Он рӯз барои Ҳамид Холмуъминов аҷаб як рӯзи ҳаяҷонангез буд. Шогирди ӯ навакак аз имтиҳони навбатӣ – иншои эссе баромад. Акнун ҳайати доварон талош варзида, сараро аз сақат ҷудо мекарданд.
«Аз нақлаш, бача эссеро бад нанавиштааст. Ин жанри мураккаби публитсистӣ донишу идроки баланд талаб мекунад. Аз замоне, ки дар соҳаи таълим ислоҳоти густарда ҷорӣ гардид, талаб аз омӯзгорону шогирдон ҳам дучанд афзуд».
Вай дар тазйиқи афкори мухталиф монда, роҳрави дарози дабистонро чанд бор пасу пеш тай зад – танҳо ба Парвардигор аён! Дам ба дам ба дари даромади бинои мактаб менигарист: бале, бо ҳаяҷони фавқулодае нигоҳ мекард, ки дар яке аз синфхонаҳои муҷаҳҳази он (аз ҳар сӯ дурбинҳои назоратӣ насб гардидаанд) доварон арақи ҷабин рехта, заҳмати иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷикро аз ҳаллоҷӣ мегузарониданд.
– Ҳеч гап не, писарам, ғалберро, ки аз об бардоштанд, ҳамааш чун рӯз маълум хоҳад шуд, – гуфт Ҳамид Холмӯминов ба симои ин замон қадре заҳири писар нигариста.
Писараш Зафар Амонов – хонандаи синфи 11, пас аз навиштани эссе ҳоло дар яке аз харакҳо амонат менишаст. Вай навиштаи худро пеши назар оварда, дилаш аз барои баҳои хуб ҷамъ бошад ҳам, ҳар замон аз ҷой баланд шуда, ба падари омӯзгораш менигарист. Вақте устод – қиблагоҳаш ҳам дастон дар пушт қулфу калид, аз назди ӯ мегузашт:
– Парво накунед, додоҷон, писаратон сари шуморо ҳаргиз хам намекунад, – гуфт як зарра бо эътимод. Аммо ба гуфтан гуфту... пасон як зарра пушаймон шуд. «Кибр нашуд магар?» – сурх шудаву пурсид аз худ. Ҳазорон «агару магар»-ҳо зуд-зуд хаёли ӯро рабуда, аз пешомади ҳанӯз номаълум дилаш балоӣ мекард. «Агар дар озмун ғолиб наоям, ҳоли падар чӣ мешавад? Орзуҳои ӯ дар як лаҳза ба боди фано хоҳанд рафт!»
Падараш Зафарро аз ҳама корҳои рӯзгор озод кардаву танҳо ба хондан муваззаф карда буд. Ва ӯ низ гапи падарро ду накарда, давоми сол пайваста бо китобу дафтар машғул буд. «Шогирди падари худ будан бас душвор будааст. Масъулияти ин корро касе идрок мекунад, ки ин ҳамаро дар пӯсти худ таҷриба кунад» – оҳкашон аз дил гузаронд Зафар...
Ниҳоят доварон пасопеш аз бино бадар омаданд. Ҳама ба ҳамон самт давиданд. Зафар аз ҷой хест, аммо дар замини сахт мехкӯб шуда, қадаме гузошта натавонист. Дар дори синааш кадом узви беқарори ӯ гуп-гуп садо медод. Дар он тарафи роҳрави озода устодаш – падараш истодааст. Вай ҳам маҷоли ҷунбидан надорад. Муддате нафас ба дарун гирифтаву ба самти раиси доварон – Турдиқул Ҳасратов нигоҳ меандохт, ки дар иҳотаи шогирдон монда буд ва пайваста чизеро маънидод мекард. Ниҳоят нигоҳҳо ба ҳам хӯрданд. Чандин саволи атрофиёнро беҷавоб гузошта, ба ҷониби Ҳамиди музтариб ду ангушт ба самову бо шодмонӣ ишорае кард. Ҳамон ду ангушти ба ҳаво баландшудаи Ҳасратов ба Ҳамид нафасро баргардонд. Вай оҳи сабуке кашида, дар сартосари пайкараш як ҳаловати аҷиберо ҳис кард ва ин дам, – маҳз аз шодӣ буд ин ҳолати аҷиб – чанд қатра ашк дар хами мижгонаш падид омаданд. Зафар низ рамақ ёфтаву ба самти падар давид. Онҳо муддате дар оғӯши ҳам қарор ёфта, шодмонӣ карданд. Баъд Ҳамид Холмӯминов мӯйи писарро бо меҳр парешон сохта:
– Баъд аз сию чор сол... Қанд зан, шери додо! – гуфт идомаи сухани худро дар дил нигаҳ дошта ва дасти Зафарро чунон фишурд, ки гӯё давоми сухани ӯ дар ҳамин фишори маънидор таҷассум ёфта бошад. – Офарин, бачем! Меҳнатат зойеъ нарафт.
Ҳоло қомати падари масрур чанд ваҷаб сабзида, кӯҳи азиме аз шонаҳояш поин омада буд. Акнун бо рӯйи сурху сари баланд ба Боғучорбоғ баргарданд, мешавад!
Ҳамин лаҳзаи хотирмон як умр дар ёди падару писар мӯҳр бастанд. Аммо ҳанӯз Зафар дар таҳайюр буд, ки чаро қиблагоҳаш «Баъд аз сию чор сол...» гуфт?
***
Соли 1991. Бухорои Шариф. Ин шаҳри қадим мизбони сабқати фанни забон ва адабиёти тоҷик буд. Аз ҳама минтақаҳо ғолибони зинаи вилоятии озмун ширкат меварзиданд. Ҳамиди он замон синфи ёздаҳум низ дар бахши вилоятии озмун ғолиб омадаву ин ҷо ширкат меварзид. Он вақтҳо муборизаҳо барои ба даст овардани ҷоизаҳо басо бошиддат мегузашт. Саводи хонанда бо шаш имтиҳон санҷида мешуд. Ҳамид тайёрии пухта дошт. Устоди ӯро Тошқул Мирзоев мегуфтанд ва ӯ яке аз омӯзгорони варзидаи фанни забон ва адабиёти тоҷики минтақа маҳсуб меёфт... Ҳамин хел, чун натиҷаҳои озмун ҷамъбаст гардид, ба Ҳамид ҷойи дуюм насиб кард. Ва устоду шогирд оғӯшкашон ҳамдигарро табрик карданд. Баъд аз сию чор сол ин таърих такрор ёфта буд. Писар ҷойгузини падар шуд...
Ҳамид худи ҳамон сол мактаби рақами 10-уми ноҳияи Деҳқонободро хатм кардаву ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супорид ва дар асоси гранти давлатӣ дар факултаи филологияи тоҷик то соли 1996 хонд. Вай дар замоне хондаву соҳиби диплом гардид, ки муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷомеа тезу тунд тағйир ёфта, мизони зиндагӣ ба пулу мол ва сарват вобаста мегашт. Ба як ҳисоб, ин замоне буд, ки тракторон пешгаҳнишин ва омӯзгор пойгаҳнишин гашта буд. Ҳамид андаке аз пешаи омӯзгорӣ дилхунук гашта, хост бахти худро дар идораҳои қудратӣ бисанҷад, яъне милиса шавад. Ба ин мақсад чанд муддат мувофиқи талаби корфармо дар мактаби рақами 16-уми шаҳри Қаршӣ машғули кор шуд. Аммо меҳру муҳаббати китобу дафтар баландӣ кард ва ӯ ин ҳама сару савдоҳоро канор гузоштаву ба зодгоҳ – Боғучорбоғи биҳиштосо баргашт.
Ба Ҳамид зуд дар мактаби рақами 10, ки худ таълим гирифта буд, ҷойи кор доданд. Вай акнун дар бари устодони худ истода, ба хонандагон ҳам аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва ҳам аз забони давлатӣ дарс медод. Ба пиндори ӯ, омӯзгорӣ касби бошарафест. Агар муаллим дар кори худ саҳлангорӣ кунад, ҷомеа аз рушд мемонад. Зӯрии кишварҳои пешрафта дар он аст, ки дар мактабҳои онҳо омӯзгорони беҳтарин машғули тадрис ҳастанд ва обрӯю эътибори ин тоифа хеле баланд аст. Вақте баҳси мо сари ин мавзӯъ гармтар шуд, Ҳамид Холмӯминов аз сиёсати имрӯзаи раҳбари давлатамон дар робита ба баланд бардоштани сифати таълими роиҷ ситоиш кард.
– Агар ҳар як омӯзгор ба ҳарфҳои дили Президент аз сидқи тамом гӯш додаву аз тамоми вуҷуд дар роҳи таълиму тадриси шогирдон часпу талош бикунад, дар зудтарин фурсат Ӯзбекистони офтобрӯяи мо ангуштнамои ҷаҳон хоҳад шуд.
***
Ҳамид Холмӯминов дар идомаи сӣ соли таҷрибаи кории педагогӣ шогирдони зиёдеро таълим додааст, ки онҳо имрӯз дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт кору фаъолият мебаранд. Чанде аз онҳо ғолибони озмунҳои вилоятиву сатҳи ҷумҳурӣ ҳастанд. Барои хидматҳои бурдборонааш дар пешбурди соҳаи таълими халқ Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ бо нишони «Фидоии таълими халқ» сарфароз гардондааст. Дониши васеъ ва таҷрибаи бойи педагогии ӯро ба инобат гирифта, раёсати Саридораи таълими томактабӣ ва мактабии вилоят қарор кардааст, ки таҷрибаи ин омӯзгори варзида дар муддати панҷ сол чун намунаи ибрат дар мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ оммавӣ гардонда шавад. Айни ҳол Ҳамид Холмӯминов мақоми «Омӯзгори тамрингар»-ро дорад ва гаҳу ногаҳ аз барои машқ додани омӯзгорони ҷавон ба чорабиниҳои тренингӣ ҷалб карда мешавад.
Аммо Зафарҷон Амонов – ҷоизадори ҷойи дуюми озмуни ҷумҳуриявии забон ва адабиёти тоҷик дар соли 2025 орзу дорад, ки мисли падари фарзонаи худ пешаи бошарафи омӯзгориро фаро бигирад ва бештар рӯ ба эҷод овардаву ба иншои асарҳои мансур машғул гардад, барои ғановати адабиёти муосири тоҷики Ӯзбекистон ҳиссаи худро гузорад.
Ба тадорукоти Зафарҷон ва алоқамандию шавқмандии ӯ ба адабиёти бадеӣ менигараму бевосита ба падари ӯ – Ҳамид Холмӯминов ташаккур мегӯям, ки барои ояндаи фарзандон бефарқ нест ва дунёи онҳоро бо китобҳо тавъам кардаву ба сӯйи нур раҳнамун мешавад.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.