ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУДАНД

Дар шаҳри Тошканд маросими ботантанаи сарфарозгардонии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии математика ва информатикаи ба номи Ал-Хоразмӣ баргузор гардид

Солҳои охир дар Ӯзбекистон ҷиҳати ташкил ва баргузории олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ба фанҳои муайян ва ҳавасмандгардонии онҳо корҳои густурдае амалӣ мешаванд. Ин ҳама натиҷаи амалии ислоҳоте мебошад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар соҳаи маориф роҳандозӣ гардидаанд.

Дар шаҳри Тошканд маросими ботантанаи сарфарозгардонии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии математика ва информатикаи ба номи Ал-Хоразмӣ баргузор гардид, ки бо ташаббуси Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Маркази олимпиадаҳои фаннӣ ташкил карда шуд. Бар асоси натиҷаҳои ин озмуни бонуфуз 106 нафар иштирокчӣ бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар олимпиада 205 нафар хонандагон аз Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Беларус, Малайзия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат карданд. Дар озмун 34 даста аз рӯи математика ва 32 даста аз рӯи информатика иштирок намуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ин олимпиада бори сеюм баргузор шуда, санаҳои 8–12 майи соли ҷорӣ ҷараён гирифт. Ҳайати ҳакамонро коршиносон аз Эрон, Булғория, Тоҷикистон ва инчунин профессорони Ӯзбекистон ташкил медоданд.

Санҷишҳо аз рӯи фанни математика дар шакли хаттӣ дар тӯли ду рӯз, имтиҳонҳо аз рӯи фанни информатика дар давоми ду рӯз ва ба таври онлайн баргузор гардиданд.

Дар доираи ин чорабинӣ барои хонандагон дарсҳои маҳорат бо иштироки мутахассисони хориҷӣ, инчунин сайругаштҳо ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳри Тошканд ташкил карда шуданд.

Ин олимпиада ҳамчун марҳилаи муҳими омодагӣ ба Олимпиадаи байналмилалии математика (IMO) ва Олимпиадаи байналмилалии информатика (IOI), ки баргузории онҳо барои моҳи июли соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, хидмат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир хонандагони Ӯзбекистон дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд. Масалан, соли 2022 дар олимпиадаҳои гуногун 46 медал, соли 2023 — 91 медал ва соли 2024 — 128 медал ба даст оварда шуд.

Н.УСМОНОВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: