Дар Ҷиззах қаллобе боздошт шуд, ки ваъда медод тавассути Мексика барои кор ба ИМА мебарад

Дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи шаҳри Ҷиззахи Департаменти назди Прокуратураи генералӣ ва Хадамоти амнияти давлатӣ анҷом дода шуд, шаҳрванди қаблан судшуда Н.Б. боздошт гардид.

Ӯ ба боварии шаҳрванд Ш.К. даромада, ваъда додааст, ки бо пардохти 30 ҳазор доллари ИМА ӯро тавассути Мексика ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кор мебарад. Ҳангоми гирифтани 11 200 доллари ИМА ва 50 миллион сӯм, ӯ бо далелҳои шайъӣ боздошт шудааст.

Дар робита ба ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (қаллобӣ) оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: