БА ХИДМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ХОНАҲОИ НАВ СУПОРИДА ШУД

Дар мавзеи «Юксалиш»-и ноҳияи Давлатобод бинои ҳафтошёна, ки аз 30 хонаи истиқоматӣ иборат аст, ба хидматчиёни ҳарбӣ супорида шуд.

Дар ин бинои истиқоматӣ, ки аз ду ва се хонагӣ иборат аст, шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар чорабинӣ ҳокими вилоят, роҳбари сектори ҳарбӣ-маъмурӣ Шавкат Абдураззоқов, роҳбарони идораҳои расмӣ, вакилони ҷамоатӣ, нурониҳо, аскарон ва хидматчиёни ҳарбӣ иштирок карданд.

Ҳокими вилоят соҳибони хонаҳоро табрик намуда, дар бораи ислоҳоте, ки дар роҳи мустаҳкамсозии мудофиаи мамлакатамон амалӣ мегардад, сухан кард. Таъкид намуд, ки дар мамлакатамон беҳтар кардани тарзи зиндагонии оилавии ҳарбиён, таъмин намудани ҳаёти фаровон яке аз масъалаи асосии давлатамон ба шумор меравад ва имрӯз ҳалли ин масъала дар амал иҷро мешавад.

Ба соҳибони хона калидҳо супорида шуд. Иштирокчиёни чорабинӣ ба хонаҳо даромада, бо шароит ва имкониятҳои фароҳамоварда шинос шуданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: