ё чанд сухан дар бораи ҳаёту фаъолияти Субҳон Муродов
Дар байни ҳамаи миллату халқиятҳои олам шахсоне ҳастанд, ки аз худ корҳои нек гузоштаанд. Одатан номи чунин одамон ҳамчун намунаи ибрати атрофиён ба забон гирифта мешавад. Баъзе аз онҳо, на фақат бо корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ машғул шудаанд, балки барои ободии Ватан низ кӯшиш кардаанд. Шуҷоату мардонагӣ ва ҷоннисорию фидокории чунин шахсон аст, ки ба ин рӯзҳои дурахшону офтобӣ расидаем.
Мардуми Самарқанд аз қадимулайём барои пешрафти илму тараққиёти кишвар камари хидмат бубастаанд. Яке аз он шахсиятҳои некном олими хушсалиқа, забоншиноси моҳир, устоди тавоно, донандаи забонҳо, тарҷумони моҳир, номзади илмҳои филологӣ шодравон Субҳон Муродов мебошанд.
Субҳон Муродов 28-октябри соли 1935 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби ҳамагонии маҳаллаи худ, дар соли 1956 ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд пазируфта шуда, ҳамин даргоҳи муқаддасро бо муваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1962 ба ҳайси устоди забони форсӣ дар донишгоҳи мазкур ба фаъолияти корӣ оғоз кард. Дере нагузашта, ба сифати тарҷумон ба Афғонистон фиристода шудааст. Вай дар давраҳои мухталиф, ҷамъул ҷамъ 7 сол дар Афғонистон хидмат кардааст. Бешубҳа, ин ҳама кору фаъолияти олими ҷавон дар ривоҷу равнақи фаъолияти илмии минбаъдаи ӯ сарнавиштсоз буд.
С. Муродов соли 1967 баробари дар Ҷамъияти муҳофизати ёдгориҳои таърихии вилояти Самарқанд кор кардан, ҳамзамон, ба донишҷӯёни Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ аз забони форсӣ дарс медод. Аз соли 1968 муаллими кафедраи забони тоҷикии донишкадаи номбурда, баъдан муаллими калон ва дотсенти кафедра кору фаъолият нишон додааст.
Фаъолияти илмии муҳаққиқ асосан дар ҷодаи тарҷума ва назарияи тарҷума буда, бевосита дар меҳвари масъалаҳои нозуки тарҷумаи асарҳои А.П.Чехов ба забони форсӣ-тоҷикӣ сурат гирифтаанд. Онҳо роҷеъ ба масъалаҳои мухталиф, аз қабили «Анъанаҳои адабии A.Чехов дар адабиёти замонавии тоҷик», «Тарҷумаи осори А. П. Чехов», «Наҳваи нависандагии Чехуф» – маҷаллаи «Хонар», «Антун Чехуф – мунаққиди барҷастаи рус». – «Иттиҳод». Кобул, «Ман ҳанӯз касеро надидам, ки бигӯяд ман Чехуфро дӯст надорам», маҷаллаи «Жвандун», «Произведения A. П. Чехова в Иране» дар маҷмӯаи мақолоти илмии «Развитие перевода» табъу нашр шудааст. Пас аён мегардад, ки фаъолияти Субҳон Муродов на фақат ба масъалаҳои назарияи тарҷума, балки барои устувор кардани алоқаҳои адабии халқу миллатҳо низ арзиши муайяни илмӣ-назарӣ доштааст.
Субҳон Муродов пас аз фаъолияти чандинсолаи илмӣ ва педагогӣ, 21 ноябри соли 2014 дар синни 79-солагӣ дунёи фониро тарк кард. Аммо номи неки ӯ тавассути кору пажӯҳишоти илмияш боқӣ монд, бале, ӯ накӯном аст ва гӯё дар сафи мо аст, ба қавли Саъдии Шерозӣ:
Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.
Аз ин донишманди асил ёдовар шуда, каме бошад ҳам аз хидмату шахсияти ӯ барои ворисон – ҷавонон ва хусусан донишҷӯён гуфтанро нек донистем ва бошад, ки бо ин хотираи устоди азизу шодравон шоду охираташон обод бошад!
С. Хӯҷақулов,
доктори фанҳои филологӣ, мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷаи ДДС.
Х. Муртазоев,
доктори фанҳои филологӣ оид ба фалсафа, дотсенти ДДС.