Дӯстони ҷонӣ дар роҳҳои пурпечу тоби зиндагӣ ҳамеша бо мо ҳастанд. Вале пайдо кардани дӯсти ҷонӣ мушкил.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
(Саъдӣ)
Бале, дӯст шахси ҳамдаму ҳамрози мо, рафиқи бовафову босадоқат аст. Завқи зиндагониро дар ҷаҳон бе дӯст эҳсос карда намешавад. Дӯстони ҷонӣ дар роҳҳои пурпечу тоби зиндагӣ ҳамеша бо мо ҳастанд. Вале пайдо кардани дӯсти ҷонӣ мушкил. Мегӯянд, ки дӯстро дар сахтӣ ва мусибат мешиносанд. Аз ин рӯ бояд мо дар интихоби дӯст ҳушёру зирак бошем. Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома», бобати интихоби дӯст гуфтааст:
«...Искандарро пурсиданд, ки ин чандин мулк ба чӣ хислат ба даст овардӣ?
Гуфт:
– Ба даст овардани душманон ба талаттуф (ба меҳрубонӣ) ва ҷамъ кардани дӯстон ба тааҳҳуд (ба ӯҳдадорӣ, масъулиятшиносӣ).
Бипарҳез аз дӯсте, ки мар дӯсти туро душман дорад. Ва дӯсте, ки бе баҳонаеву бе ҳуҷҷате ба гила шавад, дигар ба дӯстии ӯ тамаъ мадор. Ва андар ҷаҳон беайб кас машинос, аммо ту ҳунарманд бош, ки ҳунарманд беайб бувад. Ва дӯсти беҳунар мадор, ки аз дӯсти беҳунар фалоҳ (некуҳолӣ, некӣ) наёяд. Ва дӯстони қадаҳро аз ҷумлаи дӯстон машумор, ки эшон дӯсти қадаҳ бошанд, на дӯст. Ва бинигар миёни дӯстони неку бад ва бо ҳар ду гурӯҳ дӯстӣ кун. Бо некон ба дил дӯстӣ куну бо бадон ба забон, то дӯстии ҳар ду гурӯҳ туро ҳосил бувад, ки на ҳама ҳоҷате ба некон афтад. Вақте бошад, ки ба дӯстии бадон низ ҳоҷат афтад. Ва агарчи раҳ бурдани ту наздики бадон ба наздики некон туро костӣ физояд, чунон ки раҳ бурдани ту ба некон наздик бадон обрӯй афзояд ва ту тариқи некон нигаҳ дор, ки худ дӯстии ҳар ду қавм туро ҳосил ояд. Аммо бо бехирадон ҳаргиз дӯстӣ макун, ки дӯсти бехирад бо дӯст аз бадӣ он кунад, ки сад душмани одил накунанд ба душманӣ. Ва дӯстӣ бо мардуми ҳунариву некаҳд кун, то ту низ бад-он ҳунарҳо маъруф ва ситуда бошӣ, ки он дӯстони ту бад-он маъруфу сутуда бошанд...»
Дӯстон се навъ мешаванд: забонӣ, нонӣ ва ҷонӣ.
Дӯстони забонӣ забони навозиш мекунанду бас. Дӯстони нонӣ бисёр мешаванд, вале барои сарват дӯст мешаванд, вақте аз дасти ту сарват меравад, албатта, ин дӯстон ҳам мераванд. Дӯстони ҷонӣ ҳамеша содиқ мемонанд. Дар урфият мегӯянд, ки «Дӯстон оинаи якдигаранд». Аз ин рӯ, айби дӯстамонро мо бояд ба рӯяшон бигӯем ва барои ислоҳашон бикӯшем. Бо дӯстон бояд ҳамеша ҳалиму меҳрубон бошем. Вале аз дӯсте, ки бо душмани шумо дӯст аст, парҳез кардан дуруст мебошад. Дар ин бобат Абуалӣ ибни Сино фармудааст:
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Аз ин навиштаҳо хулоса он аст, бояд ба дӯсте дил баст, ки дар ҳамаи ғаму хурсандии мо шарик аст аз бурди мо шод мешаваду аз ғаму ғуссаамон ғамгин. Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд:
Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадоӣ, бар хусравӣ гузидан.
Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ, мушкил тавон буридан.
Матёқуби Орзибек,
донишҷӯйи соли дувуми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро.