Президент Шавкат Мирзиёев аз Хиёбони қаҳрамонони миллии Боғи Ғалаба боздид ба амал овард.
Ёдгории мазкур, ки бо ташаббуси роҳбари давлати мо бунёд шудааст, ба хотираи хидматчиёни ҳарбӣ ва ходимони ҳуқуқу тартибот бахшида мешавад, ки ҳаёти худро барои ҳифзи кишвари мо дар тӯли солҳои истиқлолият қурбон кардаанд.
Аз баландӣ маҷмӯъ дар шакли ҳилол ва дувоздаҳ ситора чун дар парчами давлатии Ӯзбекистон падидор мегардад. Тарҳи ситораҳои баландиашон тақрибан ду метр ба сифати тахтачаҳои ёдгорӣ хидмат мекунанд, ки дар онҳо бо ҳарфҳои заррин номи 196 қаҳрамон сабт гардидаанд. Дар шафати онҳо мониторҳо гузошта шудаанд, ки дар онҳо маводҳои аккосӣ ва видеоӣ оид ба ҳаёти ин одамон: бачагии онҳо, орзуву ормонҳо, хидмат, оилаҳояшон намоиш дода мешаванд. Дар ин ҷо нафақат номҳо, балки дар пешрӯи ҳар як тамошобин сарнавишти инсонии ҳар кадоми онҳо қарор мегиранд.
Ҳилол ба хиёбон шакли амфитеатри мӯъҷазро медиҳад, аз қисмати болоии он риштаҳои об мефароянд, ки рамзи покӣ мебошад. Ин консепсияи бадеиро композитсияи ёдбуд анҷом медиҳад: дар марказ симои падару модароне тасвир шудааст, ки писарони худро ба хидмати ҳарбӣ гуселонидаанд. Дар паҳлӯҳо сурати намояндагони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати оид ба вазъиятҳои фавқулода, Суди олӣ, мақомоти прокуратура, Хидмати амнияти давлатӣ, Кумитаи гумрук ва Гвардияи миллӣ ҷой доранд.
Президент бо оилаи хидматчиёни ҳарбии фавтида мулоқот кард.
– Ҳар сол мо ба ин ҷо меоем, то ки талафоти Ҷанги дуюми ҷаҳонро ба хотир оварем. Акнун дар ин ҷо ёдгории мазкурро ҳам ба хотири дар тӯли солҳои истиқлолият фавтидагон ташкил додем. Ин кори хайр аст, зеро онҳо низ қаҳрамонони миллии мо мебошанд. Аз ин рӯ мавзеи мазкур аҳамияти махсус дорад. Ин дарки махсусияти худ, ин эҳтиром нисбати инсон аст, – қайд кард Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат ба оилаи муҳофизони Ватан эҳтироми амиқ изҳор намуд.
– Инҳо писарони диловари халқ мебошанд, ки ҳаёти худро фикр накарда, ба вазифаи худ содиқ монданд ва баҳри осудагии одамон ҷонашонро фидо намуданд. Дар он ки алҳол осмони кишвари мо орому мусаффост, хидмати бузурги онҳо ҳаст. Оила ва наздикони эшон бояд донанд: онҳо ҳамеша бо мостанд, номҳояшон дар қалбҳои мо боқист. Ман дар назди падару модарон, ҳамсарони ин ватандӯстон сари таъзим фуруд меорам. Бигузор фарзандони онҳо сазовори падарони қаҳрамони худ бошанд, гуфт Президент.
Зарурияти баргузор кардани чорабиниҳои ёдбуд дар ноҳияҳое, ки қаҳрамонони миллӣ таваллуд шудаанд, ба насли ҷавон дар бораи диловарии онҳо нақл кардан, навиштани асарҳо оид ба қаҳрамониҳои онҳо, ки намунаи ҷоннисорист, таъкид гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев ҳамчунин аз иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва фронти меҳнат боздид ба амал овард. Дар мулоқот роҳбари давлат онҳоро бо ҷашн табрику муборакбод намуд.
Пеш аз ҳама, шумо ва дар шахси шумо ҳамаи собиқадорони муҳтарамамонро бо 80-умин солгарди Ғалаба муборакбод менамоям. Аз номи тамоми халқамон ба шумо миннатдории амиқ изҳор менамоям. Ба шарофати қаҳрамониҳои шумо насли кунунӣ орому осудаҳолона зиндагӣ мекунад. Мо бояд аз тариқи шумо қадри сулҳу салоҳро то ба ҷавонон расонем. Тамоми ҳаёти шумо барои мо намунаи ибрат аст, ҳар як сухани шумо мактаби бузург, сарчашмаи ҳикмат мебошад. Бигузор Худованд ба шумо сиҳҳату саломатии мустаҳкам ва умри дароз ато намояд, то муддати мадид ифтихор ва такягоҳи маънавии мо боқӣ монед, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Собиқадорон барои эътибор ва эҳтиром ба хотираи таърихӣ, барои зуҳуроти ғамхорӣ нисбати насли куҳансол миннатдорӣ баён намуда, дуо карданд.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 феврал ба иштирокдорони ҷанг ва фронти меҳнатӣ эҳтироми сазовор зоҳир карда мешавад.
Ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон мукофоти якдафъаинаи пулӣ ба миқдори 10 ҳазор доллари ИМА, ба шахсони ҳуқуқашон ба онҳо мусовӣ 25 миллион сӯмӣ, ба иштирокдорони фронти меҳнатӣ бошад, 3 миллион сӯмӣ пардохта мешавад.
Собиқадорони зиёд ҳамчунин бо медалҳои ҷашнии «80 соли Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон» мукофотонида шуданд.
Барои иштирокдорон ва ногироҳои ҷанг хидматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла нигоҳубини патронажӣ ташкил гардидаанд. Бинобар хоҳиши худ онҳо метавонанд дар шифогоҳҳо табобат гиранд.
Бо иштироки роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, созмонҳои соҳавӣ ва қисмҳои ҳарбӣ истиқболи собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳамчунин оилаи хидматчиёни ҳарбӣ ва ходимони мақомоти ҳуқуқу тартибот, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ дар солҳои истиқлолият фавтидаанд, ҷорӣ карда мешавад. Ба онҳо кумаки ҳамаҷониба ва дар масъалаҳои маишӣ ёрии доимӣ расонда мешаванд.