ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ИНДОНЕЗИЯ БА ЯКЕ АЗ САМТҲОИ ҶОЛИБТАРИНИ САЙЁҲӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Дар пойтахти Индонезия чорабинии «Indonesia - Uzbekistan Friendship Fun Walk» таҳти шиори «Ӯзбекистон — кишвари Имом Бухорӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони ширкатҳои пешбари сайёҳии кишвар, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои «Гунадарма» ва «Трисакти», инчунин намояндагони ВАО ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.

Дар доираи чорабинӣ викторинаҳое бахшида ба таърихи Ӯзбекистон, зиндагии Имом Бухорӣ ва марҳилаҳои рушд ва дастовардҳои ҷумҳуриамон гузаронда шуданд. Индонезиягиҳо нишон доданд, ки дар бораи ватани мо, таърихи он ва ҳолати имрӯза дониши кофӣ доранд. Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд ва барандаи даври ниҳоӣ соҳиби ваучери ройгони сайёҳӣ барои ду нафар ба Ӯзбекистон гардид.

Чорабинии мазкур, ки дар шакли «Fun Walk» гузаронида шуд, на танҳо ҷанбаҳои фарҳангиву маърифатӣ, балки варзиширо низ фаро гирифт. Илова бар ин, тақдими меваҳои хушккардашудаи Ӯзбекистон ба иштирокчиён дар як павилони махсус ташкил карда шуд.

Ҳамчунин меҳмонони индонезиягӣ дар марши дӯстӣ ширкат карданд. Дар интиҳои чорабинӣ иштирокчиён назару таассуроти худро баён доштанд.

Директори иҷроияи Ассотсиатсияи саноати нассоҷии Индонезия (API) Дананг Гирин Дравардана:

– Ман бо аъзои хонаводаам дар чорабинии «Fun Walk» ширкат кардам. Ин муаррифӣ ба ҳамаи иштирокчиён ҳамчун рамзи дӯстӣ ва муносибатҳои наздики ду кишвар таассуроти амиқ гузошт. Ман қаблан дар бораи Ӯзбекистон бисёр шунида будам, аммо пас аз ин чорабинӣ бори дигар дарк кардам, ки таъриху фарҳанги ин кишвари дар Осиёи Марказӣ муқаддас то чӣ андоза ғанӣ аст. Ӯзбекистон барои индонезиягиҳо ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст. Ҳамватанони ман орзу доранд, ки ба ин сарзамин сафар кунанд. Файласуфон, донишмандон ва уламоёни бузург дар ин диёр ба воя расида, ба рушди ислом ва илм саҳми бузург гузоштаанд. Ман ҳатман ба кишвари Имом Бухорӣ сафар хоҳам кард.

Блогнавис-сайёҳ Адитя Адха Шахпутра:

– Ӯзбекистон барои сайёҳони Индонезия самти хеле ҷолиб мебошад. Ин кишвар яке аз гаҳвораҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ҳар сол ҳазорон сайёҳи индонезиягӣ бо мақсади зиёрат ба ин кишвар меоянд. Ӯзбекистон дар соҳаи сайёҳӣ бартариҳои зиёд дорад.

Тибқи натиҷаҳои назарсанҷие, ки пас аз анҷоми чорабинӣ гузаронида шуд, аксари иштирокчиён Ӯзбекистонро ҳамчун як самти нави сайёҳӣ арзёбӣ намуда, тақрибан 60 фоизи онҳо изҳор доштанд, ки то охири соли 2025 ба Ӯзбекистон сафар хоҳанд кард.

АИ «Дунё»,

шаҳри Ҷакарта.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: