Дар рӯзҳои 25-26 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Навоӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик миёни донишомӯзони синфҳои ёздаҳум зинаи ниҳоии озмун гузаронида шуд. Дар он аз нӯҳ вилояти Ӯзбекистон 24 нафар хонандагоне, ки дар марҳилаи вилоятии озмун ғолиб омада буданд, иштирок намуда, байни ҳамдигар қувваозмоӣ карданд ва аз рӯи натиҷабардорӣ донишомӯзи мактаби миёнаи ҳамагонии рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё Фархунда Искандарова ғолиби мутлақ дониста шуд.
Маълум, ки ҳар сол чун анъана барои муайян кардани сатҳи дониши хонандагон озмунҳои фаннӣ дар чаҳор зина баргузор мегардад. Дар рӯзҳои 25-26 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Навоӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик миёни донишомӯзони синфҳои ёздаҳум зинаи ниҳоии озмун гузаронида шуд. Дар он аз нӯҳ вилояти Ӯзбекистон 24 нафар хонандагоне, ки дар марҳилаи вилоятии озмун ғолиб омада буданд, иштирок намуда, байни ҳамдигар қувваозмоӣ карданд ва аз рӯи натиҷабардорӣ донишомӯзи мактаби миёнаи ҳамагонии рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё Фархунда Искандарова ғолиби мутлақ дониста шуд.
Вақте ки ҳар як комёбӣ ва ё камбудии мактаберо таҳлил мекунем, қабл аз ҳама муҳити таълиму тарбияи он мактабро пеши назар меоварем. Зеро дар муҳити носозгор ҳеч гоҳ шогирдони баркамол ба воя намерасанд. Шогирдони тарбия кардаи ҳар як дабистон оинаи он мактабу устодони ӯст. Инро мо дар мисоли мактаби рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё баръало дида метавонем. Ман аз соли 1992 инҷониб – замоне, ки дар рӯзномаи тоҷикии «Садои Сурхон»-и вилояти Сурхондарё кор мекардам, бо тақозои вазифа бо ин мактаб ҳамкорӣ мекунам. Ҷамоаи аҳлу муҳити созгор номи мактабро на танҳо дар ҳудуди ноҳияву вилоят, балки дар миқёси ҷумҳурӣ низ номвару шуҳратёр гардонидааст. Ин мактабро бо номи «Мактаби Абдуллоҳи Раҳмон» низ ба забон мегиранд. Зеро шодравон, шоири зиндаёд Абдуллоҳи Раҳмон муҳитеро дар мактаб фароҳам овард, ки имрӯзҳо шогирдонаш номбардори мактабанд. Ӯ на роҳбар буду на соҳибунвон, вале садҳо шогирдони тайёркардаи ӯ имрӯз роҳбаранду соҳибунвон. Яке аз шогирдони ӯ, омӯзгори соҳибтаҷрибаи тоифаи олӣ, Аълочии маорифи Ӯзбекистон Фарида Муҳиддинова мебошад, ки дар ҷодаи таълиму тарбия пайрави устоди худ буда, бо истифодабарӣ аз усулу таҷрибаҳои устод ва корбарии усулҳои нав имрӯзҳо пайиҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.
Фарида Муҳиддинова 1 октябри соли 1975 дар деҳаи зебоманзари Сариҷӯйи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ба дунё омадааст. Соли 1992 мактаби миёнаи таълими ҳамагонии рақами 38-умро бо медали нуқра хатм менамояд. Соли 1992 ба шуъбаи рӯзонаи бахши забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1997 шуъбаи ғоибонаи факултети мазкурро бо баҳоҳои аъло тамом мекунад.
Соли 1993 ба мактаби миёнаи рақами 38 ба ҳайси омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба кор қабул карда мешавад. Солҳои 2008-2009 вазифаи мудири қисми илмии мактабро ба уҳда мегирад. Аз соли 2009 то имрӯз ҳамчун омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик фаъолият менамояд. Соли таҳсили 2008-2009 ғолиби озмуни «Муаллими сол» мегардад.
Солҳои тӯлонист, ки роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои филологӣ ва иҷтимоиро ба уҳда дорад. Соли таҳсили 2021-2022 хонандаи дигари ӯ Нозанин Қурбонназарова дар синфҳои 9-11 дар зинаҳои ноҳиявию вилоятӣ иштирок намуда, ғолибияти мутлақро ба даст оварда, ба зинаи республикавӣ роҳхат мегирад. Соли таҳсили 2022-2023 дар олимпиадаи асосӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар зинаи ҷумҳуриявӣ, ки дар ноҳияи Қуваи вилояти Фарғона баргузор гардид, шогирди Фарида Муҳиддинова – Нозанин Қурбонназарова сазовори ҷои дуюм мегардад.
Дар соли таҳсили 2024-2025 низ дари бахту саодат ба рӯи ӯву шогирди дигараш Фархунда Искандарова боз гардид. Хонандаи хушзеҳну қобилиятноки ӯ Фархунда Искандарова, ки ҳини хондан дар синфҳои 9,10,11 дар зинаи вилоятӣ пайи ҳам ғолиби мутлақ гардида буд, дар зинаи чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Навоӣ баргузор шуд, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолона ширкат варзида, бо 90,5 хол ғолибияти мутлақро ба даст овард ва сазовори ҷои якум гардид.
Вақте ки ғолиби озмун Фархунда Искандарова бо устоди раҳнамояш Фарида Муҳиддинова бо сари баланд аз шаҳри Навоӣ баргаштанд, дар мактаби таҳсилкардаи ӯ – мактаби рақами 38 чорабинии мутантане баргузор шуд. Саҳни мактаби мазкур, ки худ як баҳористонеро мемонад, аҷаб дилрабо ва моломоли шодиву сурур буд. Ҷамоаи устодону шогирдони дабистон, падару модарон, фахриёни маҳаллаи «Себзор» ба истиқболи шогирди музаффар ва устоди сарфароз ҷамъ омада буданд. Ҳар дуро шодбош мегуфтанду табрику таҳният. Мавҷи кафкӯбӣ, садои мусиқӣ дар атроф танинандоз буд. Бо шеърхониву рақсу бозӣ шарикдарсон хурсандии худро нисбати Фархундаву устодаш изҳор мекарданд. Табрику суханрониҳои иштирокчиёни чорабинӣ ба устоду шогирд руҳу тавон мебахшид. Ба ҳарду гулдаставу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд…
Фархунда Искандарова 16 октябри соли 2007 дар деҳаи зебоманзари Гулистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ба хондан завқи баланд дошт. Ҳар як дарси устодонро бо диққат мешуниду азхуд мекард. Дар чорабиниҳои фарҳангии мактаб фаъол ширкат меварзид, дар маҳфилҳои фаннӣ дониши худро такмил медод. Ба сухану панди устодон амал мекард.
Тазаккур бояд дод, ки муҳити оилавии Фархунда, ки дар хонадон фарзанди калонӣ маҳсуб меёбад, солим буда, падараш Искандар Бердиев ва бобояш Рӯзимурод Бердиев низ омӯзгорони ҳамин мактаб буданд. Модараш Зиёдагул Раҳмонова бошад, духтари шоири зиндаёд, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Абдуллоҳи Раҳмон аст. Ин модари дар муҳити шеъру шоирӣ тарбияёфта ба тарбияи фарзандон ҳамеша эътибори ҷиддӣ медиҳад. Пас барои муваффақ шудан ба чунин комёбии беназир ҳам муҳити оила, ҳам муҳити мактаби номдор ва ҳам устоди сахтгиру меҳрубон сабаб гардиданд. Ин комёбиҳои набераашро шоири марҳум Абдуллоҳи Раҳмон агар медид, албатта, ифтихор мекард. Фархунда низ имрӯз аз он ифтихор дорад, ки вориси ҳақиқии падару бобоёни худ мебошад ва дар оянда низ қуллаҳои нав ба нави донишро фатҳ хоҳад кард.
– Рақобат хеле пуршиддат сурат гирифт, – мегӯяд озмунро ба ёд оварда яке аз ҳакамони адолатпарвар Турдиқул Ҳасратов. – Рӯзи аввал бисёре аз донишомӯзон дар навиштани эссе аз рӯйи мавзӯи додашуда маҳорати хуб нишон доданд, дар рӯзи дуввум бошад, дар иҷрои саволномаҳои тест низ чанд нафари онҳо холҳои баланд ба даст оварданд. Хусусан, натиҷаи ба даст овардаи шогирдони мактабҳои тоҷикӣ вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд, Фарғона, Тошканд ва Навоӣ назаррас буд. Панҷ нафар ҳакамон кори ҳар як иштирокдори озмунро бодиққат аз назар гузаронида, мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда холисонаву одилона баҳогузорӣ карданд. Дар натиҷа аз рӯйи ҳарду шарти озмун бо холи аз ҳама баланд (90,5) донишомӯзи мактаби рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё Фархунда Искандарова ҷойи якумро ишғол намуд. Маълум буд, ки хонанда тайёрии хубу пухта дидаасту устодаш Фарида Муҳиддинова, ки омӯзгори ботаҷриба ва пурдониш аст, дар тайёр намудани ӯ заҳмати зиёд харҷ кардааст.
Фарида фидоии касби худ аст. Зиёда аз 30 сол ба шогирдон аз забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Пешаи худро беҳад дӯст медорад ва ба қавле, нони худро ҳалол карда мехӯрад. Ӯ барои маош ё худ обрӯву эътибор кор намекунад, ҳар соати дарсӣ барои ӯ масъулияти ҷиддӣ, ҳар шогирд барояш чун фарзанд аст. Шогирдон низ ӯро дӯст медоранд, эҳтиромаш мекунанд. Дар ҷамоа низ соҳибобрӯ. Дарсҳои намунавии ӯ миқёси ноҳияву вилоят оммавӣ гардидаанд. Ӯ худ низ бо сари баланд ифтихор менамояд, ки шогирди асили шодравон Абдуллоҳи Раҳмон аст. Шояд ҳамин қадршиносиҳо ӯро ба ҳамин пояҳои баланд бардошта бошад, ки имрӯз худ низ қадр мебинад. Вақте ки дар бораи муносибатҳои устоду шогирдӣ аз ӯ пурсон шудем бо эҳтиром чунин суханонро вирди забон овард:
– Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Устоди аввалини ман модари мушфиқу меҳрубонам, омӯзгори собиқадор Зулфия Саломова мебошанд. Аввалин ҳарфу ҳиҷоро аз модарам омӯхтаам. Ҳоло мактабхон нашуда хондану навиштанро ба ман омӯхтанд. Меҳри забон ва адабиёти тоҷикро устоди беҳтаринам Абдуллоҳи Раҳмон дар қалби ман бедор кардаанд. Инчунин, хидматҳои муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар синфи 10-ум Равзатулло Раҳмонов низ беқиёс аст. Назди устодони азиз ҳамеша сари таъзим фуруд меорам.
Вақте ба фаъолияти устоде баҳо доданӣ шавем, қабл аз ҳама шогирдони ӯро пеши назар меорем. Миёни халқ иборае ҳаст, ки: «Устод чӣ гуна – шогирд намуна». Фарида Муҳиддинова шогирди асиле буд, ки худ имрӯз ба дараҷаи устодӣ расид ва бошад, ки шогирдони ӯ Лолаву Бону, Нозанину Фархунда ва чанди дигар низ устодони номдоре шаванд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.