ҶАШНИ АДИБОНИ ЗУЛЛИСОНАЙНИ ВОҲАИ СУРХОН

Дар Донишгоҳи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти се нафар адиб таҳти шиори «Адибони зуллисонайни сарзамини Сурхон» чорабинии адабӣ баргузор гардид.

 

Муҳити адабии Чағонрӯд дар даврони худ рушду нумуъ дошт. Намояндагони он бо осори пурарзиши хеш дар пешрафти илму фарҳанг ва адабиёти пурғановатамон саҳми бузург гузоштаанд. Ба «Шоҳнома»-нависӣ асос гузоштани Дақиқӣ далели раднашавандаи ин гуфтаҳост.

Чағонрӯди кунунӣ – Деҳнави шоирхезу адабпарвар дар айни замон низ асолату рисолати хешро аз даст надодааст, дар оғӯши он даҳҳо қаламкашони варзида бо ду забон: тоҷикиву ӯзбекӣ асар меофаранд. Анҷумани адабие, ки 1 майи соли ҷорӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти се нафар адиб таҳти шиори «Адибони зуллисонайни сарзамини Сурхон» дар Донишгоҳи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав баргузор гардид, бори дигар собит намуд, ки дар ин сарзамини адабпарвар чароғи илму маърифат ҳаргиз хомӯш намегардад. Адибонаш чун шамъ месӯзанду ба қалбҳо нуру зиё мебахшанд, дӯстии миёни халқҳоро мустаҳкам, ин эҳсоси волову пурарзишро тараннум мекунанд. Анҷуман, бемуболиға ба ҷашни дӯстии адабии халқҳои тоҷику ӯзбек мубаддал гашт.

Соҳибҷашнҳо – адибони зуллисонайн Истад Қосимзода – рӯзноманигор, адиб ва тарҷумон, Чоршанбеи Деҳнавӣ – адиб ва тарҷумон, Исмат Ҳалим – шоир ва рӯзноманигорро дар ҳалқаи адибону ёру дӯстон ва меҳмонон дар саҳни даромадгоҳи донишгоҳ устодону шогирдони ин маскани илм бо раҳбарии ректор Ойбек Рӯзиев, намояндагони ҳокимияти ноҳия ва фаъолони Маркази миллию мадании тоҷикони ноҳияи Деҳнав бо раҳбарии адиби ҷавону серғайрат Шерзод Саидов зери оҳангҳои карнаю сурнай бо нону намак истиқбол намуданд. Ректор меҳмононро ба хонаи Маркази таълим ва фарҳанги тоҷикони Деҳнав, ки ба тозагӣ таъсис ёфтааст, даъват кард. Лентаи рамзии маросими ифтитоҳи марказро ректору раиси марказ ва соҳибҷашнҳо буриданд. Пешгаҳи хонаи марказро ливои парфишони ҷумҳуриҳои бародари Ӯзбекистону Тоҷикистон ва суратҳои раисҷумҳури ҳар ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон, ки самимона дасти ҳамдигарро мефишоранд, оро медиҳанд. Дар деворнигоштаҳо, ки ифодагари рамзи дӯстист, ҳамчунин аксҳои адибони барҷастаи тоҷику ӯзбек аз Рӯдакӣ то Ҷомиву Навоӣ, Мирзо Турсунзодаву Ғафур Ғулом бо тарҷумаи ҳол ва фаъолияти эҷодиашон сабт ва овехта шудаанд.

Пас аз пазироии меҳмонон ректор Ойбек Рӯзиев дар бораи муносибатҳои дипломатии ҳарду кишвар, ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ ва илмиву мадании ду давлат ва шароити фароҳамовардашуда барои миллатҳои гуногуне, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ҳарф зад.

– Мақсаду ҳадафи мо аз таъсис додани Маркази таълим ва фарҳанги тоҷикон дар донишгоҳ ин инкишоф додани равобити дӯстиву фарҳангии халқҳои мост, – гуфт ректор зимни суханрониаш. – Айни ҳол дар донишгоҳи мо чор гурӯҳи тоҷикӣ: таълими ибтидоӣ, математика ва информатика, биология ва таълими томактабӣ фаъолият доранд. Интизор меравад, ки дар оянда гурӯҳҳои тоҷикиро боз ҳам бештар кунем.

– Мо аввалин рӯзномаи тоҷикии даврони истиқлол – «Садои Сурхон»-ро чун фоли нек маҳз дар ҳамин Деҳнави шоирхезу суханпарвар таъсис додем ва умед аст, дар оянда ҷавононамон чароғи илму маърифатро на танҳо фурӯзон нигоҳ медоранд, балки боз ҳам бештар шуълаафкан мекунанд, – гуфт соҳибҷашни 90-сола Истад Қосимзода.

Ректори донишгоҳ риштаи суханро ба ровиёни маҳфил – Саодат Сангинова ва Иззатулло Соҳибов супорид. Онҳо низ дар навбати худ ҳозиринро бо ин ҷашни дӯстии бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти се тан адиб хайра мақдам гуфта, ба раиси Маркази миллию мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё, досенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз Рамазон Абдуллоев навбати сухан доданд. Мавсуф дар мавзуи «Нақши адибони зуллисонайни воҳаи Сурхон дар тарбияи насли наврас» (дар мисоли соҳибшанҳо) ҳарф зада, хидматҳои ҳар се адибро дар рушди адабиёту фарҳанги кишварамон арзёбӣ намуд.

Дар анҷумани раис Маркази милливу мадании тоҷикони ноҳияи Сариосиё Аҳтам Сафаров, раиси Маркази милливу мадании тоҷикони ноҳияи Деҳқонобод Карим Тошқулов, меҳмон аз Тоҷикистон, тазкиранигор Иброҳими Наққош, директори мактаби рақами 83-юми ноҳияи Сариосиё Турдиқул Ҳасратов, ки бо Истад Қосимзодаву Исмат Ҳалим дар рӯзномаи «Садои Сурхон» кор кардааст, сухан гуфтанд.

Аз тариқи видеонавори омодашуда оид ба ҳаёт ва фаъолияти адибон маълумот дода шуд. Мухлисон бо пайроҳаи ҳаёт ва маҳсули эҷоди онҳо аз наздик шинос шуданд. Шогирдони дабистонҳои ноҳия аз ашъори намакини шоир Исмат Ҳалим намунаҳо қироат карданд. Ҳофизи ҷавон Баҳром Шарифов, сарояндаи хушовоз Тоҳирҷон Зокиров, санъаткори варзида Саъдуллоҳи Бекзода, овозхони хурдсол Ёқубҷон Исобоев бо суруду таронаҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида сохтанд.

Баъд меҳмонон дар тарабхонаи «Хиёбони дӯстӣ» дар сари як пиёла чой суҳбатро идома доданд.

Дар маҷмӯъ чорабинӣ хеле пурмазмун ва хотирмон гузашт. Он бори дигар собит намуд, дар он ҷое, ки бинои дӯстӣ мустаҳкам аст, пешравӣ ҳаст, илму адаб рушд мекунад. Соҳибҷашнҳо Истад Қосимзодаи 90-сола, Чоршанбеи Деҳнавӣ ва Исмат Ҳалим, ки дар остонаи 80-солагӣ қарор доранд, барои ин қадрдониву қадршиносӣ хурсандиву қаноатмандии худро иброз доштанд.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: