ДИЛОБАР – ОМӮЗГОРИ БЕҲТАРИНИ ҲУҚУҚ

Дар шаҳри Тошканд озмуни ҷумҳурии «Омӯзгори беҳтарини ҳуқуқ», ки аз ҷониби Вазорати адлия ва Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ташкил ёфта буд, ҷамъбаст шуд.

Дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ беш аз 10 ҳазор нафар муаллимони фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» барои пирӯзӣ талош варзиданд. Дар басти ҷумҳурӣ ҳамагӣ 42 нафар педагог аз тамоми кишвар иштирок намуда, омӯзгори мактаби миёнаи рақами 28-уми ноҳияи Ҷомбой Дилобар Одилова ғолибиятро ба даст дароварда, бо дипломи дараҷаи якум ва 30 миллион сӯм мукофотпулӣ сарфароз гардид. Дар шоҳсуфаи дуюм ва савум бошад, вакилони вилоятҳои Бухоро ва Қароқалпоқистон ҷойгир шуда, онҳо низ соҳиби 20 ва 10 миллион сӯм мукофотпулӣ шуданд.

Зоҳир Ҳасанзода.

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: