ПУРСИШНОМА ДАР БАЙНИ МАКТАБҲОИ НУРАТО АНҶОМ ЁФТ!

Дар пурсишнома, ки аз 3 май (соати 14:00) то 9 май (соати 15:00) идома ёфт, 12119 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” дар телеграм бо мақсади муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ дар байни панҷ мактаб, ки таълим пурра бо забони тоҷикӣ аст, пурсишнома гузаронида шуд.

Дар пурсишнома, ки аз 3 май (соати 14:00) то 9 май (соати 15:00) идома ёфт, 12119 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастӣ ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 21-уми деҳаи Соби ноҳия (директор Нуралӣ Қудратов) бо ҷамъ овардани 6907 овоз ҷойи якумро ба даст оварданд.

Ҷойи дувум ба ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 30-уми деҳаи Сойхурд (директор Тангир Раҳмонов), ки 4152 овоз ҷамъ карданд, насиб кард.

Дар пурсишнома ҷамоаи мактабҳои 43 ( 788 овоз), 38 (145 овоз), ва 49 (127) овоз ҷамъ карданд.

Ба ҳамаи онҳое, ки дар раванди овоздиҳӣ фаъол иштирок карданд, ТАШАККУР мегӯем.

Ёдовар мекунем, ки дар бораи ҳаёти мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Нурато – мактаби рақами 21, ки дар пурсишнома овози бештар ҷамъ карданд, мақола омода ва таҳти рукни “Аз ҳаёти як мактаб” дар рӯзнома чоп мегардад.

Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".

 

P/S: Овозҳое, ки муштариён баъд аз соати 15:00 доданд, қабул карда намешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: