НИЯТИ НЕКИ ПИЛЛАПАРВАРОН

Кирмакпарварӣ аз соҳаҳои муҳим ва сердаромади хоҷагии деҳот аст, ки солҳои охир боиси таваҷҷуҳи ҳукумат қарор гирифта, барои рушди ин бахши иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё низ ба рушди соҳаи мазкур эътибори алоҳида медиҳанд. Хоса кирмакпарварони ноҳияи Косон дар пешбурди ин соҳа дасти баланд доранд ва бо истифода аз усулҳои замонавии парвариши кирми пилла ба натиҷаҳои дилхоҳ мерасанд.

Дар мавсими имсола кирмакпарварони ноҳияи Косон парвариши 4763 қуттӣ тухми кирмакро бар зимма гирифта, истеҳсоли 300 тонна пилларо дар нақша доранд. Айни ҳол аз хоҷагиҳои фермериву оилаҳои алоҳидаи кирмакпарвар маҳсули заҳмати пиллапарварон ба нуқтаҳои қабули маҳсулот мерасанд. Дар мавсими имсола 26052 нафар занони хонашин низ ҷалб гардиданд. Ин яке аз ҳадафҳои ҳукумати маҳаллӣ аст, ки саъй дорад бо чунин усул қишри бекори аҳолиро бо корҳои мавсимӣ таъмин кунад ва дар зимн ба даромади оилаҳои камбизоат афзояд.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: