Аз таърих аён аст, ки тоҷику ӯзбек дар тӯли садсолаҳо бо сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ карда, дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ дастгири ҳамдигар буданд, аз як дарёву сой об нӯшида, ҳаёт ба сар бурдаанд.
Имрӯзҳо низ ин иқдоми нек идома дорад. Намояндагони аҳли санъат, фарҳанг, тиҷорат, варзиш ва дигар соҳаҳо бо ҳам мулоқоту ҳамдастӣ ва мубодилаи таҷриба менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки мардуми ду кишвар дар фазои ором ободу озод зиндагӣ дорем ва сарвароне дорем, ки барои ҳалли ҳамаи масъалаҳои баҳсомез таҷрибаи бойи сиёсӣ ва сулҳофарӣ доранд.
Ба наздикӣ ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон сафари омӯзишӣ анҷом додам. Аз мактаби ба номи Аловиддин Бобоев боздид кардам ва дарсҳои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва гурӯҳи «Омодагӣ ба мактаб»-ро мушоҳида намудам. Ташнагии дониш дар кӯдакон ва меҳру муҳаббати омӯзгорон дар дили ман таассуроти амиқ гузошт. Оиди таҷрибаҳои Ӯзбекистон — Kundalik.com, қабули электронии синфи 1 ва корҳои беруназсинфӣ бо омӯзгорони тоҷик мубодилаи афкор намудам. Онҳо бо шавқу ҳавас гӯш карданд. Бо кӯдакон дар бораи дӯстӣ, сулҳ ва муҳаббат ба Ватан суҳбати самимӣ доштем.
Аз тамошои боғи Камоли Хуҷандӣ, осорхонаи Қасри Арбоб, боғҳои истироҳатӣ ва гулгашту хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд, ки таровати фасли баҳорро боз ҳам хуштару ҷолибтар нишон медоданд, баҳраманд гардидам.
Илоҳо ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва истиқлоламон пойдор бошад.
Бунёдҷон Шоматов,
омӯзгори мактаби рақами 8-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.