Субҳ медамид. Ҳамон субҳе, ки саршори сафову некист. Хушбахтона, зулмат мағлуб гардида, ҷои худро ба некӣ медод. Муҳаррамро одате буд, ки баробари дамидани субҳи нав бо мутолиаи китоб шуғл меварзид.
Сипас, нонушта намуда, ба гулҳои садбаргу райҳон, ки ба рӯяш шабнам пайдо гашта буд, як-як об дода, бо меҳрубонӣ парвариш менамуд. Ӯ ба гулҳои тару тоза бодиққат менигаристу аз дил мегузаронд, ки чаро гулҳоро маҳз инсоният беш аз пеш дӯст медорад. Боз дар дил мегуфт, ки аз гул бояду шояд ҳикмати зиндагӣ омӯхт, то азизи ҳар хонаводаи инсон бошад. Сипас, ӯ либосҳои мактабиро ба бар намуда, аз падару модари азизаш дуои нек гирифта, дохили мактаб гардид. Он рӯз дарс бо баҳсу мунозираи саршор аз илм байни шогирдон гузашт. Ҳамон дарси пуршавқ, ки аз ҷониби устод Мурод Маъдиев ба сатҳи баланд гузаронида шуд, ҳатто ақлу дили шогирдони танбалро ҳам аз хоби гарон бедор сохту ба фикру мулоҳиза водор намуд. Хосатан саволҳое, ки аз сӯи шогирди зиндадил Муҳаррам Муродова ба аҳли синф пешкаш мегашт, булбулакони боғи донишро ба олами рангини тафаккур беихтиёр мебурду ба дарёи пурталотуми хаёл ғӯтавар менамуд. Устод Мурод Маъдиев гоҳо аз шоҳбайтҳои бузургонамон сари вақт ва бамаврид замзама менамуд:
Суханро ба мизони дониш бисанҷ,
Ки гуфтори беилм бод асту ранҷ.
Оре, сухани беилм бемағз асту аз ҳақиқати зиндагӣ дури дур. Аз ин рӯ, суханро ба тарозуи дониш баркашида гуфтан ва бо лутфу фасоҳат дур суфтанро устод ба шогирдон меомӯзонд. Ҳарчанд дарси кимиё бошад ҳам, устод Маъдиев дар мавриди нозукиҳои сухан низ мегуфт. Қалби пурмеҳри Муҳаррам, ки ин қадар меҳрубониро дарк менамуд, наметавонист нисбат ба илми адаб бетараф бошад. Аз ин хотир то дили шаб пайваста китоб мутолиа мекард ва пас аз дарсҳо бо устоди худ дар мулоқот мешуд.
Ин шаммае аз овони мактабхонии Муҳаррам буд, ки чӣ гуна ба роҳи илму маърифат рафта, сабақи зиндагӣ омӯхтааст. Ҳар лаҳзаи ҳаёташ барои насли наврас намунаи ибрат аст. То аз дасташ ҳар чизе ва ё амале меояд, баҳри боло бурдани сатҳи донишу маърифати насли ҷавон ба сомон мерасонад. Муҳим он аст, ки моҳирона, устодона ва ҳалолкорона ба маромаш мерасонад. Агар ба сурату сирати ин зани далеру шуҷоатманд назар афканем, тафовутро намебинем. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз гӯем, Эй ман ғуломи он, ки дилаш бо забон якест.
Ба назари мо ҷойгоҳи Муҳаррам Муродова дар ҷодаи таълиму тарбия дар он аст, ки ӯ пеш аз ҳама фидоиву ҷоннисори илму маърифат аст. Натиҷаи ҳамин ҷоннисориҳост, ки мактабе, ки ӯ то имрӯз сарварӣ мекунад, аз соли 2019 то ҳол мунтазам дар рейтинги ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохилшавии хатмкунандагон дар миқёси ноҳияи Самарқанд дар ҷои аввал қарор дорад.
Мурғи хотираҳо маро ба олами корномаҳои таърихӣ мебарад. Моҳи январ. Ҳавои сарди зимистон ҳукмфармо буд. Дар берун гоҳ барфи реза-резаву гоҳе барфи лаклакӣ меборид. Оби ҷӯйбору дарёҳо ях баста буд. Озмуни фанҳо дар мактаби рақами 10-уми ноҳия бо маром давом дошт. Устод Муҳаррам Муродова тӯл кашидани озмуни суханшиносиро фоли нек донист ва бо вуҷуди сардии ҳаво, вале бо дили гарму пурумед то поси шаб ба натиҷаи озмун мунтазир мешуд. Хуб медонист, ки шогирдони мактаб ҳатман ғолиби озмун хоҳанд шуд. Ниҳоят, аз ҷониби ҳайати доварон натиҷаи озмун эълон гардид. Шогирдон Амирҷон Раҳмонқулов ва Нодирабону Тоҳирова ғолиби озмун, Дилнозамоҳ Ансорова бошад, сазовори ҷойи дувум шуд. Ростӣ, агар муваффақиятҳои шогирдони дабистонро рӯи коғаз оварем, ҳатто варақи оддӣ ба забон даромада мегӯяд, ки «меарзад, месазад!» Табиист, ки ин дастовардҳо худ ба даст наомадаанду дар замири ҳар кадоме аз онон заҳматҳои зиёди устодон ниҳон аст. Ба қавле, ба ҳар пирӯзӣ дилҳо об шудаву ҷигарҳо хун гашта. Дар солҳои гуногун ташнагони дарёи илму дониши мактаби мазкур аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар миқёси ноҳияву вилояту ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои фахрӣ гаштаанд. Аз ҷумла, шогирдон Нодирҷон Қаюмов, Райҳона Усмонова, Амирҷон Раҳмонқулов, Ризқия Аҳмадова, Нодира Тоҳирова, Дилафрӯз Муродқулова дар озмуни мазкур дар ноҳияву вилоят ғолиби мутлақ, Дилноза Ансорова дар ноҳия ҷои дувум ва дар вилоят ҷои савумро ба даст овард. Гуфтан бамаврид аст, ки дар соли хониши 2024-2025 хонандаи синфи ёздаҳуми мактаб Иззатулло Неъматов дар озмуни мазкур бо муваффақият иштирок намуда, ному шарафи мактабро дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамчун мактаби фаъол муаррифӣ кард. Ӯ дар зинаи ноҳиявию вилоятӣ ҷои аввал ва дар зинаи ниҳоӣ ҷойи савумро сазовор гардид.
Ҳар боре, ки устод Муҳаррам Муродова бо шогирди асилу бомаънавияташ, доктори фанҳои фалсафа, устоди Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландия Нодирҷон Қаюмов рӯ ба рӯ меояд, сарбаланду шодком мегардад ва аз натиҷаҳои заҳматҳояш меболад.
Соли 2023 дар ҷашнвораи рақси ҷавонон дастаи рақсии «Парвоз»-и мактаб маҳорати баланд нишон дода, дар зинаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷойи аввал ва дар зинаи ниҳоӣ бошад, ҷойи чорумро сазовор гардид. Дар соли хониши 2023-2024 таҳти роҳбарии муаллими бомаҳорату фидоӣ Дилноза Саломова дар зинаи ҳудудии озмуни ҷумҳуриявии театри Тӯрон ҷамоаи «Мароқанд»-и мактаб сарбаландона ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардид. Ин гуна дастовардҳои таърихӣ аз назари неки роҳбарияти шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Самарқанд дур намонд ва барои эътирофи хизматҳои бисёрсолаи арзандааш устод Муҳаррам Муродоваро соли 2021 ба нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» қадрдонӣ намуд.
Зиндагиномаи ин роҳбари чашмикордон хеле оддист. Ӯ зодаи деҳаи хушманзари Қозиқӯрғони ноҳияи Самарқанд буда, дар оилаи Давронбобои деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Муҳаррами ҷавон баъди хатми мактаби зодгоҳ, таҳсили илмро дар омӯзишгоҳи касбиву ҳунарии рақами 31-уми ноҳияи Самарқанд давом дода, онро бо баҳои аъло хатм намудааст. Сипас, соли 1985 ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи шабонаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Самарқанд супорида, аз имтиҳонот бо сарбаландӣ гузашта, ба номи пуршарафи донишҷӯ мушарраф гардидааст. Аз устодони ин даргоҳи бонуфузи таълим нозукиҳои илми суханшиносиро омӯхт. Ӯ фаъолияти кории худро соли 1987 дар мактаби миёнаи рақами 40-уми ноҳия ҳамчун сардори наврасон оғоз намудааст. Корро дар ин самт ба дараҷае расонида буд, ки соли 1990 шогирди соҳибистеъдодаш Шаҳнозабону барои дар байни синфҳои мактаб ғолиби сардори отрядҳо гардидан ба оромгоҳи фароғативу фарҳангии «Артек» раҳсипор гардид. Аз соли 1992 то соли 2005 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон сабақ дод. Дар соли хониши 2005-2006 ба вазифаи мудири қисми илмии мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳия софдилона кор кард. Аз соли 2007 то ҳол вазифаи директори мактаби мазкурро бар ӯҳда дорад. Бояд гуфт, ки таҳти роҳбарии ин зани фариштахисол ва ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат Мурод Маъдиев соли 2022 бинои нави замонавии мактаб бунёд гардид, ки аз ин ҷоми шодиву фараҳи хурду калони аҳли мактабу деҳаи Қозиқӯрғон то ҳанӯз лабрез аст.
– Устодро мо – аҳли мактаб дарёи равону беохири панду ҳикмат медонем ва ҳар коре, ки дар мактаб ҳусни оғоз мебахшем, бевосита бо маслиҳату роҳнамоии ин зани матинирода ҷомаи амал мепӯшанд, – лаб ба сухан кушод ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат Шоиста Муродова. – Ӯ роҳбарест сахтгиру меҳрубон, занест ботамкину хушахлоқ, фардест хоксору самимӣ.
Устод Муҳаррам Муродова дар зиндагӣ модари хушбахти се нафар фарзанди солеҳ аст. Ба ибораи дигар гӯем, мурғи бахт ба рӯи устод хандидааст. Ӯ бо роҳбарии ҳамсари соҳибэҳтиромаш Фурқат Розиқов фарзандонро дар руҳияи худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба илму фарҳанг тарбияи хуб дода, дар чорсӯи зиндагӣ кайҳост, ки паррончак намудааст. Марҷонабону аз паи пешаи дӯстдоштаи модар рафта, муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби рақами 21-уми ноҳия мебошад, Фирдавсҷон соҳибкор, Заррухҷон устои гулдаст маҳсуб меёбад.
Дар ин рӯзҳои баҳори нозанин Муҳаррам Муродоваи азизи дилҳо аз чаманистони зиндагӣ шастумин гули муродро мечинад.
Файзуллои Маликзод,
ноҳияи Самарқанд.