КОРКАРДУ ҶУДОСОЗИИ ПАРТОВҲО — ТАЛАБОТИ ЗАМОН

Солҳои охир ба туфайли афзоиши ҳаҷм ва суръати истифодаи захираҳои табиӣ, таъсири инсон ба табиат рӯз то рӯз зиёд мешавад. Ин ҳолат, дар навбати худ, боиси пайдоиши як қатор мушкилот мегардад. Аз ҷумла, мисли дигар кишварҳои ҷаҳон, дар Ӯзбекистон низ масъалаи коркарди партовҳои маишии сахт ба мавзӯи муҳими рӯз табдил ёфтааст.​

Баланд шудани қобилияти харидории маҳсулоти бастабандишуда дар шабакаҳои савдо сабаби зиёд шудани ҳаҷми партовҳои маишии сахт мегардад. Урбанизатсия низ ба зиёд шудани партовҳо таъсир мерасонад ва масъалаи ҷамъоварӣ, коркард ва безараргардонии онҳо дар баъзе минтақаҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Дар ин замина, бояд қайд кард, ки дар аксар ҳолатҳо полигонҳои партов нигаронкунанда аст. Онҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, ки ба саломатии аҳолӣ, амволи шахсӣ ва захираҳои табиӣ хатар эҷод мекунад ва норозигии шаҳрвандонро ба миён меорад.

Бо мақсади ба тартиб овардани муносибатҳо дар ин соҳа, 26 марти соли 2025 Фармони сарвари давлат «Дар бораи чорабиниҳои минбаъд такмил додан ва ба низом даровардани соҳаи коркарди партовҳо» ба имзо расид.

Мутобиқи ин ҳуҷҷат, инҳо ба сифати самтҳои асосии соҳаи коркарди партовҳо муайян шудаанд:

—  беҳтарсозии куллии ҳолати полигонҳои мавҷудаи партовҳои маишии сахт ва то соли 2030 ба 50 фоиз кам кардани онҳо;

— партовҳои навҳосилшударо ба партовгоҳҳо набароварда, ҷорӣ кардани ҳарчи бештар азкоркард  ё сӯзондани онҳо, инчунин татбиқи иқтисодиёти даврагӣ дар соҳа;

— бар асоси принсипи «партови сифр», ба берун аз шаҳр баровардан ва аз нав кор кардани партовҳои маишӣ, ташкил кардани минтақаҳои махсус барои тавлиди нерӯи сабз ва маҳсулоти дигар аз партовҳо.

Ҳамчунин, дар доираи Агентии идоракунии партовҳо ва рушди иқтисодиёти даврагии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, дар ҳудуди полигонҳои партовҳо минтақаҳои саноатии махсусгардонидашуда барои коркард ва безараргардонии партовҳо таъсис дода мешаванд.

Дар ҳудуди минтақаҳои саноати экологӣ бар асоси тамоюли «партови сифр», лоиҳаҳое, ки ба ҷудокунии пурраи партовҳо, коркарди дубора ва истеҳсоли маҳсулоти дуюмдараҷа ва тайёр, инчунин татбиқи технологияҳои ба даст овардани энергияи алтернативӣ тавассути коркарди термикии партовҳо нигаронда шуда, арзиши онҳо аз 3 миллион доллари ИМА кам намебошанд, тавассути музокироти мустақим аз рӯйи интихоби беҳтарин пешниҳодҳо аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсоз муайян карда мешаванд.

Фармони мазкур барои амалӣ гардонидани ислоҳоти соҳаи идоракунии партовҳо ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, инчунин ҷорӣ намудани муносибатҳои нави ҳуқуқие, ки бар асоси принсипҳои бозорӣ ташкил шудаанд, хизмат мекунад. Он ба амал баровардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро дар бобати фароҳам овардани шароити мусоиди муҳити зист кафолат медиҳад.

Дар ҳамин замина, агар ба корҳое, ки дар вилояти Фарғона анҷом меёбанд, муроҷиат намоем, метавон гуфт, ки бо мақсади таъмин кардани иҷрои саривақтии ин фармон, харитаҳои роҳи дахлдор аллакай таҳия шудаанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҷамъшавии партовҳо дар полигонҳо дар вилоят, коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ва расидан ба тамоюли «партови сифр», чорабиниҳо оид ба таъсиси заводҳои сӯзондан ва компосткунии партовҳо ба роҳ монда шудаанд. Илова бар ин, сохтмони як корхона дар ҳудуди полигон ва заминҳои ҳамсояи он ба нақша гирифта шудааст, ки аз тариқи безараргардонии партовҳо энергияи алтернативии барқӣ истеҳсол хоҳад кард.

Ҳамчунин, тибқи қарори дахлдор 15 гектар замини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи шаҳрвандии «Оқбилол» дар ноҳияи Фарғона ба Агентии идоракунии партовҳо ва рушди иқтисодиёти даврагӣ барои истифодаи доимӣ ҷудо карда мешавад.

Дар асоси маълумоти дар боло зикршуда, якҷо бо мутахассисони ширкати «China Everbright Group Ltd.» аз мавзеъҳои мувофиқ боздид ба амал оварда шуда, барои сохтмони заводи сӯзондани партовҳо ва компосткунии онҳо, қитъаи замини 10 гектарӣ аз заминҳои захираи давлатии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқбилол» интихоб гардида, ба намояндагони ширкати «China Everbright Group Ltd.» бо мақсади мувофиқа пешниҳод шудааст.

Дар ҳақиқат, барои иҷрои босамари Фармон, намояндагони соҳа бо ҷидду ҷаҳд барои татбиқи чорабиниҳои дар харитаи роҳ пешбинишуда кор бурда истодаанд. Албатта, агар мо ҳама якҷоя барои тозагии муҳити зист мубориза набарем ва маърифати экологии шаҳрвандонро ривоҷ надиҳем, ба ҳадафҳои гузошташудаи худ ноил шуда наметавонем. Чунки табиат беэътиноиро ҳаргиз намебахшад.

 

Гулчеҳра ҶӮРАЕВА,  

депутати Палатаи қонунгузории 

Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: