МУҲОФИЗИ ТАБИАТ БОШЕМ!

Ҳар субҳ чун аз хоб бедор мешавам, аз тиреза ба берун нигоҳ мекунам. Хеле хушҳол мегардам, ки чӣ гуна табиати зебо, обу ҳавои софу беғубор дорем. Бояд ҳар лаҳза ба қадри ин неъмати Офаридгор бирасем.

Вақте бо аҳли хонавода нишаста будам, дар телевизион оиди ифлосгардии табиат ва дигар мушкилоти экологӣ барномае пахш гардид ва эҳсос кардам, ки дар натиҷаи бепарвоиву беэътибории одамон табиат зарар мебинад ва таъсири он ба атрофиён низ мерасад. Дар ҳамон барнома гуфта мешавад, ки бинобар таъсири чунин мушкилот одамон ҷойи зисти худро иваз мекунанд...

Мутаассифона, чунин барномаҳоро бисёр мебинем, дар рӯзномаву шабакаҳои иҷтимоӣ оиди ин масъала гузоришҳои зиёдеро мехонему дар амал бефарқ ҳастем. Воқеан, ба ифлосгардии табиат худи одамон сабабгори асосианд.

Баъзеҳо мегӯянд, ки бо як рафтори ман экология вайрон намешавад. Ана, ин фоҷиа аст. Бояд дарк кунем, ки тозагии табиат, ҳавои соф, озодагии муҳити зистамон ба мо чӣ қадар фоидабахшу зарур аст.

Биёед, барои саломатии худамон, падару модарамон ва ояндаи фарзандонамон бефарқ набошем. Муҳофизони табиату муҳити зисти худ бошем.

Суннат Раҳмонқулов,

донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: