ЭҲЁИ ҲАЁТИ СОЛИМ, НАСЛИ СОЛИМ ВА ЭКОЛОГИЯ

Таҳти чунин шиор дар шаҳри Қӯқанд бо ташаббуси Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Лидер скул» веломарафон баргузор гардид.

Дар он ҳокими шаҳр Маъруфҷон Усмонов, прокурори шаҳр Алишер Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилӣ Анварҷон Парпиев, волидони ҷавонону наврасоне, ки дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил мекунанд, инчунин намояндагони аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.

Веломарафон дар доираи ташаббусҳои Сарвари давлатамон оид ба оммавӣ гардонидани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сурат гирифт. Ҷавонон дар марафони 10-километрӣ ширкат варзида, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба худ ҷалб карданд.

Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: