...КИРО ГАНҶИ ДОНИШ БУВАД, ПОДШОСТ!

  • ...КИРО ГАНҶИ ДОНИШ БУВАД, ПОДШОСТ!
  • ...КИРО ГАНҶИ ДОНИШ БУВАД, ПОДШОСТ!
  • ...КИРО ГАНҶИ ДОНИШ БУВАД, ПОДШОСТ!
  • ...КИРО ГАНҶИ ДОНИШ БУВАД, ПОДШОСТ!
  • ...КИРО ГАНҶИ ДОНИШ БУВАД, ПОДШОСТ!
  • ...КИРО ГАНҶИ ДОНИШ БУВАД, ПОДШОСТ!

Дониш барои инсон манбаи фазлу камол буда, ӯро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душворӣ рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониш ӯро ба роҳи рост раҳнамун месозад, соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат мегардонад.

Аз қадимулайём донишмандонро азизу гиромӣ доштаанд. Онҳо дар ҳама маврид дар дилу дидаи мардуманд. Ба қавле, дониш ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад. Шоир барҳақ фармудааст:

Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?

Киро ганҷи дониш бувад, подшост!

Агар ба марги инсонҳои одӣ танҳо фарзандонашон бигирянд, ба марги алломаҳо ҷаҳон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба фарзандон, ҷавононамон аз раҳи тайкардаи бузургон ва равшанфикрони олам дарси ибрат диҳем. Дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки ба ҷавононамон аз ҳар самт хатар таҳдид мекунад, ҳушёриро аз даст надиҳем.

Баланд бардоштани сифати таълим, тайёр намудани кадрҳои ҳарҷониба болаёқати дорои дониши баланди замонавӣ аз масъалаҳои муҳими рӯз гардидааст. Сарвари кишварамон дар тамоми соҳаҳо пеш аз ҳама ба ҷавонон – барпокунандаи ояндаи Ӯзбекистони Нав, баланд бардоштани дониши онҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд, барои ҳаматарафа ба воя расидани онҳо шароити заруриро муҳайё месозад. Роҳбари давлат «Ҳалли ҳама гуна мушкилот, ҷавоби ҳама гуна саволҳо танҳо дар таълим мебошад, калиде, ки дари тафвиқ ва бахтро мекушояд, низ дар таълим ва тарбия аст» гуфта буд дар табрики худ ба омӯзгорон ва мураббиёни Ӯзбекистон. 

Чандест бо мақсади муайян кардани дабистонҳо, донишкадаву донишгоҳҳои фаъолу пешқадами минтақаҳои ҷумҳурӣ пурсишномаи «Овози тоҷик» гузаронда мешавад. Бино ба ҷамъбасти пурсишномаи «Филологияи тоҷик: гурӯҳҳои кадом донишгоҳ фаъол ва пешқадаманд?» гурӯҳҳои тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ бо зиёдтар аз ду ҳазор овоз дастболо шуданд. Бо супориши рӯзнома мо гузориши зеринро аз ин донишгоҳи фаъол омода намудем.

Чирчиқ – шаҳри кимиёгарон

Чирчиқ яке аз панҷ шаҳри калони вилояти Тошканд буда, дар масофаи 32 км. шимолӣ-шарқии пойтахт воқеъ мебошад. Соли 1935 ба муносибати сохтмони ГЭС (истгоҳи обии барқӣ) дар дарёи Чирчиқ ва як шудани якчанд деҳа он расман мақоми шаҳрро гирифт. Чирчиқ чун шаҳри саноатии кимиёгарон шинохта шуда, дар он қариб 170 ҳазор нафар аҳолии мансуби миллатҳои гуногун умр ба сар мебаранд. Қисми зиёди аҳолии шаҳрро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ҳанӯз солҳои 60-уми садаи гузашта, бо мақсади бунёди обанбори Чорбоғ пеши дарё баста шуда, қисме аз аҳолии атрофи соҳилҳои он аз деҳаҳои Нанаю Боғистон ва Бурҷимулло ба Чирчиқ кӯч бастаанд.

Наздикӣ ба пойтахт, зиёд будани корхонаҳои истеҳсолӣ, афзоиши аҳолӣ боиси болоравии инфрасохтори ҳудуд гардида, мактабу литсей, шифохонаҳои замонавӣ, поликлиника, марказҳои хусусии тиббӣ дар хидмати мардуми шаҳр мебошад.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ, Донишкадаи варзишии ҷумҳурӣ дар ин шаҳри кимиёгарон педагогу мураббиён тайёр мекунанд. Корхонаи «Чирчиқ кимиё саноати» ва заводи металлгудозии «Ферроқотишма» дар саноати металлургия мавқеи муҳимро доро мебошанд.

Шаҳри Чирчиқ боиси ҷойгир будан дар ҳамҷавории обанбори Чорбоғ, кӯҳҳои Чимён, мавзеъҳои истироҳатӣ ва табиати тасхиркунандаи ноҳияи Бӯстондиқ барои сайёҳони кишвар ва хориҷӣ аз масканҳои ҷозибанок ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо чун дигар ҳудудҳои кишварамон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Чирчиқ низ ислоҳоти назаррас ба амал бароварда мешаванд. Биноҳои маъмурии замонавӣ ва хонаҳои истиқоматии бисёрошёна бунёд мегарданд. Намои шаҳри кимиёгарон боз ҳам бошукӯҳу муҳташам мегардад.

Чирчиқ табиати зебову дилнишин дорад. Вақте аз болои яке аз шохоби дарёи Чирчиқ мегузаштем, насими форами баҳорӣ гӯё моро ба ин шаҳри зебо ва сабзу хуррам хайра мақдам мегуфт.

Назаре ба таърихи донишгоҳ

– 27-уми июли соли 2017 тибқи қарори Президент Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ таъсис дода шуд. Донишкада дар ибтидо бо се-чор факулта ва теъдоди ками омӯзгорону донишомӯзон фаъолияти худро сар кард. Ҳоли ҳозир дар он зиёда аз бисту чор ҳазор нафар донишҷӯ саргарми таҳсилу тадрисанд. Бино ба гуфтаи муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултаи «Фанҳои гуманитарӣ» Лочин Муҳаммадиев, на ҳама муассисоти таълимӣ дар ин муддати кӯтоҳ ба чунин муваффақият ноил мегардад, – гуфт баъди пазироӣ устоди донишгоҳ Ҳошимҷон Қӯчқоров. – Самараи ана ҳамин гуна пешравиҳост, ки дар назди факултаи фанҳои гуманитарӣ соли 2019 бахши забон ва адабиёти тоҷик низ таъсис дода шуд. Ҳамчунин, худи ҳамон сол дар назди факултаҳои методикаи таълими ибтидоӣ ва таълими томактабӣ таҳсили рӯзонаи гурӯҳҳои тоҷикӣ низ роҳандозӣ гардид. Бояд хотиррасон кард, ки соли 2022 Донишкадаи давлатии педагогии Чирчиқ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ табдил дода шудааст. Ҳоли ҳозир дар он 32 самти бакалаврӣ ва 17 риштаи магистратура амал мекунад. Алҳол даҳ факултет ва сию нӯҳ кафедра фаъолият доранд.

Таъкид гардид, ки бахши забон ва адабиёти тоҷики факултаи фанҳои гуманитарӣ соли 2017 дар ибтидо бо номи факултаи таърих ва забонҳо таъсис дода шуда буд. Бо сабаби васеъ шудани ҳаҷми соати корӣ ва теъдоди зиёди қабули донишомӯзон 31-уми октябри соли 2020 таҳти қарори 4-уми маҷлиси умумии донишкада номи он ба «факултаи фанҳои гуманитарӣ» табдил дода шуд. Дар айни замон, ҳам донишҷӯёни бахшҳои рӯзона ва ҳам ғоибона дар аудиторияҳои замонавии муҷаҳҳаз ва лабораторияҳои ихтисосӣ таҳсил мегиранд. Дар факултет китобхона, лабораторияи таърих, клиникаи ҳуқуқ, марказҳои «Археология», «Дӯстӣ» фаъолият доранд.

Тариқи бакалавриат бахшҳои таърих, забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти қазоқ, забон ва адабиёти тоҷик ва забон ва адабиёти рус ба гурӯҳҳои забонҳои ғайр, кори иҷтимоӣ (идораи худидоракунии шаҳрвандон), ғояи миллию таълими асосҳои маънавият ва ҳуқуқ ҷудо мешавад. Таълими магистратурӣ бошад, зергурӯҳҳои забон ва адабиёти ӯзбек, забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти қазоқ, методикаи омӯзиши фанҳои иҷтимоию гуманитари (асосҳои маънавият)-ро дарбар мегирад. Маҳз дар назди ҳамин факулта марказҳои илмию тадқиқотии маркази таълим ва тадқиқоти шеваҳои ӯзбекӣ, маркази илмию тадқиқотии таърих, клиникаи ҳуқуқ, маркази омӯзиши илмию амалии фанни таърих, забони русӣ барои ҳамагон амал менамояд. Бояд таъкид кард, ки муддати ҳашт сол, яъне аз соли 2017 то ҳоли ҳозир аз рӯйи фанҳои гуногун нақшаҳои омӯзишӣ, маҷмӯаҳои услубию омӯзишӣ, дастурҳои фаннии намунавӣ, дастурҳои омӯзишии корӣ таҷдиди назар мегарданд.

«Хонаи дӯстӣ»

Моро дар даромадгоҳи донишгоҳ омӯзгорон ва донишҷӯён истиқбол намуданд ва ҳама ба утоқи алоҳида – «Хонаи дӯстӣ», ки барои чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии гурӯҳҳои тоҷикӣ пешбинӣ шудааст, дохил шудем. Аз хонаи барҳавою васеъ, рафҳои пури китоб, ҷевони либосҳои миллии тоҷикона, портретҳои бузургони илму адаби форсу тоҷик ва бо ҳарфҳои зебову хоно навишта шудани панду андарзҳои онҳо хушамон омад.

– Меҳмонон, шоиру нависандагон, намояндагони санъат, фарҳанг ва падару модаронеро, ки ба шароити таҳсилу фароғати фарзандонашон таваҷҷуҳ доранд, дар ин ҷо пазироӣ менамоем. Гирдиҳамоиҳои эҷодӣ, китобхонӣ, ҷашнвораҳо бахшида ба зодрӯзи бузургон, Наврӯз, Истиқлол ва дигар идҳои мардумиро бо намоиши либосу таомҳои миллӣ, урфу одат ва дигар анъанаҳо мегузаронем. Дар донишгоҳ барои таҳсил ва фароғати мо шароити мусоид муҳайё карда шудааст. Барои толибилмони курсҳои як ва ду, ки аз вилоятҳо омада таҳсил мегиранд, хобгоҳ ҷудо карда шудааст, – баъди шиносоӣ гуфт донишҷӯйи курси якум Дилрабо Бегалиева. 

Чанд сухан доир ба фаъолияти бахши филологияи тоҷик

Ба гурӯҳҳои тоҷикии «факултаи фанҳои гуманитарӣ» чор нафар омӯзгор таълим медиҳанд, ки яке аз онҳо номзади фанҳои филологӣ, дотсент Малик Кабиров мебошад. Устод муаллифи чандин китоби дарсии таълими олӣ ва муассисаҳои таълими ҳамагонӣ ҳастанд. Омӯзгорони боқимонда ҳам дараҷаи «муаллими калон»-ро соҳиб буда, муаллифи китобҳои дарсӣ ва монографияҳоянд.

Оиди сифати таълим, роҳҳои баланд бардоштани он, китобҳои таълимӣ, норасоиҳо дар ин самт фикри дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Малик Кабировро меорем:

– Алҳол даври рушди воситаҳои техникии замонавист. Донишомӯз метавонад аз он бамаврид ва фаровон истифода барад. Вале омӯзиши забон, хусусиятҳои онро донишомӯз бояд аз мутахассиси ин соҳа омӯзад. Аввалан соатҳои таълимие, ки барои тадриси забони тоҷикӣ муқаррар шудааст (15 ҷуфт маърӯза, 15 ҷуфт амалӣ) барои азхудкунии мавзӯъҳо кифоя нест. Дар барномаи таълимӣ бештар ба хониши мустақилона эътибор дода шудааст, яъне барои омӯхтани баъзе мавзӯъҳо донишомӯз бояд таҳти назорати устод худомӯзӣ кунад. Пӯшида нест, ки дониши донишҷӯёне, ки аз ҳудудҳои ҷумҳурӣ омада ин ҷо таҳсил мегиранд, дар пояи баланд нест. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар барномаи макотиби таълими умумӣ низ ба таълими забони тоҷикӣ соат хеле кам ҷудо карда шудааст. Пас донишомӯз, ки қисмҳову хусусиятҳои забониро, ки дар мактаб бояд меомӯхт, аз худ нокарда чӣ тавр дар мактаби олӣ такмил медиҳад? Масалан, барои азхудкунии ҳиссаҳои нутқи феъл ва исм дуҷуфтӣ, ба дигар ҳиссаҳо якҷуфтӣ соат ҷудо шудаанд. Ин барои азхудкунии мавзӯъҳо ба донишомӯзон муаммоҳоро пеш меорад. Дуруст аст, ки баланд бардоштани сифати дониши талабагон марбути омӯзиши забони тоҷикӣ ба маҳорати устод-омӯзгорону дараҷаи донишазхудкунии талабагон вобастагӣ дорад. Аз сабаби пурра бо китоби дарсӣ таъмин набудани донишомӯзон хониши мустақилона ба тарзи бояду шояд амалӣ мегардад. Таъкид намудан бамаврид аст, ки на ҳамаи донишомӯзон хоҳиши мутахассиси ин соҳа шуданро доранд.

Забони китобҳои дарсӣ фаҳмо, равон бояд бошад. Баъзан калима, истилоҳҳои маъмулу ғайримаъмули ба арабӣ ва русӣ-интернатсионалӣ ифодаёфтаро истифода мебарем, ки дар натиҷа, забони асар душворфаҳм мегардад. Масалан, ба ҷойи калимаи «аркон» – рукнҳо, «уламо» – олимон гӯем мувофиқи матлаб мешуд.  Дар китобҳои дарсӣ дастовардҳои имрӯзаи илми забоншиносиро истифода бурдан ба маврид аст. Масалан, ба ҷойи «морфема» – соза, «суффикс» – пасванд, «префикс» – пешванд, «инфикс» – миёнванд гуфтан хусусияти тоҷиконаро меафзояд.

Масъалаи дигар ин пештар дар китобҳои таълимии мактабҳо барои омӯзиши ҳуҷҷатнигорӣ намунаҳои тарзи навишти маълумотнома, ариза, табрикнома, далолатнома ва ғайра соат ҷудо карда мешуд. Талабагон аз жанрҳои адабӣ каму беш хабардор ҳам буданд. Ин ба он маънӣ, ки табиати факултаи филология то андозае бо рӯзноманигорӣ вобастагии зич дорад. Омӯзгорон ба он нукта бояд эътибори ҷиддӣ диҳанд, то ин ки шогирдон ба рӯзномаҳо хабару мақола навишта тавонанд. Барои босавод навиштани мақола ва такмили услуби баёни талаба бештар хондани асарҳои бадеии тоҷикии нависандагони гузаштаву имрӯза мувофиқи мақсад аст ва он бояд таҳти назорати омӯзгор бошад, хуб мешуд.

Умр боқӣ бошад, минбаъд китобҳои «Шевашиносӣ» ва «Маданияти сухан»-ро барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таълиф намуданиям, – иброз намуд устод.

Гуфтан бамаврид аст, ки Малик Кабиров соли 2010 барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ китоби дарсии «Забони адабии ҳозираи тоҷик» қисми 1 (луғатшиносӣ, фразеология)-ро таълиф намудааст. Қисми дуюми китоби мазкур (сарф) бо ҳаммуаллифии профессори ДДБ Т. Чориев ва соли 2024 китоби «Забони адабии ҳозираи тоҷик» қисми 3 (наҳв) аз чоп баромад. Устод дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва нашрияҳои Тоҷикистон мақолаҳои илмии худро дарҷ намуда, хонандагони зиёд пайдо кардааст, инчунин муаллифи китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ»-и синфи 6 (соли 2005), синфи 9 (соли 2004), синфи 10 (соли 2017), синфи 11 (соли 2005) мебошад. Дар таълифи китобҳои «Забони тоҷикӣ» барои синфи 8 (соли 2004) ва «Адабиёт»-и синфи 7 (соли 2005) ҳаммуаллифӣ кардааст. М. Кабиров табъи шоирӣ низ дорад. Шеърҳои ӯ таҳти унвони «Субҳи сафо» (соли 2019) ва «Меҳри Ватан» (2023) рӯйи чопро дидаанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дастпарварони факулта дар бисёр озмунҳои байни донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, шарафи донишгоҳро ҳимоя мекунанд. Анъанаи устоду шогирд ҳам дар факулта хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

– Ин маскани маърифат муаллим – тарбиятгари насли наврасро тайёр менамояд. Низомии Ганҷавӣ фармудааст:

Ҳар кӣ з-омӯхтан надорад нанг,

Дурр барорад зи обу лаъл аз санг.

Намунаҳои эҷоди донишҷӯёни эҷодкор, мисли Марворид Абдурофеева, Нозанин Абдусатторова, Нафиса Ҷӯраева, Содиқҷон Рӯзматов, Муйинҷон Бозоров ва дигарон тавассути нашрияҳои «Овози тоҷик», «Ховар», «Дурдонаи Шарқ» ба табъ расидаанд.

Баробари дастовардҳову муваффақиятҳо мушкилиҳо низ зиёданд. Барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ намерасанд. Толибилмон аз шакли электронии онҳо истифода мебаранд, – иброз намуд Ҳ. Қӯчқоров.

– Донишомӯзон амалиёташонро дар кадом муассисаҳои таълимӣ мегузаронанд? Баъди хатми донишгоҳ оё хатмкардагон аз рӯйи ихтисоси худ кор мекунанд? – пурсидем аз устоди донишгоҳ Ҳикмат Султонов. 

– Дар курсҳои якуму сеюм амалиёти малакавӣ бевосита дар мактабҳо ба роҳ монда мешавад, дар курси чорум бошад, номи амалиёт дигар мешавад, ки онро амалиёти педагогӣ меноманд.

Дар ин муддат аллакай ба шогирдон ҷойи корашон маълум мегардад, фақат муаммо дар ин аст, ки баъзе талабаҳо аз сабаби дур будани мактабҳои тоҷикӣ, амалиёти худро дар мактабҳои шаҳр ба забони ӯзбекӣ мегузаронанд.

Гузашта аз ин, миқдори ками донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ аз рӯйи ихтисос кор намекунанд, бархе аз шогирдон маоши муаллимиро кам ҳисобида, дар соҳаҳои дигар кор мекунанд

Ҳоло дар донишгоҳ баъзе дарсҳои фаннӣ ба сабаби набудани мутахассисони касбӣ ба забони таълим, яъне тоҷикӣ гузаронда намешаванд. Аз нарасидани кадрҳо дар факултаи таълими томактабӣ баъзе дарсҳо ва ҳатто фанни забони тоҷикиро муаллимон ба забони тоҷикӣ намегузаштаанд, инчунин, тибқи гуфтаҳои шогирдон, баъзе муаллимон худашон тоҷикиро хуб намедонистаанд.

Умед дорем, ки мутасаддиёни соҳа мушкилотро ҳал менамоянд.

Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дида аз он равшаниву нур ва дилҳо сурур мегиранд. Шахси донишманд гули сари сабади ҳар анҷуман аст.

Дар поёни суҳбат, ки хеле самимӣ ва хотирмон гузашт, ба устодон ташаккурномаи «Овози тоҷик» ва донишҷӯён рӯзномаву китобҳои бадеӣ туҳфа карда шуданд.

Матолиби саҳифаро хабарнигорони «Овози тоҷик» Саодат Бекназарова ва Гулҷаҳон Кабирова ба чоп омода кардаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: