Инак, тӯли чанд моҳ боз бо мақсади муайян кардани мактабҳои фаъолу пешқадами ноҳияҳои мамлакат мунтазам пурсишнома мегузаронем. Рӯзҳои 3-9-уми майи соли равон чунин пурсишнома дар байни панҷ мактаби ноҳияи Нурато, ки таълим бо забони тоҷикӣ аст, гузаронида шуд. Дар раванди назарсанҷӣ ҷамъ 12119 нафар овоз доданд, лекин...
Бино ба маълумоти масъулони шабака дар ҷараёни ҷамъ овардани овозҳо меъёри АДОЛАТ вайрон гардида, кор аз рӯйи ВИҶДОН сурат нагирифтааст.
Баъзе мактабҳо бо истифода аз ботҳои махсус шумораи овоздиҳандагонро ба таври сунъӣ, яъне аз ҳисоби “ҷонҳои мурда” зиёд кардаанд.
Қаблан огоҳ карда будем, ки агар дар раванди ҷамъоварии овоз фиребкорӣ ошкор гардад, натиҷаҳо бекор ва мактабҳо аз сафи ғолибон хориҷ мешаванд.
Бинобар ин, тибқи пешниҳоди ҳайати масъули пурсишнома натиҷаҳои назарсанҷӣ, ки дар байни мактабҳои ноҳияи Нурато гузаронида шуд, бекор карда мешавад.
Ба мактаби ғолиб – мактаби таълими умумии рақами 21-уми деҳаи Соби ноҳия, ки дар пурсишнома 6907 овоз ҷамъ карда, ҷойи якумро ба даст овард, бо назардошти талош ва ҳаракатҳои пайваста имкони иштирок дар зинаи ниҳоии марҳилаи якуми назарсанҷӣ тақдим мегардад.
Устодони азиз! Дубора ёдовар мекунем: Шумо набояд фаромӯш кунед, ки сарвари як мактаб ҳастед ва ба теъдоди зиёди омӯзгорону шогирдон роҳбарӣ мекунед. Яъне, садҳо нафар толибилмон ба Шумо пайравӣ менамоянд.
Агар Шумо бо роҳи фиреб, овозҳои сохтаро ҷамъ оваред, дар пеши виҷдони худ чӣ хел ҷавоб медиҳед?
Шогирдоне, ки таълиму тарбия медиҳед, аз Шумо чиро меомӯзанд?
Дар пеши ҳампешагони дигари худ, ки дар пурсишнома иштирок доранд, чӣ хел сар боло мекунед?
Бинобар ин, сидқан хоҳиш мекунем, ки дар пурсишнома ҲАЛОЛ ва ФАЪОЛ иштирок намоед.
Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".