Мақсади асосии сиёсати Ӯзбекистони Нав дар розӣ кардани мардум аст ва ин пеш аз ҳама, дар ислоҳоти соҳаи тиб, ки солҳои охир амалӣ мешаванд, равшан ба назар мерасад. Барои ҳифз ва таҳкими саломатии мардум, маблағ ва имкониятҳои зиёде сафарбар шудаанд.
Инро аз рақам ва маълумоти зерин низ метавон фаҳмид: дар давоми 7 соли охир маблағгузорӣ ба соҳаи тиб 6 маротиба афзуда, имсол ба 42 триллион сӯм расидааст. Системаи мукаммале таъсис ёфтааст, ки хидматҳои ибтидоии маҳаллаҳоро бо хидматҳои махсус мепайвандад. Зиёда аз 400 амалиёти технологии баланди тиббӣ, ки қаблан танҳо дар пойтахт анҷом дода мешуданд, ҳоло дар вилояту ноҳияҳо гузаронида мешаванд. Танҳо амалиёти кӯчонидани гурда рӯзе ду маротиба анҷом дода мешавад.
Дар кишвари мо ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 27 шифокор рост меояд. Ин нишондиҳанда бо ИМА, Британияи Кабир ва Финляндия баробар аст. Аммо дар Туркия ва Канада ин рақамҳо 1,5 маротиба камтаранд. Бо вуҷуди ин, мо ҷиҳати самаранокӣ ва сифати муолиҷа худситоӣ карда наметавонем.
7 май таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев оид ба баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои тиббӣ, танзими истеъмоли доруҳо ва такмили таҳсилоти тиббӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид. Сарвари давлат таъкид кард, ки дар кишвари мо оиди масъалаи шумораи кормандони тиб ва маблағгузорӣ мушкилот вуҷуд надорад, вале оид ба паст бадани самаранокӣ ва сифати хидматрасонӣ эътирозҳо зиёданд.
Тибқи маълумотҳо, бемориҳои ғайрисироятӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Ӯзбекистон зиёда аз 1 миллиард доллар зарар мерасонанд. Чоряки даъватҳои «ёрии таъҷилӣ» ба беморони дорои бемориҳои музмин рост меоянд. Дар баъзе ҷойҳо «ёрии таъҷилӣ» поликлиникаро мемонад. Дар беморхонаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ шумораи кормандон, ҷойҳо ва маблағҳо дуруст тақсим карда нашудааст. Ҷорӣ кардани низоми «Суғуртаи тиббӣ» сол ба сол ба таъхир меафтад. Рақамисозии навбат ва хидматҳо низ то ҳол пурра ба роҳ монда нашудааст. Сатҳи дониш ва сифати муолиҷаи кормандони соҳа ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест.
Дар кишвари мо ҳиссаи воридоти доруҳое, ки самаранокии онҳо исбот нашудааст, ба 42 фоиз расидааст. Пас масъалаи ба тартиб андохтани истеъмоли доруҳо ҳамоно ҳамчун як масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Дар ҳафт соли охир қабули донишҷӯён ба ихтисосҳои тиббӣ зиёд шуда, ҳамасола 25 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта мешавад. 40 фоизи онҳо дар донишгоҳҳои хусусӣ таҳсил мекунанд. Аммо дар соҳа низоми шаффофи баҳодиҳии донишу малакаҳо вуҷуд надорад.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ масъалаҳои зикршуда мавриди муҳокима қарор гирифта, бо далелҳои раднопазир аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуд. Шахсоне, ки ба беэътиноӣ роҳ додаанд, аз вазифа сабукдӯш ё огоҳонида шуданд. Сарвари давлат супориш дод, ки маблағҳои барои низоми тиб ҷудошуда дуруст истифода шаванд, рақамисозӣ ва суғурта ҷорӣ карда шавад, тартибу интизом ба роҳ монда шуда, розигии мардум таъмин гардад. Таклифҳо ва ташаббусҳои нав низ пешниҳод гардиданд.
Дар ҳақиқат, халқи донои мо беҳуда нагуфтааст: «Саломатӣ — сарвати бебаҳо». Аз рӯзи офариниш, инсон ҳамеша ба саломатии худ таваҷҷуҳ намудааст, кӯшидааст, ки бемор нашавад, солим гардад. Зеро дар дунё неъмате болотар аз саломатӣ вуҷуд надорад. Агар ин сарвати бебаҳо — саломатӣ набошад, на оромӣ ҳасту на ҳашамате лаззат медиҳад. Хушбахтии комили мо низ ба саломатии мо вобаста аст.
Аммо мутаассифона, мо масъулияти саломатии худро ба дӯш гирифта наметавонем. Барои солим зиндагӣ кардан талаботи одие ҳаст: бештар ҳаракат кардан, мунтазам машқи бадан анҷом додан, риояи меъёрҳои ғизои дуруст. Вале мо ҳар рӯз, ҳар лаҳза баръакси ин амал мекунем, гӯё саломатии мо на ба худи мо, ба дигарон зарур бошад.
Асосгузори илми тиб — бобои бузурги мо Абуалӣ ибни Сино беҳуда таъкид накарда буд: «Касе ки машқи баданро тарк мекунад, дар бештари ҳолатҳо ба нобудӣ мерасад, зеро қувваи аъзое, ки беҳаракат мемонанд, суст мешавад».
Абдулҳаким ЭШБОЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.