МАСКАНИ ТАЪЛИМ — ПОЙГОҲИ ИЛМУ ДОНИШ

Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландия, воқеъ дар шаҳри Самарқанд, намунаи муассисаи байналмилалӣ ва замонавии таҳсилот буда, яке аз марказҳои фаъоли бозомӯзии кадрҳои соҳавӣ дар самтҳои педагогика ва таълими забонҳои миллӣ ба шумор меравад.

Дар замони пешрафт, ки илму маориф пояи асосии тараққиёти ҳар як кишвар аст, нақши муассисаҳои таълимии муосир ва гуногунсамт муҳим арзёбӣ мешавад. Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландия, воқеъ дар шаҳри Самарқанд, намунаи муассисаи байналмилалӣ ва замонавии таҳсилот буда, яке аз марказҳои фаъоли бозомӯзии кадрҳои соҳавӣ дар самтҳои педагогика ва таълими забонҳои миллӣ ба шумор меравад.

Ректори донишкада Шаҳзода Неъматова, доктори фанҳои фалсафа, профессор як шахсияти барҷастаи соҳаи маориф аст, ки дар рушди стратегӣ ва ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимии донишкада бо таҷрибаи байналмилалӣ саҳми шоиста мегузорад. Бо роҳбарии ӯ донишкада ба як макони омӯзишии инноватсионӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мубаддал гаштааст.

Ҳоло дар донишкада аз рӯйи чанд самт чун таълими томактабӣ, таълими ибтидоӣ, методикаи таърих, биология, кимиё, физика, математика гурӯҳҳои тоҷикӣ амал мекунанд. Соли ҷорӣ 85 дарсади хатмкунандагон бо ҷойҳои кор таъмин гардиданд.

Финландия яке аз беҳтарин низомҳои таълимиро дорад. Мувофиқи маълумоти рейтинги таҳсилоти PISA ва UNESCO, яке аз 3 кишварҳои беҳтарин дар соҳаи маориф мебошад. Сабаб дар усулҳои фаъоли таълим, муносибати эҷодӣ ба омӯзиш мебошад. Донишкада бо назардошти ҳамин усулҳо, моделҳои таълимии финро дар низоми омӯзиши худ татбиқ мекунад. Яке аз муассисаҳои таълимии олие мебошад, ки ба таҳсилоти тоҷикӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Ҳар сол, мутахассис ва муаллимон ба Финландия барои омӯзиши таҷрибаи педагогӣ мераванд. Онҳо дар марказҳои таълимии пешрафта ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо методологияи навин, усулҳои таълимии инноватсионӣ ва таҷрибаи роҳбарии таълимӣ шинос мешаванд, ки пас аз баргаштан дар донишкада онро ба шогирдони худ меомӯзанд.

Донишкада бо муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон низ ҳамкории пурсамар дорад. Аз донишгоҳҳои Тоҷикистон профессор ва муаллимони ботаҷриба ба донишкада омада, бо донишҷӯён ва омӯзгорон ҷиҳати беҳтар кардани равандҳои таълим ҳамкорӣ мекунанд.

Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон – Финландия на танҳо як маркази омодасозии омӯзгорони ҷавобгӯ ба талаботи муосир аст, балки як пойгоҳи муҳими рушди забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ба шумор меравад. Омезиши анъанаи миллии маориф бо таҷрибаи пешрафтаи Финландия ба ин донишкада имкон медиҳад, ки на танҳо кадрҳои соҳибмаълумот, балки шахсиятҳои ояндасозро тарбия намояд.

Салоҳиддин ҶАҲОНГИРЗОДА,

донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: