17 май Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқот, ки тавассути телефон сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро бо рӯзи таваллудаш самимона табрик карда, дар фаъолияти масъулиятноки давлатдорӣ дар роҳи некӯаҳволӣ ва шукуфоии халқи бародари Қазоқистон комёбиҳои бузург таманно кард.
Масъалаҳои мубрами рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои накӯҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон муҳокима гардиданд.
Нақшаҳои вохӯриҳои ояндаи дуҷониба ва чорабиниҳои бисёрҷониба баррасӣ шуданд.
Ба идомаи корҳо ҷиҳати ташаккули рӯзномаи нави ҳамкориҳои амалии дуҷониба, ки самтҳои афзалиятнок, аз қабили тиҷорат, ҳамкориҳои саноатӣ, таъминоти самараноки логистика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва табодули фарҳангиро дар бар мегиранд, диққати махсус дода шуд.