ВОҚЕАИ ҚАНДИ КОҒАЗПЕЧ – ХОТИРАИ ҶОВИДОН

Чун нақше, ки бар санг тарошида бошад, хотираи ӯ дар қалби мардум ҷовидонист. Тешабой Одилов – қаҳрамонест, ки барои озодӣ ва оромии Ватану халқи худ диловарона ҷангидааст.

Вай аз зумраи он муҳофизони Ватан буд, ки дар муҳорибаҳои шадиди зидди душман аз соли 1941 то соли 1945 қаҳрамониҳои беназир нишон дода, ифтихори тамоми мардуми мо гаштааст. Мо ифтихор дорем, ки ӯ ҳамдиёри мост. Т. Одилов 15-уми сентябри соли 1918 дар деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона таваллуд ёфтааст. Вай аз кӯдакӣ ҳамчун шахси босавод, ҷӯё ва фидокор ба воя расида, соҳиби истеъдоди баланд буд, дар мактаб аъло мехонд. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм карда, дар ҳамон мактаб ба фаъолият шӯрӯъ кард. Соли 1938 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, баъди тайёрии кӯтоҳмуддат ӯро ба фронт фиристоданд. Дар ҷангҳои шадиди Ленинград иштирок кард. Баъди мағлубияти фашистони хонумонсӯз низ то соли 1947 хидмати ҳарбиро давом дод. Сипас, соли 1948 бо ордену медалҳои зиёд баргашт ва ҳаёти худро ба таълиму тарбияи фарзандони халқ бахшид. Баъдан дар соҳаҳои хоҷагидорӣ ҳам кор кардааст. Ӯ соли 1997 вафот кард.

Т. Одилов падари сенздаҳ нафар фарзанд буд. Кори неку номи неки ӯро фарзандонаш дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт идома медиҳанд.

Тешабой Одилов боре нақл карда буд, ки немисҳо ба шаҳри Ленинград хеле наздик омада буданд. Номҳои мо дар радио ва рӯзномаҳо овоза шуда буд. Дар завод муҳимот ва тири тӯп истеҳсол мешуд. Фармон шуд, ки ба завод равем ва бо мардум   суҳбатҳои гарм карда, рӯҳияи онҳоро мебардоштем, мегуфтем, ки «Ғалаба ҳатман аз они мост!»

Ҳангоме ки суҳбат тамом шуд, зани солхӯрдае ба наздам омада, ба ман як дона қанди коғазпечро дод ва бо меҳрубонӣ гуфт:

– Илтимос, писарам, инро бигир ва барои ин аз номи ман як фашистро нобуд кун!

Ман розӣ шуда, хостам, ки қанди коғазпечро баргардонам, вале ӯ нагирифт. Ман он қанди коғазпечро нахӯрда, чун ёдгорӣ дар худ нигоҳ доштам. Ҳар дафъае, ки онро медидам, симои он зани солхӯрдаи чашмони пуробу лабрези дарду ифтихор, пеши назарам меомад. Ӯ барои Ватан, барои фарзандонаш, барои ҳаёти осоишта, тамоми муҳаббат ва умедашро дар он як луқма шодии ширин ҷой дода буд. Ман дар он қанди коғазпеч гиряи хомӯш ва дуои модари зореро ҳис мекардам ва дар дил қасам мехӯрдам, ки фидокорона ҷангида, дар ғалаба бар фашизм саҳм гузорам.

Бойхон Муъминов, донишҷӯйи соли сеюми бахши забону адабиёти тоҷикии Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: