӯзишгоҳи танкронӣ, – ҷанг дар авҷ аст. Бинобар ҳамин муддати таҳсил кӯтоҳ шуд. Фардо шумо ба Қафқози Шимолӣ раҳсипор мешавед.

Бовар дорам, ки бо ғалаба ва чун қаҳрамон ба зодгоҳи худ бармегардед.

Худованд мададгоратон бод!

Корномаи аввалини ҷанговари самарқандӣ дар муҳорибаи сарҳади Украина буд. Танки ӯ аз аввалинҳо сарҳадро убур карда, истеҳкоми фашистони золимро несту нобуд сохт. Дар сари синаи Аҳад Очилов ордени «Ситораи Сурх» дурахшид.

БА ПЕШ, БАРОИ ВАТАН, БАРОИ СТАЛИН!

– Дар набардҳои шадиди зидди фашизм шиори мо, сарбозони артиши Иттиҳоди шӯравӣ: «Ба пеш, барои Ватан, барои Сталин!» буд, ки дар нақлиёт ва хосатан танкҳо сабт мегардид, – ба хотир меорад Аҳадбобо, – Албатта, аз радио шунидани овози марғуладори сухангӯ Юрий Левитан низ ба мо рӯҳи тоза мебахшид. Гоҳ-гоҳ ба мо, ба забони модарӣ рӯзнома ва варақаҳои ҷанговарона мерасиданд. Ин байти шоири ширинкалом Абулқосим Лоҳутӣ ҳоло ҳам дар хотирам ҳаст:

Хуни гарми ишқу ихлосу садоқат бар Ватан, 

Хуни нафрат, хуни кин бо душмани паймоншикан!

– О, ба хотираи қавии шумо қоил, – ҳайрати хешро изҳор намудем мо, – аз байн 80 сол гузаштааст, ҳанӯз фаромӯш накардаед.

Табассум дар лабони ӯ ҳувайдо гардид ва ангушти ишоратиашро боло бардошта, идома дод:

Бародарон, ба модар Ватан вафо кунем,

Агар, ки сар талаб кунад, ба вай фидо кунем!

Ба мо, сомеъон ғайр аз кафкубӣ кардану «офарин!» гуфтан дигар илоҷе набуд.

ПАРЧАМИ ҒАЛАБА ДАР РЕЙХСТАГ

Дар рӯзи 8-уми майи соли 1945 ротаи танкии мо рӯ ба рӯи Рейхстаг қарор гирифт. Аммо ба оташ кушодан иҷозат нашуд. Бо радио хабар доданд, ки дар ошёнаи дуюми иншоот аскарони сурх, дар ошёнаи савум ва ошхона душманон ҷойгир шудаанд. Шояд сарбозони диловари мо қабати савумро ҳам ишғол карда, ана баъд парчами Ғалабаро дар боми бино парафшон мекунанд.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Аз баландгӯяк ба забони олмонӣ эълон карданд, ки муқобилият фоида надорад, таслим шавед.

Дере нагузашта афсарону генералҳои душман даст бардошта, ба кӯча баромаданд.

Кадоме «Ғалаба! Ғалаба!! Ғалаба!!!», – гӯён фарёд зад.

Автомату туфангҳо ба «сайр» даромаданд.

Мо, ҳарчанд дар дохили танк будем, якдигарро ба оғӯш гирифтем, баъд берун баромада, рақсу бозӣ кардем. Хурсандиамон интиҳо надошт. Сипас супориш шуд, ки зуд ба бешазори Чехословакия равон шавем. Он ҷо душманони саркӯбнашуда ба ҳуҷум гузаштаанд.

Хушбахтона, онҳоро дар муддати кӯтоҳ несту нобуд карда, ба марказ хабар додем. Маршал Малиновский дастамро фишурда, миннатдорӣ изҳор кард.

Ман аз сабаби забони русиро хуб донистан боз се сол ба генерал адъютант, яъне ёвар шуда хидмат кардам ва соли 1948 ба зодгоҳ баргаштам...

ЛАБИ ПИР БО ПАНД НЕКӮТАР АСТ

Воқеан Аҳадбобо Очилов аввал омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ, сипас Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, тӯли беш аз 50 сол дар мактаби миёнаи рақами 9-ум аз фанни адабиёт ва забони модарӣ дарс дод. Ҳоло шогирдони шогирдонаш касби ӯро идома медиҳанд.

Аз ҳама муҳимаш, бо ҳамсари меҳрубонаш раҳматӣ Зубайда Очилова шаш фарзандро таълиму тарбият доданд. Духтари калонӣ Зулайхо аз паси падар рафта, сӣ сол муаллимӣ кардааст. Нодира, Садриддин, Увайсӣ бо тадбиркорӣ машғуланд. Полковник Низомиддин Очилов ҳарбӣ буд, ӯ дар як амалиёти низомӣ ба тарзи фоҷиавӣ халок шуд. Додари ӯ бошад, ба дарди бедаво печиду ба Ҳақ пайваст.

Беш аз 50 нафар набераву абера ва 4 чабера дар атрофи бобокалон парвонаанд.

– Ман аз сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев сипосгузор ҳастам, – мегӯяд Аҳадбобои 101-сола. – Дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ гирифтам.

Боиси хушнудист, ки ман чор маротиба бо сарвари давлатамон вохӯрда, дар ҳаққи эшон дуои хайр кардаам.

Ҳамааш олиҷаноб, лекин ҳамшираи шафқат, ки ба ман нигоҳубин мекарду барои ин амалаш маош мегирифт, ҳоло се моҳ боз нест, аз ин имтиёз маҳрум ҳастам.

– Бобои дуогӯ, хотирҷамъ бошед, мо ин масъаларо ҳал мекунем.

– Ташаккур, – ёд дорам, соли гузашта ҳам дар рӯзномаатон мақолаеро бо расми ман чоп карда будед.

– «Овози тоҷик» аввал «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ном дошт ва мо, муаллимони мактабҳои тоҷикӣ обуна мешудем. Медонам, ки ин газета мисли ман 101-сола шудааст. Аҳли қалам ва мухлисони онро муборакбод мекунам.

Суҳбати мо бо Аҳадбобо дер давом кард...

Сад дареғ, ки ҳоло дар вилояти Самарқанд ҳамагӣ ду нафар иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳастанд.

Умратон зиёда бодо, бобои ҷанговар!

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: