Симои тоза касб намудани ин шаҳри куҳанбунёд беҳуда нест. Зеро шиори Президент «Халқи мо фардо не, имрӯз бояд зиндагии беҳтар дошта бошад» дар мисоли шаҳри Қӯқанд хеле равшан таҷассум ёфтааст.
Сохтмонҳои васеъмиқёсе, ки имрӯз дар ин шаҳри бостонӣ сурат мегиранд, дар таърихи Ӯзбекистони Нав дида нашудааст. Илму технология рушд ёфта, ҷойҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки солҳои зиёд барои некӯаҳволии мардум хидмат хоҳанд кард.
Ҳар фарде аз шаҳри мо дидан кунад, шоҳиди он мегардад, ки тавассути кранҳои осмонбӯс, садҳо техника ва васоити дигари сохтмон қариб 100 бинои истиқоматӣ қомат рост намудаанд. Ҳамаи ин маҳз бо ташаббуси воқеии Сарвари давлатамон амалӣ гардида, сохтмонҳои азим ба вуҷуд меоянд.
Барномаи азнавсозӣ ва корҳое, ки шаҳрдории Қӯқанд ба асоси ҳидояти Президент дар маҷмааи «Ӯзбекистони Нав» амалӣ месозад, моҳиятан ҷавобгӯ ба ислоҳоте мебошад, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон ба таври васеъ татбиқ мегарданд. Дар ин миён ба аҳолӣ низ фаҳмонида мешавад, ки анҷоми корҳои сохтмон дар асоси нақшаи муқарраргардида ба вуқӯъ мепайванданд ва барои фардои дурахшони онҳо, фарзандон ва наберагонашон ба роҳ монда шудаанд.
Масъулияти ба хонаҳои нав кӯчонидани ҳазорон нафар аҳолиро ҳокими шаҳр Маъруфҷон Усмонов бар ӯҳда дорад. Вай дар робита бо сифати манзилҳои сохташуда, ба масъалаҳои иртиботот, обу газу барқ ва ҳалли тамоми мушкилоти аҳолӣ ҳамчун шахси масъул бархурд менамояд, то ки дар оянда онҳо нороҳат нашаванд.
Сохтмони аввалин бинои серошёнае, ки дар асоси барномаи эъмор сохта шудааст, ба охир расида, корҳои пардоздиҳӣ оғоз ёфтаанд. Ба қарибӣ ба ин манзилҳои замонавӣ шаҳрвандоне мекӯчанд, ки пештар дар хонаҳои кӯҳнаву фарсудаи шаҳр зиндагӣ мекарданд. Бинои 8 ошёна дорои 120 квартираи 1, 2 ва 3 ҳуҷрадор онҳоро ба канор хоҳад пазируфт. Дар биноҳои баландошёна лифтҳои замонавӣ гузошта шудаанд.
Дар ду бинои серошёнаи дигар низ корҳои сохтмон идома доранд. Ҳарчанд сохтмони ин биноҳо ба наздикӣ оғоз шудааст, корҳо бо суръат пеш мераванд, то ки дар вақти муқарраршуда хонаҳо ба соҳибонашон супурда шаванд.
Дарҳақиқат, маҳз дар доираи ташаббусҳои Сарвари давлатамон аҳолие, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунад, ба ҷои хонаҳои кӯҳна дар биноҳои замонавӣ соҳиби манзил хоҳанд шуд.
Улуғбек Норбоев,
котиби мабуоти ҳокими шаҳри Қӯқанд.