ДАР БОРАИ ЛОИҲАҲОИ ХОҶАГИИ РОҲ МАЪЛУМОТ ДОДА ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 13 май бо тақдимот дар бораи самарабахшии кор ва лоиҳаҳои банақшагирифташуда дар соҳаи ҳоҷагии роҳ шинос гардид.

Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 октябри соли 2023 идора намудани соҳа такомул ёфта, вазифаҳои дарозмуддат оид ба сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳо муайян карда шуданд. Дар ду соли охир ба ин мақсад 26 триллион сӯм равона гардида, дар маҷмӯъ 40 ҳазор километр роҳ ва 540 пул таъмир карда шуд. Маблағе, ки барои соҳа аз хориҷа ҷалб гардидааст, се баробар афзуд.

Аммо боз ҳаҷми зиёди кор дар пеш аст. Соли ҷорӣ сохтмон ва таъмири 7 ҳазор километр роҳи истифодаи умумӣ ва 231 пул, бо шағал пӯшондани 13 ҳазор километр роҳи хокӣ, сохтмони 400 километр роҳи бо симонубетон пӯшонда ва ҳамчунин ба вуҷуд овардани 72 маҷмӯи хидматрасонии роҳ дар шафати шоҳроҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар тақдимот шахсони масъул дар бораи корҳои оянда гузориш доданд.

Зимни муайян намудани лоиҳаҳои нав ба ҳолати ҷорӣ ва дараҷаи банд будани роҳҳо эътибори алоҳида дода мешавад. Ҳоло якҷоя бо институтҳои байналхалқии молиявӣ 6 лоиҳаи калон оид ба таъмири 1,2 ҳазор километр роҳ ба амал татбиқ мегардад.

Оғоз намудани боз 4 лоиҳа ба нақша гирифта мешавад. Дар байни онҳо ба беруни шаҳрҳои Тӯрткӯл ва Берунӣ баровардани шоҳроҳи А-380, таъмири 516 километр роҳ дар Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм, сохтмони роҳи симонубетон дар қитъаҳои Тирмиз – Деҳнав ва Сирдарё – Бахт мавҷуд мебошад. Барои татбиқи ин лоиҳаҳо маблағҳои Бонки рушди Осиё, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди исломӣ ва Бонки сармояҳои инфрасохтори Осиё ҷалб мегарданд.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки масъалаи аз ҳама муҳим босифат нигоҳ доштани роҳ ба шумор меравад. Бобати инкишоф додани инфрасохтори шафати роҳҳо, фароҳам овардани шароити муносиб барои аҳолӣ супориш дода шуд.

Дар ағбаи Қамчиқ посгоҳи статсионарии назорати вазн ба баҳрабардорӣ супурда шудааст. Чунин посгоҳҳоро дар роҳҳои дигари серҳаракати боркашонӣ ба вуҷуд овардан лозим мебошад.

Бояд таъкид кард, ки Қонун «Дар бораи роҳҳои автомобил», ки қариб 20 сол қабл қабул гардидааст, ба талаботи замона ҷавоб намедиҳад ва ислоҳоти ахир ва масъалаҳои муҳимро ба инобат намегирад.

Бинобар ин таҳрири нави қонун омода мегардад, ки дар он, аз он ҷумла, татбиқ намудани механизми «ба нақша гирифтани фаъолияти роҳ» пешбинӣ шудааст, то ки инфрасохтори роҳ бинобар афзудани эҳтиёҷи аҳолӣ ва иқтисодиёт инкишоф дода шавад. Талаботи ҷиддӣ барои инобат гирифтани фикри ҷамъият, таъсир ба муҳити зист ва инчунин ҳатман ба вуҷуд овардани муҳити бемамониат барои пиёдагардон ба амал ҷорӣ карда мешавад. Ҷуброн намудани харҷ барои барқарор намудани роҳ пас аз хобондани шабакаҳои коммуникатсионӣ пешбинӣ мегардад.

Ғайр аз ин лоиҳаи қонун асоси ҳуқуқии роҳҳои пулакӣ, талаботро барои ҷойгир намудани объектҳои хидматрасонӣ дар минтақаҳои шафати роҳ муайян менамояд ва инчунин ҳаракати нақлиёти калонҳаҷм ва вазнинро танзим менамояд.

Зимни тақдимот инчунин ҳисоботи шахсони масъул дар бораи татбиқи лоиҳаҳо оид ба сохтмони роҳҳои муқобил дар асоси шарикии давлативу хусусӣ шунида шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: