Дар Маҷмааи ёдгории Боғи Ғалаба, ки бо ташаббуси роҳбари мамлакатамон ба муносибати 75-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳон ба фаъолият оғоз намуда буд, ёдгориҳову лавҳаҳои зиёде мавҷуданд, ки аз тамошои он рӯҳи он давр – даҳшатҳову машаққатҳояшро кас эҳсос менамояд...
Солҳои 80-90-уми асри гузашта, ки мактабхон будем, бисёре аз иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва қаҳрамонони ақибгоҳ дар қайди ҳаёт буданд, дар мактабҳо бо онҳо вохӯриҳо баргузор мегардид. Онҳо аз воқеаҳои майдони ҷанг ва машаққатҳои ақибгоҳ ёдовар мешуданд ва мо мефаҳмидем, ки он солҳо барои ҳеч кас осон набудааст ва ғалаба низ бо осонӣ даст надодааст.
Дар Маҷмааи ёдгории Боғи Ғалаба, ки бо ташаббуси роҳбари мамлакатамон ба муносибати 75-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳон ба фаъолият оғоз намуда буд, ёдгориҳову лавҳаҳои зиёде мавҷуданд, ки аз тамошои он рӯҳи он давр – даҳшатҳову машаққатҳояшро кас эҳсос менамояд...
Мо аз котиби матбуоти маҷмааи ёдгорӣ Наргиза Сафарова хоҳиш намудем, ки оиди нақши занону духтарони кишварамон дар ба даст даровардани Ғалаба, саҳми онҳо дар ақибгоҳ сухан гуяд.
– Азбаски ҷанг дар майдонҳои васеву беканор содир гардида, дар он миллионҳо нафар иштирок кардаанд ва талафоти моддиву маънавии он низ ҳадду канор надошт, омӯхта ба итмом расондани тафсилоту маълумотҳо оиди он мушкилиҳо эҷод мекунад. Таҳқиқотчиёни соҳа даҳсолаҳост, ки мавзӯи ҷангро меомӯзанд ва дар натиҷаи омӯзишҳо маълумотҳои нав дастрас мегарданд, – гуфт Наргиза Сафарова. – Албатта, ҷанг аз мо дар дуриҳо шуд, аммо мардуми мо азобу уқубати ин ҷанги хонумонсӯзро аз дигар иштирокдорони он кам начашидаанд. Аз наврасони 16-17-сола то пирамардҳо ба ҷанг сафарбар гардида бошанд, бачаҳову занону пиронсолҳо дар ақибгоҳ аз пайи таъмини фронт буданд, ҳарчанд аз он неъматҳое, ки бо арақи ҷабин меофариданд, худ намехӯрданду намепӯшиданд.
Дар ҳамин маврид бояд қайд намуд, ки бонувони Ӯзбекистон дар таъмини ақибгоҳ нақши муҳим бозиданд. Маҳсулоти омодакардаи онҳо нафақат ба аскарон, балки ба аҳолии шаҳрҳои аз фашистон озодгардидаи ватан низ фиристода мешуд, масалан, пас аз озод шудани шаҳри Ленинград, ки дар давоми 900 рӯз дар муҳосири гетлерчиён буд, 600 вагон орд ва гӯшт, 100 вагон биринҷ ва 60 вагон меваи хушк фиристонида шудааст.
Ғайр аз ин, он солҳо саҳми занонро дар тарбияи бачаҳое, ки аз Украина, Белоруссия ва дигар шаҳрҳои Русия ба мамлакати мо оварда мешуданд, дидан мумкин аст. Солҳои ҷанг беш аз як миллион нафар касон аз ҳудудҳое, ки фашистон ишғол намуда буданд, ба ҷумҳурии мо оварда шудаанд, ки зиёда аз 200 ҳазор нафари онҳоро бачаҳо ташкил мекарданд.
Ҳамдиёрони мо, ки аксар худашон ба кумаки моддӣ ниёз доштанд, тавассути нуқтаҳои эвакуатсионӣ то 12-14 нафар бачаҳоро ба тарбияи худ гирифтанд. Роҳбари онвақтаи кишвар Усмон Юсупов 3 нафар, Шомаҳмудови тошкандӣ 14, Қосимоваи самарқандӣ низ 14 нафар, Самадови каттақӯрғонӣ 12, Ҷӯраева ва Ашурхӯҷаеваи бухороӣ 8 нафарӣ бачагонро ба тарбияашон гирифтанд.
Яке аз бонуи номвару меҳрубон Антонина Хлебушкинаро то ҳол ҳамдиёрони мо бо сифатҳои хуби инсониаш ба ёд меорад. Ӯ соли 1942 сарварии хонаи меҳрубоние, ки дар Тошканд нав кушода буд, ба ӯҳда гирифта, то соли 1995 бо маҳорати баланд идора намудааст. Бесабаб зиёда аз чил нафар тарбиятгирандагони ин хонаи меҳрубонӣ насаби ӯро ҳамчун фамилияи худ интихоб нанамуданд. А. Хлебушкина дар ин муддати тӯлонӣ ба беш аз чаҳор ҳазор нафар кӯдак меҳри модарии худро дареғ надоштааст, ки мансуби 40 миллат будаанд.
Бо як сухан эътироф намоем, солҳои ҷанг занону духтарон касбу кори падар, писар, ҳамсар ва бародароне, ки ба ҷанг сафарбар шуда буданд, бомуваффақият соҳиб гаштанд, чунончӣ, саҳми заноне, ки то моҳи октябри соли 1941 дар корхонаҳои саноатӣ кор мекарданд, 45 фоизро ташкил карда бошад, ин нишондод соли 1943 ба 63 фоиз расид.
Он солҳо занон таҳти шиори «Барои худ ва барои рафиқи ба фронт рафтаи худ меҳнат кун, дар замони ҷанг коратро ду ҳисса ичро кун» бо ғайрату шуҷоати баланд меҳнат карда, меъёри ҳаррӯзаро бештар аз 200 фоиз иҷро мекарданд. Наздик ба 64 ҳазор нафар бонувон ба фермаҳои чорвопарварӣ, бригада ва хоҷагиҳои ҷамоавӣ сарварӣ намуданд. Касберо ёфтан душвор буд, ки занон азхуд накарда бошанд ва онҳо ҳатто дар соҳаҳои хоҷагии халқ, монанди саноати оҳану металлургия, нақлиёти роҳи оҳан босамар кор карданд. Ҳарчанд рӯзи корӣ барои калонсолон ба 11 соат дароз карда шуда буд, онҳо дар шароити вазнин то 12-14 соат кор мекарданд. Коргарзанони заводи авиатсионии ба номи Чкалов ва «Ташселмаш», ки меъёри ҳаррӯзаро 200 фоиз ва аз он ҳам зиёд иҷро мекарданд, бо меҳнати фидокоронаи худ ба ғалаба ҳиссаи калон гузоштанд.
Хизматҳои занон дар паси фронт назире надошт, масалан, М. Хидирова ном колхозчизан аз ноҳияи Сариосиё дар зарфи 40 рӯз беш аз 10 тонна пахта чидааст. Меҳнати даҳҳо нафар чунин заноне, ки дар пахтачинӣ фидокорӣ кардаанд, аз тарафи ҳукумат қадрдонӣ гардид, онҳо ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» мушарраф гардиданд.
4555 нафар занону духтарони ӯзбекистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ихтиёран ба майдонҳои ҷанг рафта, дар Ғалаба саҳми арзанда гузоштанд, аз ҷумла, Н. Иброҳимова, А. Мукаррамова, Ф. Рамазонова, хоҳарон Ғиёсоваҳо, З. Ғаниева, Р. Алимова, А. Қаландарова, М. Самадова, М. Саидҷонова, С. Давронова, Я. Раҳматова, У. Шокирова, М. Амонова, С. Рӯзиева, С. Камолова, С. Маҷидова, Ш. Каримова, Ҳ. Усмонова, З. Полвонова, Г. Муҳаммадҷонова, З. Ҳасанова, Ш. Аҳмедова, С. Саидова, М. Хотмулина, О. Зубарева, М. Умархоҷаева, В. Захарова, Е. Нахейман, Р. Муъминова ва дигар бонувон ҳамчун шифокор, разведкачӣ, алоқачӣ, тӯпчӣ дар майдонҳои ҷанг қаҳрамониҳо нишон додаанд. Доир ба қаҳрамониҳое, ки занону духтарони Ӯзбекистон чи дар майдонҳои ҷанг ва чи дар мустаҳкамсозии ақибгоҳ нишон додаанд, асарҳои зиёд навишта, филмҳои бисёр ба навор гирифта шудаанд, ки ҳамаи ин моро водор месозад, ба қадри чунин рӯзҳои орому осудаву бошукӯҳ бирасем.
Набия Нодирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».