Мувофиқи гузоришҳои Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC), ҳарорати ҷаҳон аз соли 1850 ба ҳисоби миёна 1,1 дараҷа боло рафтааст. Ҳарчанд ин рақам дар назари аввал ночиз ба назар мерасад, аммо оқибатҳои он хеле харобиоваранд. Тибқи хулосаи мутахассисон, агар ҳарорати атмосфера 3-4 дараҷа баланд шавад, дар кадом як минтақаҳои кураи Замин шаҳрҳо комилан зери об мемонанд.
Барои чанд лаҳза чашмонатонро пӯшед ва тасаввур кунед. Домани кӯҳсори зебоманзар, чаманзори сабзу хурраму пур аз гулу гиёҳ. Накҳати аҷиб ба димоғ мезанад. Аз канортари он ҷӯйбори оби зулол ҷорӣ аст. Оби он чунон софу шаффоф аст, ки ҳатто рангу шакли ҳар як санги зераш ба чашм мерасад.
Паррандаҳо дар фазои кушод ба парвоз омадаанд. Дуртар аз сой оҳуи тездаве бо оҳубачаи худ чаро мекунад. Шамоли форам мевазад ва бо таъсири он баргҳои дарахтон оҳиста ба рақс меоянд. Ягон монеае вуҷуд надорад, ки шуморо аз эҳсоси ин зебоии нотакрори гирду атроф ва ҳамоҳангиву наздикии илоҳӣ бо он боздорад. Шумо аз ин зебоиҳои табиат баҳра бурда, сайр мекунед, амиқ нафас мекашед ва дар ҳастии худ болидаруҳиеро эҳсос карда, ба маҳорати Худованд, ки ин ҳамаро ба таври комил офаридааст, аҳсант мегӯед. Дар ҳамин лаҳза баногоҳ чашматон ба ҷониби дигари кӯҳ меафтад, ки он ҷо аз дудбароҳои баланди иншооти азим дуди ғафси сиёҳ ба фазо мепечад. Ҷониби иншоот роҳ мегиред. Ҳар қадар наздик мешавед, нафас гирифтан мушкилтар мегардад ва сулфаи хушке пайдо мешавад. Аз дур садои мошину поездҳои тезгард ба гӯш мерасад ва қаробати байни шумову табиатро то ҳадде аз байн мебарад. Аҳолии шаҳр раҳораҳ партову пасмондаҳои гуногунро дар ҳар гӯша партофта, беэътиноёна зебоии муҳити атрофро вайрон мекунанд. Аммо худ ба ин бепарвоянд. Ногаҳон атрофи шуморо манзараи ҳузнангез – торик, сард, бефайз, бадбӯй ва нотоза иҳота мекунад. Ҳатто намефаҳмед, ки он ҳама манзараҳои дилкашу зебо ва дилпазиру гуворо дар чанд сония чӣ тавр ба чунин ҳолати андӯҳовару хароб афтод ва якбора аз хоби даҳшат бедор мешавед...
Ба назар чунин мерасад, ки гӯё тавозуни Модар-табиатро як риштаи нозук ба ҳам пайвастааст. Ҳар як унсур – об, ҳаво, замин ва офтоб – инсон, ки аз чор унсур иборат аст, тамоми коинот бо ҳам ҳамбастагии мустаҳкам доранд. Аммо солҳои охир фаъолияти инсон, ақлу заковат, хоҳишу орзуҳои беинтиҳо ва майли бештари онҳо барои беҳтар зистан ин мувозинатро суботкорона ва ҷиддӣ халалдор менамояд. Модар-табиат қурбони нафси инсонӣ мешавад. Обшавии пиряхҳои чандинасрина ва гарм шудани ҳавои атмосфера аз муҳимтарин зуҳуроти тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон аст.
Ояндаи фалокатовари пиряхҳои чандинасрина
Пиряхҳои рӯйи замин — яхбандҳои бузурги Антарктида, Гренландия ва кӯҳҳои Ҳимолой таърихи миллионсоларо таҷассум мекунанд. Онҳо на танҳо шоҳиди санҷишҳои гуногуни пурасрор ва ҷангҳои мудҳише, ки инсоният бо он рӯ ба рӯ шудааст, балки гувоҳи ҳаёти озодонаи хирсҳои қутбӣ ва пингвинҳо, такягоҳи экосистемаи ҷаҳонӣ ва мувозинати тамоми коинот мебошанд. Аммо имрӯз ин пиряхҳои чандинсола бар асари оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, ифлосшавии ҳавои атмосфера ва осеб дидани қабати озон, ба хатарҳои бесобиқа, таҳдид ба ҳаёт ва сарнавишти инсоният табдил меёбанд. Сол аз сол миқдори муайяни онҳо аз байн мераванд. Кормандони Институти тадқиқоти таъсири иқлими Потсдам дар Олмон таъсири обшавии пиряхҳои кӯҳӣ, Гренландия, Антарктика ва Арктикаро ба иқлим омӯхтанд.
Ҳоло фаъолияти инсон ва корхонаҳои саноатӣ боиси аз меъёр 1,5 дараҷа гарм шудани ҳаво гардидааст. Обшавии пиряхҳо бошад, иқлими ҷаҳониро аз меъёри муқаррарӣ боз 0,43°С гарм мекунад. Аз панҷ як ҳиссаи пиряхҳое, ки об мешаванд, ба Арктика рост меояд. Ин на танҳо боиси баланд шудани сатҳи об мегардад, балки барои боз ҳам гарм шудани иқлим замина ба вуҷуд меоварад.
Обшавии пиряхҳо ин танҳо рақам ё омор нест. Ин ашки яхҳои чандинасрина, фиғони ғамангези кӯҳҳои ҳазорсола мебошад, ки каму нопайдо шудани ҷӯй ва дарёҳои пурмавҷ, хушксолии рӯйи заминро ба бор меоранд. Тасаввур кунед: дар ҷойҳое, ки замоне пиряхҳои бузурги қуллаҳои кӯҳистон сар ба осмон кашида буданд, ҳоло танҳо сангҳои урёну кӯлҳои обӣ ба чашм мерасанд. Ин харобшавии табиат аст, зарбаи дардноки табарест, ки инсоният бо дастони худ ба ояндаи хеш мезанад.
Гарм шудани ҳавои атмосфера ё таҳдиди ба чашм ноаён
Гарм шудани ҳавои атмосфера яке аз нишонаҳои асосии гармшавии глобалӣ мебошад. Дар ин сурат тамоми Замин ба як гармхонаи азиму бепоён табдил меёбад. Дар натиҷа, газҳои гулхонаӣ, бахусус гази карбон (CO2) ва метан (CH4) дар атмосфера ҷамъ шуда, нури офтобро бозмедоранд ва Заминро бештар аз меъёр гарм месозанд. Аз олами наботот сар карда, то ҳашарот, паррандаю ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҳаёти инсон зери хатари бемислу монанд қарор мегиранд. Яъне, мувозинати ҳаёти табиӣ ба таври ҷиддӣ халалдор мешавад.
Мувофиқи гузоришҳои Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC), ҳарорати ҷаҳон аз соли 1850 ба ҳисоби миёна 1,1 дараҷа боло рафтааст. Ҳарчанд ин рақам дар назари аввал ночиз ба назар мерасад, аммо оқибатҳои он хеле харобиоваранд. Тибқи хулосаи мутахассисон, агар ҳарорати атмосфера 3-4 дараҷа баланд шавад, дар кадом як минтақаҳои кураи Замин шаҳрҳо комилан зери об мемонанд. Дар минтақаҳои дигар хушксолӣ ба амал меояд. Раванди биёбоншавӣ суръат мегирад.
Дар натиҷаи гармшавии атмосфера на танҳо пиряхҳо об мешаванд. Балки шароити обу ҳаво низ куллан тағйир меёбад, ба олами набототу ҳайвонот низ таъсири манфии худро мерасонад. Мо ин ҳамаро дар мисоли офатҳои табиӣ, оташ гирифтани миллионҳо гектар ҷангалзорҳо, офатҳои техногенӣ, ки дар нуқтаҳои гуногуни кураи Замин ба амал меоянд, метавонем мушоҳида кунем. Ҳоло тӯфонҳои шадид, хушксолиҳои дарозмуддат, обхезиҳои тасодуфӣ ба як ҳолати табиӣ табдил ёфтаанд. Масалан, ба касе пӯшида нест, ки солҳои охир баланд шудани ҳарорат ва кам гардидани захираҳои обӣ дар Ӯзбекистон ба соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодиёт таъсири худро мерасонад. Ҳодисаи тағйирёбии иқлим на танҳо таназзули экологӣ, балки бӯҳронҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фаромарзиро низ ба миён меорад.
Инсон ваҳшитарин мавҷудот аст
Сабаби асосии обшавии пиряхҳо ва гарм шудани атмосфера фаъолияти инсон мебошад. Сӯхтани сӯзишворӣ, чун нафт, газ ва ангишт, ки дар натиҷаи инқилоби саноатӣ ба вуҷуд омадаанд, ба атмосфера миқдори зиёди газҳои гулхонаӣ хориҷ мекунанд. Тӯли як шабонарӯз дар саросари ҷаҳон ба миқдори чандсад ҳазор тонна сӯзишвориҳои табиӣ истифода мешаванд. Илова бар ин, аксарияти корхонаҳои саноатӣ ба стандартҳои байналмилалии экологӣ ҷавобгӯ нестанд.
Аз байн рафтани ҷангалзорҳо, урбанизатсия ва рушди соҳаи кишоварзӣ ин равандро шадидтар карданд. Масалан, зиёда аз 20 фоизи бешазори Амазон нобуд шуд. Ин қобилияти фурӯбарии гази карбонро ба таври назаррас коҳиш дод. Ҳоло таъсири обшавии пиряхҳо ва гармшавии атмосфера аллакай эҳсос мешавад. Дар натиҷаи баландшавии сатҳи баҳр баъзе манотиқи соҳилии Малдив, Бангладеш ва кишварҳои дигар зери об монданд. Дар маърӯзаи СММ оид ба рушди инсон зикр шудааст, ки то соли 2050 қариб 150 миллион нафар метавонанд ба муҳоҷирони иқлим табдил ёбанд.
Тағйирёбии ҷаҳонии иқлим дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон боиси ба миён омадани мушкилоти ҷиддӣ, чун норасоии об ва коҳиши ҳосилнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад. Ин раванди ногувор мушкилоти ғизоиро низ ба вуҷуд оварда, устувории экосистемаро зери хатар мегузорад. Гармшавии ҳавои атмосфера ба гуногунии биологӣ ҳам таҳдид мекунад. Ҳайвонҳое, ки дар пиряхҳо умр ба сар мебаранд, ба монанди хирси қутбӣ, макони зисти худро аз даст медиҳанд.
Аммо, сабабҳо танҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ нестанд. Тарзи зисти ҳар як инсон – истифодаи автомобил, истеъмоли беш аз меъёри захираҳои табиӣ ва партовҳои маишӣ ба тезондани ин раванд мусоидат мекунад. Дар ин маврид савол ба миён меояд: оё нафси инсон ниҳоят дорад? Кай мефаҳмем, ки мо низ як ҷузъи табиат ҳастем? Оё мо худро ислоҳ карда метавонем? Чашми мо кай боз мешавад? То ба он оё дер намешавад? Саволҳо бисёр, аммо ҷавобҳо...
Нафаси умед...
Гарчанде вазъият мушкилу нигароникунанда аст, ҳанӯз умед ҳаст. Бар зидди тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ чораҳо андешида мешавад. Масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, маблағгузории лоиҳаҳои экологӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз қадамҳои муҳим дар ин самт ба шумор мераванд. Маҳз барои ба даст овардани натиҷаи муайян дар ин бахш, чанд роҳи ҳалро пешниҳод менамоем.
Кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ва суръат бахшидан ҷиҳати гузариш ба иқтисоди “сабз”, самти муҳими стратегие мебошад, ки устувории иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоии Ӯзбекистонро таъмин менамояд. Дар ин раванд равобити узвии ҳамкории ҳукумат, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ муҳим аст.
Барои ноил шудан ба мутобиқшавии иқлим ва рушди устувор, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ зарур аст.
Гузариш ба иқтисоди «сабз», на танҳо тавассути ислоҳоти техникӣ ё молиявӣ, балки бо иродаи сиёсӣ, баланд бардоштани сифати идоракунии давлатӣ, иштироки фаъоли институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳимтар аз ҳама, намояндагони ҷамъиятӣ ба даст хоҳад омад. Дар ин бобат тарбияи экологӣ, фарҳанги экологӣ, пеши худ маҷбурият ва масъулият гузоштани ҳар як шаҳрванд нақши муҳим дорад.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти таълим, фан ва васоити ахбори омма ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва пурзӯр намудани масъулияти иҷтимоӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист яке аз омилҳои муҳим ба шумор меравад.
Сигнали SOS
Обшавии пиряхҳо ва гарм шудани ҳавои атмосфера, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, на танҳо як таҳдиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, балки санҷиши ахлоқӣ ва маънавие мебошад, ки бар сари инсоният омадааст. Аз ин рӯ, ҳар як қарор, ҳар як амали мо, барои наслҳои оянда аҳамияти бузург дорад.
Ҳатто як қадами хурд дар ин ҷода – дар як моҳ чанд рӯз ба ҷойи сабукрав велосипед рондан, дарахт шинондан ё бидуни зарар ба табиат ба навъҳо ҷудо карда, дар зарфҳои махсус партофтани партовҳо, сарфаи оби ошомиданӣ дар ҳаёти рӯзмарра, худдорӣ аз истифодаи беш аз меъёри неруи барқ – ин ҳама метавонанд барои пешгирии бӯҳрони бесобиқа, ки ба башарият таҳдид мекунад, мусоидат намоянд. Пас, ҳамааш ба худи мо вобаста аст.
Шаҳина ҶӮРАЕВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.