Саҳми халқи мо дар Ғалаба ин солномаи ҷасорат ва қаҳрамонии ҳақиқӣ аст

  • Саҳми халқи мо дар Ғалаба ин солномаи ҷасорат ва қаҳрамонии ҳақиқӣ аст

Аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон 80-сол гузашт.Бо вуҷуди он ки аз он замон даҳсолаҳо гузаштанд, таърих, азият ва санҷишҳои ба бор овардаи вай фаромӯш намешаванд. Баръакс даҳшати ҷанг ба мо қадри сулҳу салоҳро хотиррасон мекунад.

Рӯзи хотира ва қадр, ки 9 май қайд карда мешавад, маҳз ин мазмуни амиқро дар худ таҷассум менамояд.

Президент Шавкат Мирзиёев имрӯз Боғи Ғалабаро зиёрат кард ва дар маросими ёдбуд иштирок намуд.

Дар тамоми ҳудуди боғ мусиқии муассир садо дод. Ҳар кадом ёдгорӣ, рамз ва навиштаҷоти инҷо ҳақиқати фоҷиаомези ҷангро инъикос менамоянд ва саҳми бузурги халқи моро дар Ғалаба таъкид мекунанд. Боғ, ба хусус дар рӯзҳои хотира чун имрӯз серодам мешавад.

Мувофиқи анъанаи солҳои охир роҳбари давлат ба пояи ёдгории «Қасидаи мардонагӣ» гулчанбар гузошт.

Ин ёдгории муҳташам рамзи азиятҳо, нохушиҳо, ҷасорат ва бохтҳое мебошад, ки халқи мо дар солҳои ҷанг аз сар гузаронидааст.

Бинобар маълумоти бойгонӣ аз 6,8 миллион аҳолии умумии мамлакат тақрибан 2 миллион дар ин муҳорибаҳои хунин бар муқобили фашизм иштирок кардаанд. Анқариб 540 ҳазори онҳо фавтида, 158 ҳазор нафарашон гумном шудаанд, зиёда аз 50 ҳазор нафар аз азобҳои тоқатнопазир дар конслагерҳо ба ҳалокат расида, беш аз 60 ҳазор нафар аз фронтҳо маъюбу ногиро баргаштаанд.

Дар бораи қаҳрамониҳои аскарону афсарони ӯзбекистонӣ он санад шаҳодат медиҳад, ки 214 ҳазор нафари онҳо бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд.

Солҳои ҷанг ҷумҳурии мо ба пойгоҳи муътамади ақибгоҳи фронт табдил ёфт: ба ҷангоҳҳо дар ҳаҷми бузург техника, яроқу аслиҳа, сару либос ва хӯроквориҳо фиристода мешуданд. Бо вуҷуди шароити бағоят мураккаб мардуми Ӯзбекистон тақрибан 1,5 миллион нафар аз минтақаҳои ҳарбӣ ба ақибгоҳ кӯчонидашудагонро бо оғӯши кушод қабул кард, дар байни онҳо аз ҷумла 250 ҳазор нафар ятим ҳам буданд.

– Ҳамаи ин солномаи ҷасорат ва қаҳрамонии ҳақиқист. Мо бо мардуми ҷасури худ, ки дар чунин Ғалабаи душвор ва пуршараф саҳми сазовори худро гузоштааст, барҳақ ифтихор мекунем. Ин қаҳрамонӣ набояд фаромӯш гардад, ин санадҳо бояд ба ҷавонон расонида шаванд. Ин ҷиҳат дар замони пурташвиши кунунӣ ба хусус муҳим мебошад. Ҳар кадоми мо бояд ҳар рӯз ба ҳифзи Ватан тайёр бошем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 феврал дар мамлакат 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва Рӯзи хотираву қадр васеъ қайд карда мешавад. Онҳое, ки ҳаёти худро барои зиндагии осудаҳолонаи насли оянда қурбон кардаанд, бо ҳурмату эҳтиром ёд карда мешаванд. Ба собиқадорони меҳнат ва пироне, ки алҳол зиндаву саломатанд эътибори махсус дода мешавад, нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир мегардад.

Дар маросим намояндагони Нирӯҳои Мусаллаҳ, созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, фаъолони маҳаллаҳо ва пирони муҳтарам иштирок карданд. Иштирокдорон ба пояи ёдгорӣ гул гузоштанд.

Роҳбари давлат ҳамчунин композитсияи «Чароғи хотира»-ро, ки дар боғ гузошта шудааст, зиёрат кард. Он ба ҷасорати ӯзбекистониёне, ки дар фронтҳо ҷангиданд, дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд, бахшида шудааст. Ёдгорӣ дар шакли ду паррандаи парвозӣ тасвир гардидааст, ки рамзи идомати наслҳо мебошад.

Композитсия мероси таърихӣ ва санъати кунуниро муттаҳид менамояд. Бинобар коди QR, ки дар ёдгорӣ ҷойгузин шудааст, зиёраткунандагон метавонанд дар бораи маҷмуа ва қаҳрамонони ҷанг, ки дар китоби «Чароғи хотира» ҷой доранд, маълумот пайдо кунанд.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: