ДАР ФОРУМИ СОҲИБКОРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ЧИН, КИ ДАР ПЕКИН БАРГУЗОР ШУД, НАМОЯНДАГОНИ БЕШ АЗ 100 ШИРКАТИ ЧИНӢ ИШТИРОК НАМУДАНД

Дар сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Пекин бахшида ба имкониятҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ӯзбекистон тақдимот баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони беш аз 100 ширкати чинӣ, ки дар соҳаҳои савдо, саноат, кишоварзӣ, технологияҳои рақамӣ, таълим, сохтмон ва ғайра фаъолият мебаранд, иштирок карданд.

Дар рафти муаррифӣ оид ба имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории минтақаҳои Ӯзбекистон, шароити барои сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ фароҳам овардашуда, имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва дигар бартариҳо, инчунин лоиҳаҳои нави сармоягузории пешомаднок маълумот  пешниҳод гардиданд.

Иштирокчиён фикру андешаҳои худро оид ба афзалиятҳои соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон баён намуда, ба саволҳояшон ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ наворҳои видеоӣ дар бораи имкониятҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии кишвари мо намоиш дода шуданд. Ҳамчунин, гуфтушунидҳо бо намояндагони ширкатҳои чинӣ дар форматҳои «B2B» ва «G2B» баргузор гардиданд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори агентии иттилоотии «Дунё» баъзе иштирокчиён андешаву назарҳои худро баён карданд.

Ван Пин, директори генералии ширкати «Henan Automobile Company»:

— Имрӯз мо дар форуми соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Пекин ташкил гардида буд, иштирок кардем.

Дар ин ҷо мо имкони гирифтани маълумоти муфассалро дар бораи имкониятҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишвари шумо пайдо кардем. Мо аз шароите, ки барои сармоягузорони чинӣ фароҳам оварда шудаанд, қаноатмандем.

Ширкати мо ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ машғул аст. Мо инчунин хидматрасониҳои коркарди механикиро пешниҳод мекунем. Бо шарофати коркарди механикӣ, маҳсулот метавонад дар шакли тайёр истеҳсол шуда, мустақиман ба истеъмолкунандагон ирсол карда шавад.

Умедворем, ки дар оянда бо Ӯзбекистон дар соҳаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобил ҳамкорӣ хоҳем кард.

Ху Чунсзин, намояндаи ширкати чинии истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ:

— Ман шодам, ки дар ин чорабинӣ иштирок кардам. Мо бо мақсади шиносоӣ бо муҳити соҳибкории Ӯзбекистон ва ёфтани шарикони нави тиҷоратӣ ба ин ҷо омадем.

Ширкати мо асосан ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти марбут ба он машғул аст. Дар ҷараёни музокироти имрӯза имконияти татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намудем.

Мо омодаем, ки тавассути ҳамкорӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳоямон саҳмгузор бошем.

АИ «Дунё»,

Пекин.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: