Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1939-1945 ба сари халқҳои ҷаҳон кулфати беандоза овард. Мардуми тоҷики муқими Ӯзбекистон дар қатори бародарони дигари худ талафоти зиёди ҷонӣ доданд.
Дасти тааддии ин ҷанги хонумонсӯз ба домани деҳоти дурдасттарини кӯҳистон низ расидаву ҳаёти бонишоти бошандагони онро ба заҳр омехт. Аз ҷумла, аҳолии Сарчашмаи (дар гузашта Қизил эмчак ном дошт) ноҳияи Шаҳрисабз аз ин қисмати ниҳоят талх бенасиб намонд. Ҷавонони деҳа дар қатори садҳо ҳамтоёни худ аз деҳоти гирду атроф ба даст силоҳ гирифта, дар ҷанг иштирок намуданд ва ҳиссаи худро дар Ғалабаи Бузург бар фашизм гузоштанд. Қисми боқимондаи аҳолӣ, ки иборат аз мӯйсафедон, занон ва кӯдакон буданд, барои таъмини фронт бо ғизову сару либос ва дигар маводи зарурӣ шабону рӯзон софдилона меҳнат карданд ва ба фонди мудофиа кумак расонданд. Назар ба санадҳои таърихии он айём, аз деҳаи Сарчашма 218 нафар ба фронт сафарбар шуданд. Шоҳидони ҳол мегуфтанд, ки он замон Сарчашма якбора холӣ шуда, хеле ҳақиру кӯчак менамуд. Аз ҷавонони сафарбаршуда 108 нафар дар муҳорибаҳои беамони зидди истилогарони немис ва 15 нафар аз баталионҳои меҳнатии Ҷанги дуюми ҷаҳон барнагаштанд. Онҳо ҷони худро фидои Ватан ва озодии он карда буданд. Танҳо 95 кас бо ҳар гуна ҷароҳат аз фронт баргашта, як қисми зиёдашон дар зодгоҳ аз олам гузаштанд. Қисми боқимонда гарчи аз даст ё пойи худ маҳрум шуда, маълулони ҷанг ба ҳисоб мерафтанд, бо иродаи қавии худ ба корҳои бунёдкории пас аз ҷанг ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд. Вопасин сарбози он ҷанги хунин аз деҳа муаллими химия ва биолгияи мактаби рақами 57 Ашӯр Шералиев буд, ки соли 2019 дар синни 93 чашм аз дунё пӯшид. Ҳоло дар Сарчашма аз далерони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ касе боқӣ намондааст. Аҳолии деҳа ҳеҷ вақт фарзандони қаҳрамони худро аз хотир фаромӯш нахоҳад кард. Ба мақсади абадӣ гардондани хотираи неки иштирокчиёни ҷанг ва ақибгоҳ аз соли 1973 бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи собиқ директори мактаби рақами 57 Муҳиддин Ибодов, муаллими таърих Абдулло Чоршанбиев ва суратгир Шомаҳмад Юлдошев ба ҷамъоварии маълумоти дақиқ, расму ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни ҷангу меҳнат корҳои шоёне оғоз гашт ва дар мактабу саҳни идораи колхоз гӯшаи хотиравии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд!» ташкил гардид. Он лавҳаҳои ёдгор то ҳол дар осорхонаи мактаб маҳфуз буда, рамзи сипосу қадрдонӣ аз фарзандон нисбат ба корномаҳои падару бобоёни худ дар майдони ҷангу меҳнат мебошад.
Омӯзгор Бегим Мустафоев (1923-2018) яке аз иштирокчиёни ҷанг буд. Ман аз забони ин марди шуҷоъ борҳо ҳодисоти он солҳои хеле мураккабро шунидаам. Ба гуфтаи ӯ, Сарчашма солҳои пеш аз ҷанг 11 гузар доштааст. Ҳар як гузар номи алоҳидаеро соҳиб будааст: Лаби чашма, Чалпакбаркаш, Ишқобод, Чармгар, Чуқурак, Туркак, Ҳасанӣ, Сариҷӯ, Маҳалла, Сарчашма ва Сирзор аз ҷумлаи онҳост. Устод Мустафоев соли 1933 хонандаи мактаб шудааст. Назар ба нақли ӯ, мактаб он замон бинои алоҳидае надоштааст ва хонандагон дар меҳмонхонаҳои Қарорамин, Озод, Мулло Султон, Холиҳоҷат таълим мегирифтаанд. Қисме аз синфхонаҳо тиреза дошта бошанд ҳам, оина надоштанд. Аз ҳамин сабаб, хидматгузори мактаб Абдурауфбобо ҳар ҳафта як бор ба рӯи газета керосин молида, онро бо хамир ба ҷойи оина мечаспондааст. Гунҷишкон хамирро нӯл зада сӯрох мекарданд. То бачаҳо дар сармо бемор нашаванд, ин корро дубора такрор мекардаанд. Мизу курсиҳо ҳама тахтагин будаанд. Директори мактаб Олимҷон Ёдгоров аз шаҳри Бухоро омадаву кор мекардааст. Ба хонандагон Кӯчар Қурбонов ва Намоз Мирзоев дарс медодаанд. Бегим Мустафоев соли 1940 синфи 7-ро хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба техникуми хоҷагии қишлоқи ноҳияи Шаҳрисабз месупорад. Аммо ҷанг оғоз шудаву ду бародарашро ба фронт мефиристанд. Дар хона падару модари мӯйсафед ва се хоҳараш монда буданд. Ӯ маҷбур мегардад, ки хонданро канор гузоштаву ба деҳа баргардад. Дар мактаби деҳа, ки аксари омӯзгоронаш ба ҷанг рафта буданд, муаллим намерасид. Директори мактаб Мӯсо Қотонов Бегими ҷавони дорои хату саводи кофиро дар қатори ду хонандаи фаъол Х. Бойматова ва Х. Камолова соли 1942 чун муаллим барои кор ба мактаб даъват намуд. Моҳи сентябри соли 1943 Б. Мустафоевро ҳам ногузир ба майдони ҷанг мебаранд ва ӯ дар полки 336-уми тирандозии Фронти 2-юми Белоруссия хизмат карда, дар муҳорибаҳои Бобрюск, Баранович, Брест, Нарва, Белосток ширкат меварзад. Дар рафти муҳорибаҳо ду маротиба ярадор мегардад. Дар ҷанги Остомозовеси наздикии шаҳри Варшава сахт маҷрӯҳ гардида, дар госпитали шаҳри Иваново муолиҷа меёбад. Азбаски ҷароҳат вазнин будааст, як пояшро қатъ месозанд. Вай як пойи худро дар ҷанги зидди фашизм бохта, ба деҳаи азизаш бармегардад. Маъюби гурӯҳи II маҳсуб меёфт. Бародарони Бегим аз маҳшаргоҳ барнагаштанд ва ӯ аз соли 1945 боз ба фаъолияти педагогӣ машғул гашт ва соли 1998 ба нафақа баромадаву соли 2018 аз дунё гузашт.
Корномаҳои ҷангии ҳамдеҳагони мо Муҳаммадӣ Асадов, Раҳмон Нуралиев, Рамзӣ Асадов, Самад Мирзоев, Чоршанбе Шарифов, Рӯзиқул Раҳматуллоев, Бобоҷон Раҳматов, Назар Одинаев, Шоим Ниёзов, Сафар Фармонов, Ҳасан Чоршанбиев, Ҳусейн Чоршанбиев, Шаҳрӣ Шарифов дар зарварақи таърих сабт ёфтаанд. Онҳо дар муҳорибаҳои шаҳрҳои Москва, Ленинград, Сталинград, Курск, Киев, Варшава ва Берлин ширкат варзида, басо диловариҳо нишон додаанд.
Аммо мо дар баъзе ҳолатҳо хидмати он касоне, ки дар ақибгоҳ ҷонбозиҳо кардаанд, фаромӯш месозем. Аксари мардуми мо дар ақибгоҳ кор кардаву барои таъмини ғалаба ҳиссаи муносиб гузоштаанд. Дар ёд дорам, дар чорабиниҳои бахшида ба Ғалаба бар фашизм иштирокчиёни ҷанг даъват мешуданд, аммо қаҳрамонони майдони меҳнат аз назарҳо дур мемонданд. Деҳқонон ғалладона ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт кардаву ҳосили онҳоро барои фронт равона мекарданд, ба фонди мудофиа месупориданд, аммо худашон гурусна буданд. Агар пайдо кунанд, кунҷора мехӯрданд. Ҳатто аз гуруснагии ногузир фарзандашон дар пеши чашмашон вафот мекард. Ҳоли он касоне, ки сарпарасташон дар ҷанг вафот карда буданд, боз ҳам бад буд. Аҳолии деҳот то охирин луқмаи худ, сару либосашонро ба фонди мудофиа месупурданд. Аз забони бародарам, ветерани меҳнат Намоз Чоршанбиев шунидаам, ки қиблагоҳи мо – бобои Чоршанбе аспи дӯстдоштаи худро дар асоси талаби хаттии (повестка) Комиссариати ҳарбӣ ба маркази ноҳияи Шаҳрисабз бурдаву ба давлат супоридааст. Асп барои фронт хеле зарур буда, ҳукумати вақт аз мардум тақозо мекард, ки чунин ҷонваронро ба фонди мудофиа супоранд. Аз ин сабаб, падари мо низ аспи хушфеъли худро ба маркази ноҳия бурдаву ба мутасаддиён месупорад. Аммо чун одати мардуми маҳаллӣ ва аҳолии чорводор талаб мекунад, ки ресмони онро баргардонанд. Кормандони Комиссариати ҳарбӣ инро ҷиноят фаҳмидаву мувофиқи қонунҳои замони ҷанг падарамро ҷазо медиҳанд. Вайро ҳабс мекунанд ва падарам дар маҳбаси ноҳияи Қаравулбозори Бухоро вафот мекунад. Ду бародарам ба ҷанг рафтанд ва фақат соли 1947 аз фронт баргаштанд. Нигоҳубини додар ва хоҳарони хурдсолам дар ихтиёри ман буд.
Мо пас аз ҷамъоварии ҳосил ҳамаро ба фонди мудофиа месупоридем. Азбаски техника ва ҳатто аспу хар камёфт буд, ин ҳамаро аз анбори колхоз ба дӯши мӯйсафедон, занон, кӯдакон гузошта, то анбори фонди мудофиа мекашонданд. Ин анбор аз деҳаи мо дар масофаи 40-50 километр дур, дар деҳаи Улоч ҷойгир буд. Мардум ин маҳсулотро пиёда то ин манзил бурда мерасониданд. Лекин ягон шахс аз ин меҳнати вазнин саркашӣ намекард.
Номи неку хотираи дурахшони одамоне, ки барои Ғалабаи Бузург бар фашизм саҳм гузоштаанд, ҷовидонӣ бод! Мо кору пайкори онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем.
Баҳром Чоршанбиев,
омӯзгори собиқадор аз деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз.