Дар ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё ҷамъ 41 мактаби таълими умумӣ фаъолият дорад ва дар онҳо 13808 нафар донишомӯзон бо се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ таҳсил мегиранд. Дар мактабҳои ҳамагонии рақамҳои 2, 9, 10, 25 ва 34-ум таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ва танҳо дар мактаби таълими умумии рақами 19-ум таълим комилан бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст. Дар 65 синфи тоҷикии ин мактабҳо ҷамъ 735 нафар хонандагон таҳсил мегиранд.
Чанде пеш таҳририяти рӯзнома бо мақсади муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами ноҳия, ки синфҳои тоҷикӣ доранд, дар саҳифаи телеграмии «Овози тоҷик» пурсишнома гузаронд. Бино ба натиҷаҳои ниҳоии назарсанҷӣ мактаби таълими умумии рақами 10-ум пирӯз гардид ва мо тибқи супориши таҳририят дар бораи дирӯз, имрӯз ва нақшаҳои ояндаи мактаб, комёбиҳо ва мушкилоти ҷамоаи омӯзгорону донишомӯзон матолиб омода кардем.
Назаре ба таърихи мактаб
Мактаби таълими умумии рақами 10, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Синтоби ноҳияи Сайҳунобод, соли 1941 ҳамчун мактаби ҳафтсолаи рақами 5-ум ба номи Шверник таъсис ёфтааст. Азбаски дар он солҳо соҳибони маълумоти олӣ хеле кам буданд, аз байни мардуми маҳаллӣ инсонҳои боақлу хирадро ба омӯзгорӣ ҷалб мекунанд. Дар он солҳои мушкили ҷанг ин маскани таълимӣ дар байни чанд деҳаи гирду атроф ягона боргоҳи таълимӣ маҳсуб меёфт. Фарзандони деҳаҳои ҳамсоя ва ҳатто минтақаҳои наздисарҳадии Қазоқистон низ маҳз дар ҳамин боргоҳи таълимӣ савод баровардаанд.
Соли 1957 мактаб даҳсола мешавад ва ҳамчун мактаби ҳамагонии рақами 44-уми ба номи Абулқосим Фирдавсӣ фаъолиятро идома медиҳад.
Аз соли 1971 ин ҷониб мактаб таҳти рақами 10 кор мебарад ва то имрӯз ин боргоҳи куҳани таълимиро намояндагони барҷастаи илму фарҳанг, арбобони давлативу ҷамъиятӣ, шоиру олиму донишмандони номдор хатм кардаанд, ки на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Тоҷикистону Қазоқистон низ бо меҳнати шоистаи худ ба комёбиҳо мушарраф шудаанд. Дар ин радиф метавон номи математик Ширин Ҳоҷиев (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), Умурзоқ Ӯлҷабоев (Донишгоҳи давлатии Гулистон), Ғоиб Шарифов (собиқ корманди дастгоҳи Президент) ва дигаронро ба забон овард.
Агар ба таърих, комёбиҳои омӯзгор ва дастпарварони мактаб назар андозем, аён мегардад, ки он аз оғоз пойгоҳи асосии мактабҳои тоҷикии вилояти Сирдарё будааст ва ин рисолати худро то ҳанӯз идома медиҳад. Дар ин даргоҳи муборак тӯли солҳо Турсунмурод Йӯлдошев, Ғанибек Ҳакимов, Қазоқ Шоев, Қурбон ва Тӯхтамиш Султоновҳо сарварӣ карда, омӯзгорони ботаҷриба Мирзо Мардонов, Мирзо Ҳакимов, Давлат Тӯхтаев, Саттор Раҳимов, Ҷабборбой Каримов, Султон Дӯстов, Бозор Зуҳуров, Шариф Азизов, Деҳқон Валиев, Султон Набиев, Қориа Шарифова, Ҳайитгулой Узоқова, Ҳалима Азизова, Малика Нурова ва дигарон дар роҳи соҳибхираду заковатманд намудани фарзандони маҳал саҳми арзанда гузоштаанд.
55 дарсади донишомӯзон донишҷӯ шуданд
Ҳоло дар мактаб 384 нафар донишомӯз бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таҳсил мегиранд. Дар ёздаҳ синфи тоҷикӣ ҷамъ 105 нафар хонанда мехонад. Ба хонандагони мактаб 50 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд, ки аз онҳо 4 нафар тоифаи олӣ, 13 нафар тоифаи якум ва 15 нафар тоифаи дувумро доранд.
– Шоир барҳақ мегӯяд, ки «Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ», – иброз дошт директор Абдунабӣ Набиев. – Воқеан, дар камолоти ҳар як инсон, нақши омӯзгорон бузург аст. Онҳо шабеҳи Офтоб бо нури хиради худ дили шогирдонро мунаввар месозанд, чун шоҳдарахте зери шохҳои бузурги хеш навниҳолакони боғи донишро ҳифз мекунанд, монанди дарё дили донишомӯзони ташнаи илму донишро бо илму хирад шодоб менамоянд. Омӯзгорони мактаби мо низ пайваста барои соҳибилму бохирад кардани насли наврас ҳаракат мекунанд. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ Ҷамила Шерова, Муборак Набиева, Зулола Турсунова, Таҳмина Зайниддинова, Меҳрубону Бозороваҳо аз муаллимҳои пешқадаманд, ки асрори соҳаро хуб аз бар кардаанд ва солҳои ин ҷониб ба хурдтаракон навиштану хонданро меомӯзанд.
Мавсуф зикр кард, ки Малоҳат Ӯрунбоева, Гулсанам Норова, Гулчеҳра Ҳакимова, Шамсиддин Шеров, Дилдора Завқиева аз муаллимони фаъоли мактаб мебошанд. Инчунин, омӯзгорони ҷавон Дилшода Қӯлдошева, Ҳайдар Шодиев, Деҳқонбой Деҳқонов, Иззатой Зайниддинова, Дилдора Холибоева, Шаҳноза Набиева пайваста ҷиҳати такмили маҳорати педагогии худ талош мекунанд ва маъмурияти мактаб низ аз онҳо умеди калон доранд.
Бино ба таъкиди директори мактаб дар боргоҳи таълимӣ анъанаи «Устод ва шогирд» хуб ба роҳ монда шудааст. Муаллимони куҳансолу собиқадор Шарбатой Зиёева, Бобо Тӯхтамишов, Йӯлдошбой Ҳасанов, Йӯлдошбой Узоқов, Ҷӯрабек Султонов ва дигарон ҳамеша ба мактаб омада, бо омӯзгорон дар мулоқот мешаванд ва ба муаллимони ҷавон маслиҳатҳои муфид дода, онҳоро роҳнамоӣ мекунанд. Дар ҳалли мушкилоти мактаб дасти ёрӣ дароз менамоянд.
– Соли гузашта 40 нафар донишомӯз мактабро хатм карда, аз онҳо 22 нафар, яъне 55 дарсадашон ба муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистону Тоҷикистон дохил шуданд. Имсол 29 нафар мактабро хатм мекунанд. Умед дорем, ки аз инҳо 60 дарсадашон донишҷӯ мешаванд. Ин мақсади асосии омӯзгорони мактаби мо мебошад, – зикр намуд сарвари таълимгоҳ.
Комёбиҳо зиёданд...
Натиҷаи меҳнат ва ҳаракати омӯзгору донишомӯзон аст, ки дар ҷодаҳои гуногун ба комёбиҳо мушарраф мегарданд. Чанде аз муаллиму мураббиён соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ ва миллӣ мебошанд. Аз ҷумла, муаллими фанни забони русӣ Нодира Деҳқонова ва омӯзгори фанни информатика ва технологияи ахбор Ҳайдар Шодиев соҳиби сертификати байналмилалӣ ҳастанд ва ҳармоҳа ба ғайр аз маош, боз 50 дарсад изофапулӣ мегиранд. Муаллими фанни физика Деҳқонбой Деҳқонов низ сертификати миллӣ ба даст оварда, 20 дарсад изофапулии ҳармоҳа мегирад. Инчунин, Дилдора Завқиева – муаллими фанни забони англисӣ соҳиби сертификати дараҷаи В2 аст.
Шогирдони мактаб низ пайваста барои такмили дониш мекӯшанд ва аллакай чанде аз онҳо аз фанҳои гуногун сертификатҳои миллиро ба даст овардаанд. Масалан, се нафар донишомӯзи синфи ёздаҳуми мактаб Диёра Эсанова (аз фанҳои забони англисӣ ва забони ӯзбекӣ), Мадинабону Шодиева (аз фанни биология) ва Зулхумор Ҳамроева (аз фанни таърих) соҳиби дараҷаҳои гуногуни сертификати миллӣ гардида, барои имтиҳоноти қабул ба муассисаҳои таълими олӣ аллакай холҳои муайянро ҷамъ овардаанд. Донишомӯзи синфи даҳум Дилнора Нормуродова низ аз фанни забони англисӣ соҳиби сертификати миллӣ гардидааст.
Инчунин, хонандаи синфи ёздаҳум Нилуфар Раҳмонова дар зинаи вилоятии олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи дувум, донишомӯзи синфи нӯҳ Зӯҳро Пӯлодова аз ҳамин фан ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Донишомӯзи синфи нуҳум Сабоҳат Давлатова аз забони ӯзбекӣ, хонандаи синфи ёздаҳ Сафия Мирзоева аз кимиё дар зинаи ноҳиявии олимпиада ҷойи дувумро соҳиб шуданд, ки ин низ аз эътирофи муваффақиятҳои шоёни шогирдони мактаб ба шумор меравад.
– Мактаби мо намунае аз дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад, – иброз дошт омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаб Шамсиддин Шеров. – Чунки дар мактаби мо таълим бо ду забон роҳандозӣ шуда, намояндагони ду миллат якҷоя таълиму тарбия мегиранд. Ҳар сол теъдоди зиёди шогирдонамон донишҷӯи муассисаҳои таълими олӣ мегарданд, дар озмуну мусобиқаҳо фаъол иштирок мекунанд. Чанде пеш дастпарвари мактаб Занҷирой Абдусаломова, ки ҳоло дар факултети журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон мехонад, тибқи Фармони Президент бо Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия мукофотонида шуд. Инчунин, донишомӯзи синфи дувуми мактаби мо Ҷонибек Шодимуродов дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ аз рӯйи намуди дзюдо бомуваффақият иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст овард ва соҳиби диплому медалҳо гардид, ки ин низ боиси ифтихор мебошад.
Мактаб чӣ мушкил дорад?
Мавҷудияти мушкилот ва камбудиҳо дар раванди таҳсил боиси халалдор гардидани сифати таълиму тарбия мешавад. Бинобар ин, дар раванди ошноӣ бо фаъолияти мактаб, комёбиҳои омӯзгорон ва донишомӯзон, ба мушкилоте низ таваҷҷуҳ кардем, ки боиси нигаронии ҷамоаи маскани таълимӣ шудаанд.
– Бойгонии китобхонаи мо бой аст, – иброз дошт директор Абдунабӣ Набиев. – Лекин адабиёти давраи нав надорем. Росташро мегӯям, аз ин 10-15 сол муқаддам бо талаби роҳбарият ин китобҳои замони шӯравиро дар як гӯша гузошта будем ва чанде пеш, бинобар кам будани асарҳои тозанашри бадеӣ, дубора ба ҷевони китобхона баргардондем. Бо вуҷуди ин, мактаб ба китобҳои наву тозанашри бадеӣ бо забони тоҷикӣ эҳтиёҷ дорад. Илова бар ин, дар мактаб теъдоди синфхонаҳо кам аст. Донишомӯзон дар ду баст, бо коэффитсиенти 1,2 фоиз таҳсил мегиранд. Барои гузаронидани маҳфилҳои иловагӣ хонаҳои холӣ надорем.
Директори мактаб дар мавриди дертар дастрас шудани аксар китобҳои дарсӣ барои синфҳои тоҷикӣ ва сифати тарҷумаи онҳо низ изҳори нигаронӣ намуд. Таъкид кард, ки тарҷумаи китобҳои дарсӣ хеле дурушт аст. Ҷумлаҳо норавшананд. Гоҳо калимаҳое пеш меоянд, ки ҳатто муаллимон маънои онро намедонанд ва ин боиси эътирози барҳақи устодону волидон мегардад.
Мушкили дигар, ки ҷамоаи мактаб ба миён гузоштанд, дастрас набудани баъзе технологияи муосир буд. Бино ба маълумоти масъулон, дар мактаб ягон дона тахтаи электронӣ вуҷуд надорад. Соли гузашта 16 маҷмӯи компутери наву замонавӣ тақдим карда шуд, аммо дар таҷҳизоти онҳо низ баъзе камбудиҳо вуҷуд дорад. Сатҳи таҷҳизонидани хонаҳои фаннӣ низ ба таври бояду шояд нест. Дар онҳо аксар асбобу анҷомҳое, ки дар асоси фармоиши Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ аз 5-уми сентябри соли 2017 «Дар бораи тасдиқи меъёрҳои таҷҳизоти зарурӣ барои муассисаҳои таълими умумӣ» муайян гардидаанд, ба чашм намерасанд.
Дар раванди суҳбат роҷеъ ба мушкилоти мактаб Абдунабӣ Набиев таъкид кард, ки мардуми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Синтоб» сад дарсад тоҷиканд.
– Мардуми мо дар хона, кӯча бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд, – афзуд ӯ. – Лекин баъзеҳо нисбат ба забони модарии худ беэътибор шудаанд. Ҳоло дар маҳалла мактабҳои 34 ва 10 амал мекунанд, ки асоси ҳар ду забони тоҷикӣ аст ва таълим дар ин масканҳои таълимӣ бо ду забон ҷараён дорад. Барои донишомӯзон, новобаста аз забони таълим имкониятҳои баробар фароҳам гардидааст. Лекин ҳар сол мо ҷиҳати ҷамъ овардани донишомӯзон ба синфҳои тоҷикӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ меоем. Тавре «ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам», гуфтаанд, аксар ҳаммиллатони худамон намехоҳанд, ки фарзандонашон бо забони модарии худ таҳсил гиранд. Дар ҳоле, ки теъдоди зиёди дастпарварони синфҳои тоҷикии мо ба комёбиҳо мушарраф мегарданд, дар мусобиқоту олимпиадаҳо пирӯз мешаванд, ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шуда, таҳсилро дар донишкадаву донишгоҳҳои бонуфуз идома медиҳанд. Аз ин рӯ, аз волидон хоҳиш мекардем, ки нисбат ба забони модарии худ беэътибор набошанд. Барои дар забони модарии худ, бидуни мушкилӣ таълим гирифтани онҳо имконият фароҳам оваранд.
Сарвари мактаб дар анҷом таъкид кард, ки дар ҳудуди маҳалла як ташкилоти таълими томактабии давлатӣ ва ду кӯдакистони хусусӣ фаъолият дорад. Раванди таълиму тарбия дар онҳо низ бо забони ӯзбекӣ роҳандозӣ шудааст.
Чанд сухан дар бораи маҲаллаи «Синтоб»
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Синтоб» яке аз маҳаллаҳои сернуфуси ноҳия ба шумор меравад. Ҳоло дар 1115 хонадон 5132 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Дар маҳалла се мактаби таълими умумӣ, як кӯдакистони давлатӣ, ду боғчаи хусусӣ, як бунгоҳи шифокории оилавӣ, 15 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дорад. Аҳолии маҳалла асосан бо кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд.
– Мардуми моро солҳои 40-уми асри гузашта тибқи фармони ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ аз деҳаи зебоманзари Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ба ин ҷо кӯчонидаанд, – гуфт омӯзгори собиқадор Тӯхтамиш Султонов. – Бино ба маълумоти бобову падарон, вақте онҳо ба ин ҷо меоянд, ин макон қамишзор будааст. Ҳангоми кор дар замин, хонаҳои мор пеш омада, ҳатто гоҳо саҳар аз хоб хезанд, дар сари гаҳвораи кӯдаконашон мор медидаанд. Ва маҳз бо мақсади ободу сарсабз кардани саҳроҳои Мирзочӯл, аз худ кардани заминҳои бекорхобида мардумро ин ҷо кӯчондаанд. Роҳбарони вақти ҳукумат ба мардум иҷозат ва имкон медиҳанд, ки ҳар қадар мехоҳанд замин аз худ намуда, онро сарсабзу обод созанд. Дар аввал дар ин ҷо ҳатто барои истиқомат хонаҳо вуҷуд надоштаанд. Мардум аз қамиш барои худ каппаву чайла сохта, муваққатан истиқомат ва барои худ шароит фароҳам кардаанд. Вақте мардумро ба ин ҷо меоранд, онҳоро ба се деҳа – Ҳисорак (Фаровон), Ғалаба (Дӯстлик) ва қисми зиёдро ба ҳамин собиқ колхози ба номи Максим Горкий, ки ҳоло ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Синтоб» унвон дорад, тақсим мекунанд.
Бояд гуфт, ки ин кор ба осонӣ муяссар нашудааст. Вақте мардумро кӯчонидан мехоҳанд, аксари онҳо норозӣ мешаванд. Чунки онҳо ба шароити кӯҳистон одат карда буданд. Инчунин, ғайр аз чорводорӣ, асрори дигар кору соҳаро хуб намедонистанд. Маҳз ба туфайли корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботии як гурӯҳ равшанфикрон, аз ҷумла, раис Шариф Раҳимов мардум барои кӯчидан розӣ мешаванд. Баъди кӯчидан низ, баъзе оилаҳо ба шароиту муҳити нав одат карда наметавонанд ва дубора ба зодгоҳи падару бобо бармегарданд ё ба дигар шаҳру ноҳия мекӯчанд.
Бояд гуфт, ки ҳоло маҳаллаи «Синтоб» бар ивази меҳнати фидокорона, заҳмати шабонарӯзии мардуми босабру меҳнатдӯст ба як гӯшаи сарсабзу обод, хурраму хушбодуҳавои мамлакат табдил ёфтааст.
Чаро дар кӯдакистон гурӯҳҳои тоҷикӣ нестанд?
Вақте мо бо чунин савол ба мудири ташкилоти таълими томактабии рақами 13-уми маҳалла Дилафрӯз Қурбонова рӯ овардем, чунин посух гирифтем:
– Дар соли аввали фаъолият дар асоси пешниҳоди мардуми маҳаллӣ гурӯҳи тоҷикӣ кушодем. Ба ин гурӯҳ ҳамагӣ шаш нафаракро ҷалб карда тавонистем. Бо вуҷуди ин, як тарбиядиҳандаро барои таълиму тарбияи онҳо масъул намудем. Баъд як-як мушкилӣ ба миён омад. Якум, нақшаи корӣ танҳо бо забони ӯзбекӣ дастрас шуд. Моро зарур омад, ки онро тарҷума кунем. Ин раванд хеле мушкил шуд. Тарбиядиҳандаи мо бо кӯмаки омӯзгорони мактаби рақами 34, ки дар шафати кӯдакистон ҷойгир аст, бо сад азоб онро тарҷума кард. Баъд масъалаи маводи дидактикӣ ба миён омад. Чунин маводро низ танҳо бо забонҳои ӯзбекиву русӣ дастрас намудан мумкин буд. Бо гузашти вақт, волидоне, ки фарзандони худро ба гурӯҳи тоҷикӣ гузошта буданд, ба сари мо омаданд, то фарзандонашонро ба гурӯҳҳои дигар гузаронем ва онҳо забон омӯзанд. Ҳамин тариқ, фаъолияти гурӯҳи тоҷикӣ қатъ гардид. Агар падару модарон хоҳиш дошта бошанд ва аз мо ташкили гурӯҳи тоҷикиро дархост кунанд, мо ҳамеша омода ҳастем. Чунки барои ин ҳам имконият, ҳам шароит ва ҳам кадрҳои заруриро дорем.
Ёдовар мекунем, ки ташкилоти таълими томактабии рақами 13 ду сол пеш ба истифода супорида шудааст. Бино дорои шароити хубу замонавӣ, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани 150 нафар кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар шаш гурӯҳи асосӣ ва 2 гурӯҳи маҷбурии кӯдакистон беш аз 150 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегиранд. 15 нафар кормандони кӯдакистон, аз ҷумла 3 нафар тарбиядиҳандагон соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд.
Матолиби саҳифаро хабарнигорони “Овози тоҷик” Фаридуни Фарҳодзод ва Далери Шуҳратзод ба чоп омода карданд.