14 май Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти раванди шомил шудани Ӯзбекистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва тадбирҳои тезонидани он шинос шуд.
Дар асоси назорати вижаи сарвари давлат аз соли 2023 ин ҷониб чораҳои шомил шудани ба СҶТ андешида мешаванд. Дар давраи гузашта дар гуфтушунидҳои бисёрҷониба ва дуҷониба натиҷаҳои муайян ба даст омаданд.
Аз ҷумла, чаҳор ҷамъомади муҳими Гурӯҳи корӣ баргузор шуда, беш аз 500 масъала матраҳ шуд, беш аз 30 санади расмӣ ба Котиботи СҶТ пешниҳод гардид. Бо мақсади суръат бахшидан ҷиҳати шомил шудан дар соҳаҳо ислоҳоти бонизом амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби музокироти дуҷониба бо 33 кишвари ҷаҳон гуфтугӯ оид ба дастрасӣ ба бозор сурат гирифта, то имрӯз бо 24 кишвар музокирот ба анҷом расидааст.
Дар муколама бо аъзои СҶТ тамоюлҳои нав ва натиҷаҳои ислоҳот ба таври мусбат арзёбӣ мешаванд. Ин, дар навбати худ, содиқ будани Ӯзбакистонро ба ошкорбаёнӣ, шаффофият ва тиҷорати одилона дар раванди шомилшавӣ ба СҶТ тасдиқ мекунад.
Ба ин маъно, дар чаҳорчӯби мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ бо талаботи созмон ислоҳоти васеъмиқёси ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, 13 қонун, 10 фармон ва қарори Президент, 19 қарори Девони Вазирон ва 10 санади меъёрии ҳуқуқии байниидоравӣ қабул гардид.
Аз ҷумла, тартиботи боҷхона, қоидаҳои воридоту содирот, инчунин механизмҳои соҳаи амволи зеҳнӣ тадриҷан ба меъёрҳои СҶТ мувофиқ гардонида шуд, дар 6 корхона, ки ҳиссаи давлат мавҷуд буд, ҳуқуқҳои эксклюзивӣ бекор карда шуд.
Дар ҷамъомад роҳбари кишварамон оид ба суръат бахшидан ба раванди узвият дар СҶТ ва ташкили босифату бонизоми он дастуру супоришҳои дахлдор дод.
Тибқи он, вазифаҳои пурра мураттабсозии ӯҳдадориҳои Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби СҶТ тавассути анҷоми музокироти дуҷониба бо 9 кишвари боқимонда дар соли ҷорӣ, баргузории 2 ҷамъомади гурӯҳи корӣ ва анҷоми таҳияи лоиҳаи ҳисоботии Гурӯҳи корӣ дақиқ муайян шудаанд.
Илова бар ин, зарурати тезонидани раванди қабули қариб 15 санади меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба талаботи созмон таъкид гардид. Аз ҷумла, аз тарафи Президент тезондани қабули қонунҳо “Дар бораи сифат ва амнияти маҳсулоти хӯрокворӣ” ва “Дар бораи чораҳои ҳифз, боҷҳои антидемпинг ва компенсатсия” дар таҳрири нав ва дар ин ҷода таъмини ҳамкории наздику босамар бо Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ҳамчун вазифаи муҳим муайян гардид.
Танзими техникӣ, ислоҳи санитарӣ, фитосанитарӣ ва байторӣ, инчунин зарурати баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо дар ин соҳаҳо махсусан таъкид карда шуд.