Соли равон дар 6950 гектар замини ноҳияи Учқӯрғони вилояти Намангон ғалладона парвариш карда мешавад.
Барои мавсими ҷамъоварии ғалларо пурсамар ва муташаккилона гузаронидан 31 отряди махсус ташкил карда шудааст. Ба онҳо 31 адад комбайнҳои ғалладаравӣ ва 155-то мошинҳои боркашон вобаста мебошанд. Ба мақсади барои комбайнронҳо ва аъзои отряд шароити мусоид фароҳам овардан бошишгоҳҳои сайёр ташкил гардиданд.
Техникаҳои мавҷуда аз ҷониби Гурӯҳи кории вилоят аз назорат гузаштанд.
Суратгир: Ҳ.Мамадалиев (ӮзА).